Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ХОНАНДАИ БОСАЛОҲИЯТ ТАРБИЯ НАМОЕМ

Асри 21- асри пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин  аст. Ҳадафи асосии гузариши илму маориф  ба роҳи иноватсионии тарақиёт-технологияи нави таълим тақозои замон аст.  Зеро имрӯз инкишофи технологияи навин ва воридшавии иноватсияҳо ба истеҳсолот  ба раванди умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, ҳамчун омили муҳимтарини рушди иқтисодиёт пазируфта шудааст.

 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ворид намудани маорифи кишвар ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ иқдомҳои нав ба навро дар омода сохтани заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва гузаштан ба он  амалӣ намуда истодааст, ки   таҳия ва тасдиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334) тасдиқи гуфтаҳои боло буда метавонад.

Муайян сохтани самти ояндаи инкишоф ва таъмини ҳар кишвар      бо кадрҳои ихтисосманд ба дӯши маориф гузошта шудааст.  Аз ин ҷост, ки дар ҷаҳони муосир ҳеҷ як кишвар аз дарёфти  роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф дар канор буда наметавонад. Боиси сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат донистаанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   таҳияи стандартҳои фаннии насли нав (муносибатҳои босалоҳият)-и синфҳои ибтидоӣ ва фанҳои забони тоҷикӣ, математика, биология, география, забонҳои русӣ, хориҷӣ ва ғайраро барои муассисаҳои таълимӣ  ба анҷом расонида, дастраси омӯзгорон намуд.

Таҳияи стандарт, модулҳои таълим, раҳнамо барои омӯзгорон, замимаҳо ба китобҳои дарсӣ дар ин самт рӯи кор омада истодаанд.

Дар шароити имрӯзаи талаботи бозори меҳнати рушдёбанда ва муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра, афзудани китобхонаҳои электронӣ, ба адабиёти тозанашр, шабакаҳои интернетӣ, радио, телевизион ва дигар расонаҳои иттилоотӣ мусаллаҳ будани хонанда ба дониши назариявӣҳаргиз кифоя набуда, таваҷҷуҳи бештар ба татбиқ  ва истифодаи он дар амал, дар зиндагӣ (ба истилоҳ  гузариш ба муносибати босалоҳият дар таълим) яке аз муҳимтарин роҳҳои иҷтимоишавии кӯдакон  ва ноил гардидани онҳо ба натиҷаҳои ниҳоӣ арзёбӣ мегардад.

  Имрӯз бояд тамоми неруи ақлонӣ, маҳорат ва садоқати омӯзгорон  ба рушди босалоҳияти  хонандагон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот равона гардад.

Дониш дар муносибати босалоҳият дар таълим ҷузъи таркибии малака маҳсуб ёфта, барои санҷиш, муқоиса бо намуна, ислоҳи ғалатҳо, пешниҳоди ҷавобҳои муътамад истифода бурда мешавад.

Муносибати босалоҳият дар таълим омӯзгоронро вазифадор менамояд,  ки бо истифода аз шаклу усулҳои замонавии таълиму тарбия хонандагонро ҳаматарафа ба зиндагӣ омода намоянд, зеро ҷомеаи  мо имрӯз  шогирдони бофазлу ҳунар, ботаҷриба ва  дорои қобилияти баланди  ҳалли проблемаҳои мураккаби ҳаётӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро аз мактабу маориф интизор аст.

Саволе ба миён меояд, ки салоҳият чист?Дар Луғати истилоҳоти Хазинаии Аврупоии таҳсилот мафҳуми салоҳият  чунин омадааст: қобилияти хуб ва самарабахши иҷро кардани кори мушаххас.(амал); мутобиқу мувофиқ будан ба талаботи вазифавӣ. (касбӣ); доро будан ба қобилияти иҷрои вазифаҳои махсуси меҳнатӣ, супоришҳои гуногунсатҳ ва ғайра.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода бурда мешаванд, ки ба робитаи қавӣ доштани ин калимаҳо далолат мекунад. 

Дар стандарти фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мафҳумҳои салоҳият ва хонандаи босалоҳият  чунин ташреҳ ёфтааст: салоҳият-маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати амалие, ки баҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд; маҷмӯи маҳоратҳое, ки шахс онҳоро тавассути маърифат ва таҷрибаи хеш ҳосил мекунад.

Хонандаи босалоҳият  хонандаест, ки маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои дар раванди таълим омӯхтаашро дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурда тавонад.

Бояд таъкид намуд, ки салоҳият таълим дода намешавад, он дар натиҷаи азхудкунии дониш ва татбиқи амалии он ташаккул меёбад.

Ф. Наҷмиддинов-мудири шуъбаи маориф.