Пн09232019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАЛАБИ РӮЗ

Омӯзгорони фанҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии ноҳия аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу тавони тоза гирифта, баҳри амалишавии «Барномаи давлатии такмилии таълим ва омӯзиши забоҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Чуноне ки дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, таҳлилҳо нишон меиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нест.

Мақсади Барнома ин рушду такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид мебошад. самтҳои амалигардонии Барнома ин бо мутахассисони соҳибтаҷриба таъмин намудани муассисаҳо, ба зергурӯҳҳо ҷудо намудани хонандагон, гузаронидани рӯзҳою ҳафтаҳои фаннӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ, дуруст ба роҳ мондани кори маҳфилҳои фаннӣ мебошад.

Шуъбаи маорифи ноҳия тамоми чораҳоро андешид, ки дар соли таҳсили 2018-2019 муассисаҳои таълимиро бо омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ таъмин намояд.

Таълимдиҳии фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии №1 омӯзгорон Бобохонова Г., Саидова Г., Тағоева Н., Султонов С., № 2 омӯзгорон Носирова Л., Сафарова Н., Сайфуддинзода С., №4 омӯзгорон Сайфудинова Ш., Тахминаи С., №7 омӯзгорон Шамсов М., Набиев Ф., Ашуров С., №8 омӯзгорон Тошев Н., Ғафурова А., Муҳиддинов И., №11 омӯзгорон Ҳамоиддинов Ҳ., Абдуллоев Л., Аҳмадхонов С., №16 Ҳасанов Н., Холов Ю., №20 омӯзгорон Воҳидова М., Ғаффоров Н., №21 Наимова Н., №25 Зокиров Ҳ, №27, Нуралиев Д, №35 Зайниддинова Р., Ашӯров С., Давлатова М., Боева М., №40 Ниҳмонов С., Ҳамроқулова З., Сафарзода М., №59 Ҳалимов Ҳ., Мирзоева З., Нуров Д. хуб ба роҳ монда шудааст.

Шогирдони ин омӯзгорон дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ин муассисаҳо гузаронидани рӯзҳо, ҳафтаҳо, чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин муассисаҳо мақсад ва самтҳои амалигардонии Барнома ба пуррагӣ иҷро шуааст.

Дар муассисаҳои дигар бо сабабҳои нарасидани синфхонаҳо ба зергурӯҳҳо ҷудо накардаанд, ки ин ба таълимдиҳии ин фанҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баҳри амалишавии «Барномаи давлатии такмилии таълим ва омӯзиши забоҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро меандешанд.

С. НОСИРОВ, мушовири кабинети методӣ.