Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРӢ ҶИНОЯТ АСТ

 

БАРОИ ТАЪЛИМИ ФАРЗАНДОН КӢ МАСЪУЛ АСТ?

Тарбияи кӯдак дар ҳар давру замон аз нозуктарин ва мушкилтарин масъалаҳо буда, он асосан аз оила  оғоз меёбад. Фарзанд нахуст дар ин муҳит ҳамчун шахсият ва инсони комил ташаккул меёбад ва баъд ба ҷомеа мепайвандад. Агар пояи тарбияи хонаводагӣ заиф бошад, наметавон хулосабарорӣ кард, ки хонавода ба ҷомеа фарди солим ва ташаккулёфтаро дода метавонад. Аз ин нигоҳ, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзанд вазифаи муҳими ҳар як падару модар дар назди ҷомеа ва инсоният мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарро уҳдадор менамояд, ки фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намуда, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намояд.

Санҷишҳои гузаронидаи прокуратураи ноҳия дар ин самт муайян намуданд, ки мутаассифона, на ҳамаи падару модарон масъулияти худро хуб дарк мекунанд ва ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа, фарзандон даст ба қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд. Мисолҳои поёнӣ  тасдиқи  ин навиштаҳои болоист.

Ноболиғ Султонов Эмоммуҳаммад Саъдиевич 4 майи соли 2017  тахмин соати 23   дар маркази дилхушии дар қисмати шарқии кӯчаи И.Сомонии маркази  ноҳия воқеъбуда  бо ҳамроҳии рафиқонаш Достов Қаҳрамон Саидович ва Саидмуродзода Салоҳиддини Фатҳуддин огоҳӣ ёфт, ки  шаҳрванд Ғаюров Одилбек Сафаралиевич   бо худ маблағи зиёд дорад. Аз ин рӯ бо мақсади ошкоро тасарруф намудани маблағҳои ӯ  бо рафиқонаш   маслиҳати пешакӣ намудаву пайи таъқиби  номбурда шуданд.  Одилбек Ғаюровро  тахминан соати 24  дар кӯчаи И.Сомонӣ,  назди бинои рақами 7  зери латукӯб қарор дода,  аз ҷайби шими ӯ 350 сомонӣ пули нақдро тасарруф  кардаву аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Ин наврасон бо чунин киродорашон  ба Ғаюров О.С. ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна ва зарари ҷиддии моддӣ  расонданд.

Санҷиши ҳолати мазкур муайян намуд, ки ноболиғ Султонов Э.С. дар тарбияи модараш Назарова Саломат Дӯстмуродовна қарор дорад ва барои ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо нисбати модари ноболиғ  бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардид.

Ё ин ки ноболиғ Раҷабзода Муҳаммадосимии Таваккал 20 марти соли 2017   дар кӯчаи Саидшоҳии маркази ноҳия тахминан соати 10 бо мақсади дуздӣ дари автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс», рақами давлатиаш 42-88 АС 01, ки  ба шаҳрванд Давлатов Мирзомуддин Хурсандович тааллуқ дошт ва  дар канори роҳи мошингарди ин кӯча гузошта шуда буд,  кушода, пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мазкур як адад флешкорд арзишаш 25-сомонӣ, як адад ҳамёни дастӣ арзишаш 30 сомонӣ, ки дар дохилаш 725 сомонӣ пули нақд буд, як адад дафтари корӣ арзишаш 15сомониро тасарруф мекунад. Ҳамёни  дастӣ ва дафтари кории дуздидаашро дуртар аз ҷои ҳодиса партофта, 25 сомон маблағи нақдро ба манфиати худ истифода кардаву  700 сомонии боқимонда ва флешкордро бо худ нигоҳ медорад. Бо  ин кирдорҳояш Муҳаммадосимии Таваккал ба Давлатов М.Х. ба маблағи 795 сомонӣ зарари ҷиддӣ  расондааст. 

Ҳамчунин ноболиғ Раҷабзода М.Т. такроран 28 марти соли 2017 тахминан соати 11 бо мақсади дуздӣ боз  дар кӯчаи Саидшоҳии маркази ноҳия  дари даромади автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» рақами давлатияш  94-84 АЕ 08, ки  ба шаҳрванд Бобиев Фазлиддин Иноятуллоевич тааллуқ дорад ва  дар канори роҳи мошингарди  кӯчаи мазкур қарор  дошт, кушода пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мазкур як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» (арзишаш 1500 сомонӣ)-ро тасарруф намудаву онро дар  манзили истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода пинҳон мекунад. Бо ин амали нангини худ номбурда  ба Бобиев Ф.И. ба маблағи 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонд. 

