Пт04032020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

МАХЗАНИ КАДРҲОИ КОРГАРӢ

МДТ Литсейи касбии техники ноҳия дар асоси Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 11 июли соли 1959, №285 таъсис дода шуда, давоми 60 соли фаъолияташ ин даргоҳи хунарро зиёда аз 14500 нафар мутахассисон аз рӯи зиёда аз 20 ихтисос хатм карданд. Давоми шаст сол дастпарварони ин даргоҳи ҳунар дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқи мамлакат пурсамар фаъолият менамоянд. Депутати Совети Олии кишвар, муовини раиси Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон Бибигул Каримова хатмкардаи ҳамин махзани касбу ҳунар аст.

Тайи ин муддат шахсиятҳои номдори ноҳия Сафаралӣ Боев, Ҳоҷӣ Холов, Сафаралӣ Раҷабов (рӯҳашон шод бод), Анвар Гадоев, ба ин даргоҳи ҳунар роҳбарӣ намуда, барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии таълимгоҳ саҳми босазо гузоштаанд.

Моҳи августи соли 1966 Омӯзишгоҳи касбии техникии собиқ ноҳияи Орҷоникидзеобод (имрӯза шаҳри Ваҳдат) ба ноҳияи Файзобод кӯчонида шуд. Ва аввалин роҳбарии онро шодравон Сафаралӣ Боев ба ӯҳда дошт. Беҳтарин мутахассисони ҷавону ботаҷриба барои кор ба ин даргоҳи ҳунар ҷалб гардиданд, ки барои дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибкасб саҳми намоён гузоштанд.

Давоми ин солҳо Омӯзишгоҳи касбии техникӣ ба Омӯзишгоҳи миёнаи касбии техникӣ соли 2014 бошад, ба Литсейи касбии техникӣ табдил ёфт.

Айни ҳол дар ин макони касбӣ 48 нафар омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ, ки теъдоди зиёди онҳо дорои дараҷаи баланди касбӣ, унвонҳои «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии соҳаи таҳсилоти касбӣ» мебошанд, пайи таълиму тарбияи толибилмон масъул мебошанд. Ҳамасола баҳри баланд бардоштани донишу малакаи худ омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, аз усулҳои нави таълим дониш огоҳӣ ёфтаву малакаи касбии худро баланд мебардоранд.

Имрӯзҳо литсей аз рӯи 9 ихтисос мутахассисонро омода менамояд. Дар зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ (баъди синфи 9) бо гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ихтисосхои тракторчӣ машинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, устои барқӣ оид ба хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, кафшергари газию барқӣ, системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгари муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дарачаи «С», дӯзанда, ташкили корҳои хоҷагию деҳқонӣ ва оператори фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият менамояд, таълим дода мешавад. Ғайр аз ин дар литсей 19 адад курсҳои кутоҳмуддати 1-3-моҳа амал менамоянд. Тайи солҳои охир зиёда аз 4000 нафар чавонони бекасб тариқи курсҳои кутоҳмуддат соҳибкасб шуданд.

Барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар литсей 2 бинои таълимӣ, ошхона, хобгоҳи истиқоматӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон, парки тракторию автомобилӣ, маҷмааи варзишӣ, 26 адад кабинетҳои фаннӣ, 7 адад тракторҳо, 5 адад озмоишгоҳҳо, 4 адад автомобил, 49 адад компютер, 3 адад проектор як адад доскаи электронӣ, 27 адад мошинаи дӯзандагӣ ва китобхонаи дорои 5234 адад китоб мавҷуд мебошад.

Агар соли 2014 тариқи Маркази миллии тестӣ 22 нафар хатмкунандагони литсей ба техникуму коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда бошанд, пас соли 2019 ин рақам ба 54 нафар расид. Соли таҳсили 2018-2019 аз151 нафар хатмкунандаҳо   ин махзани касбу ҳунарро   5 нафар бо дипломи сурх (инҳо Ҷолзода Марҷона, Гулзода Субҳиддин, Алиева Муборак, Олимзода Гулнора ва Марҷонаи Табарализода) хатм карданд. Ба донишкадаҳоии олии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2019-2020 4 нафар - Саидов Бахтиёр, Иcoeв Мизроб, Абдуллозода Сайёд ва Муродов Анушервон дохил шуданд.

Айни замон литсей дорои базаи моддию техникӣ ва имкониятҳои мувофиқу мусоид барои фарогирии 600 нафар толибилмон мебошад.

Имрӯз хатмкардаҳои солҳои охир дар сохтмони азими аср Неругоҳи барқи обии Роғун мутахассисони соҳибкасб гардида фаъолият менамоянд. Ва ин эстафетаро ба фарзандон ва бародарони худ тавсия намуда истодаанд.

Литсейи касбии техникии ноҳия ба таҷрибаомӯзии хонандагон диққати ҷиддӣ медиҳад. Барои давраи таҷрибаомӯзии хонандагон бо 16 корхонаю ташкилоти ноҳия ва берун аз он шартномаҳои дуҷониба ба имзо расид, ки ин барои дар давраи таҷрибаомӯзӣ баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии хонандагон мусоидат менамояд.

Маъмурияти муассисаи таълимӣ баробари дигар самтҳои фаъолият ба ҷалби шогирдон ба варзиш низ диққати махсус зоҳир менамояд. Ба ифтихори ҷашну дигар маросимҳо тез-тез миёни гуруҳҳои таълимӣ мусобикаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда мешавад. Ҳамчунин дар муассисаи мо баробари дигар намудҳои варзиш ба гӯштин таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Ҳамин аст, ки таи ду соли охир дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ хонандагони литсейи мо Латипов Фозил ва Баротзода Меҳроҷиддин дар се мусобиқа фаъолона ширкат варзида соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм шуда, бо медалу ифтихорномаҳо сазовор гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки маъмурият, ҳайати омӯзгорию муҳандисӣ дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ   ва таъсиси ихтисосу ҳунарҳое, ки барои пешрафти кишвар заруранд ҳамаҷониба кушиш менамоянд. Саҳми худро баҳри тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибкасб, ки ба бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, равона хоҳанд кард.

Ш. АБДУНАЗАРОВ, директори МДТ Литсейи касбии техникии ноҳия.