Вс09222019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ТАРБИЯТ ЧИСТ? ХОК ЗАР КАРДАН…

Тарбият чист? Хок зар кардан,

Қатраи обро гуҳар кардан…

Мафҳуми «тарбия» дар истилоҳи нав «андрогогика» аз калимаи юнони «андрос»- мард ва «аго»- будан қабул шудааст.

Тарбият ин ҷараёни қадимӣ буда, баробари пайдоиши одамони аввалин пайдо гардидааст. Аммо ин дар ҷомеаи имрӯза яке аз соҳаҳои илми ҷавон ба шумор меравад. Агар мо дар бораи ақидаи қадимӣ будани ин ҷараён назар афканем, дар ҳақиқат ба хулосае омадан мумкин аст, ки волидон ба фарзандон, калонсолон ба хурдсолон аз таҷрибаҳои андӯхтаи хеш меомӯзондаанд. Дар ҷамъияти ибтидоӣ ба писарон тарзи дурусти рӯзгузаронӣ, шикор, моҳидорӣ, истифодаи олотҳои меҳнат ва ба духтарон тайёр намудани хӯрок ва дӯхтани сару либос ёд дода мешуд. Дар ин давра тарбия аз меҳнати басо душвор иборат буд.

Дар сохти ҷаъияти ғуломдорӣ бошад, барои фарзандони ҳоким баҳри пойдории давлатдорӣ тарзу усулҳои ҷанг; аспдавонӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ омӯзонида мешуд. Ва ба фарзандони ғулом танҳо тарбияи меҳнатӣ иҷозат буду фармонбардорӣ.

Баробари рушди ҷомеаи инсонӣ ҷараёни тарбия низ рушд меёбад. Барои он ки ҷомеа тараққӣ кунад, ба ҳар як насли инсон лозим меомад, ки таҷрибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро ба ояндагон омӯзонад. Ин таҷриба аз як насл ба насли дигар ба воситаи омӯзиш, таҷрибаи ҳаётӣ ва монанди инҳо аз ҷониби насли калонсол ба насли ҷавон мерос мемонад ва асоси тарбия ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бошад, насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия дода мешавад. Чунки наврасон ва ҷавонон метавонанд ватани хешро дӯст дошта ба хизмати халқу Ватан камари ҳимат бубанданд.

Мақсади тарбия дар навбати аввал ин ташаккули инсони комил, соҳибватан ва нангу номуси миллӣ доштааст. Мураккаб будани ҷараёни тарбия тақозо менамояд, ки ҳам омӯзгорон, ҳам падару модарон ва ҳам аҳли ҷамеа дар якҷоягӣ ва бо дастгирию ҳамфикрии якдигар ҷавонони ояндасозро тарбия намуда ба воя расонанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ ҳаминро талаб менамояд.

Хуршед НАЗАРОВ, омӯзгор.