Боиси зикр аст, ки ноболиғ Раҷабзода М.Т. дар тарбияи падараш Юсупов Таваккал Раҷабович  қарор дорад. Ана ҳамин бемасъулиятиро дар тарбияи писари ноболиғаш ба назар гирифта, нисбат ба Юсупов Т.Р. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.

Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро низ ошкор намуд, ки баъзе аз падару модарон бо рафтори худ даст ба ҷинояткорӣ задаву бар хилофи манфиатҳои фарзандонашон, монеи идомаи таҳсили онҳо мешаванд. Чунончӣ, Давлатова Гулнисо Мирзошоевна, сокини  деҳаи Файзобод, Ҷамоати деҳоти ба номи  Дӯстмурод Алиев тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадор буд, ки барои ба таълим фаро гирифтани фарзандаш мусоидат намояд, яъне бо ин мақсад барои  таҳсили фарзандаш дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда, ҳамчунин ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намояд. Аммо Давлатова Г.М. дидаву дониста ба таҳсили фарзанди ноболиғи худ Тоҳирова Идигул Фирдавсиевна, ки айни ҳол бояд  дар синфи 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Файзободи ноҳия таҳсил мекард, монеъ шуда, ӯро  аз аввали моҳи сентябри соли 2016 то инҷониб  аз таҳсил дур сохтаву  ба корҳои рӯзгори хона ҷалб намудааст.

Зимни санҷишҳои прокурорӣ ҳамин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, прокурори ноҳия нисбати Давлатова Г.М. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳия фиристод. Ба Давлатова Г.М. бо ҳукми суд ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввало падару модар уҳдадории худро адо намуда, вазифаи хешро оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамоянд. Волидон барои ба таври зарурӣ ба иҷро расонидани уҳдадориҳои ба зиммадоштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то вазифаи падару модарӣ, ҳамчунин, инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки азалан ба зиммаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва бояд онро ихтиёран ба иҷро расонанд. Вақте ки падару модарон аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар боби таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ менамоянд, ба он оварда мерасонад, ки рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад. Дар ин сурат лозим меояд, чунин ашхос уҳдадории худро дар зери маҷбурияти давлатӣ амалӣ кардаву ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Қонуни мазкур на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, инчунин, ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадор мекунад, ки нисбат ба таълиму тарбия масъул бошанд ва дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд.  

 

Азиззода C.С,

прокурори ноҳия,

 мушовири адлияи дараҷаи 1.

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

Инак, соли нуҳум аст, ки дар саросари кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил мегардад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ тарҳрезӣ гардид, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуданд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 24 ноябрро  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат пояи бунёди манораи бузурги парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид.

30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва паҳноии он 60 метр мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб мерафт. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои  олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумлаи робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Моро мебояд, аз Парчами миллии худ ифтихори том дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бигузор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ кунад. Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидону парафшон бод.                                                                                                                     

Мирзозода Ф. М.,

судяи суди ноҳия.

ВКД ҶТ: ОМИЛОНИ ҚАТЛИ САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ ОШКОР ВА ДАСТГИР ШУДАНД

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод, ки омилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ баъди 18 сол ошкор шуданд.

Тибқи гузориши ВКД, ки шоми  8-уми август,  тариқи шабакаи  телевизионии «Тоҷикистон» пахш гардид, Кенҷаев моҳи марти соли 1999 дар Душанбе бо дастури Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим кушта шудааст.  Тавре дар гузориш садо дод,  Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар қотили Кенҷаев 2 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кардааст.

Ҷанги шаҳрвандии  кишвари мо барои гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию берунӣ чун майдони амалисозии ғаразҳои ҷинояткорона  истифода бурда мешуд. Ватандорони асил, новобаста аз шароити вазнини баамаломада талош мекарданд, ки оташи ҷанги бунёдсӯз ҳарчи зудтар хомӯш гардад. Фаъолони ҷомеа низ дар қатори роҳбарони сиёсии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои ба эътидол овардани вазъият кӯшиш мекарданд.

Вале, мутаассифона, чуноне ишора шуд, вазъияти ногувори сиёсии кишвари мо барои гурӯҳҳои ҷиноятпеша чун фурсати мувофиқ ҷиҳати мақсадҳои нопок истифода мешуд. Бахусус, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи берунӣ аз дохили мамлакати мо ҳаммаслакону пайравон, зархаридони худро ба худ моил сохта, аз бенангию худфурӯшии мисли худ ҷиноятпешагоне, ки ба ивази маблағи ночиз оромӣ, хушбахтӣ ва дигар муқаддасоти миллии худро мефурӯшанд, истифода карда, сафи гурӯҳҳои худро  афзун мекарданд.

Бахусус, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ҷиноятҳое содир мегардиданд, ки тарзи содиршавии онҳо аз фаъолияти гурӯҳии ҷинояткорони басо хавфнок дарак медод.

Таркишҳо, ҳамла ба мошинҳои низомиён, ҳуҷум ба дидбонгоҳҳои кормандони низомӣ, ҷиноятҳои дорои характери диверсионӣ, куштори кормандони ҳарбию низомӣ, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ- ин аломатҳои бадқасдона аз қаблан тарҳрезӣ шудани ҷиноятҳо дарак медоданд.

Айни ҳол  фаъолияти басо хатарноки гурӯҳи ҷиноятпешаеро  шарҳ хоҳем дод, ки дар айёми ҷанги шаҳрвандии кишвар аз рӯи  фармону дастури  хоҷагони хориҷии худ амал карда, бо кирдору рафтори ҷинояткорона вазъияти баамаломадаро боз ногувортар  намуданд ва дар содир кардани якчанд далели ҷинояти диверсионӣ, террор, таркиш ва куштори кормандони Дивизияи 201-уми ФР дар ҶТ, шахсиятҳои номдори кишвар, бахусус, олимони сохаи тиб, адабиётшиносону ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ гумонбар дониста мешаванд.

Дар натиҷаи доир кардани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи махсусан хатарнокро муайян ва дастгир намуданд. Инҳо:

Абдуллоев Рустам Гурезович, бо тахаллуси «Рустами норакӣ», санаи   таваллудаш 13 июли соли  1967, зодаи деҳаи Пехо, истиқоматкунандаи деҳаи Кибили шаҳри Нораки вилояти Хатлон, падари се фарзанд,  роҳбари гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи мазкур;

Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси «Алӣ», санаи таваллудаш 2 сентябри соли 1970, зодаи деҳаи Сичароғи собиқ ноҳияи Комсомолобод, истиқоматкунандаи кӯчаи С. Шерозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соҳиби 4 фарзанд;

Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои «Авлиё» ва «Эшон», санаи таваллудаш 9 августи соли 1964, зодаи деҳаи Данғараи болои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, бо ҳукми суди Олии ҶТ барои содир кардани ҷиноятҳои куштор, ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон ва тахрибкорӣ (диверсия) ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардида, айни ҳол адои ҷазо дорад.

Дастгир кардани ин гурӯҳи ҷиноятпеша якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнинро ошкор намуда, инчунин аз ҷониби кадом кишвар ва тавассути кӣ ба онҳо маблағ, дастурҳои ҷинояткорона додан ва силоҳҳои гунгогуни оташфишонро  дастрас гардиданро низ ошкор сохт.

Аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ҳанӯз аз солҳои навадуми асри гузашта, барои такмили тактикаи ҷангӣ ва омодасозии маводи тарканда аввал ба хориҷи кишвар рафта, чанд сол дар марказҳои омодасозии террористӣ таълим гирифтаанд. Аз нишондоди худи дастгиршудагон маълум гардид, ки онҳоро шахсони  он замон бонуфузи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик, бахусус ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон   бевосита барои истифода бурдан дар амалҳои ҷинояткорона маблағгузорӣ карда, минбаъд ҳамчун шахсони боваринок дар амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ- таркишҳо, куштори кормандони ҳарбӣ ва  ходимони сиёсию ҷамъиятӣ истифода мекардаанд.

Чуноне гумонбарон нишондод доданд, ба мисли онҳо нафарони зиёде аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳангоми ҷанги дохилии шаҳрвандӣ бевосита дар хориҷи кишвар таълимоти ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, ҳар кадоме на бо номҳои аслии худ, балки бо номҳои мустаор ё тахаллус дар ҷомеа байни худ шинохта ва ном бурда  мешудаанд.

Аз фаъолияти ҷинояткоронаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ чунин хулоса бармеояд, ки супоришҳои  таҷовузгарона аз ҷониби хоҷагони хориҷии онҳо  хеле доманадор ва ҳадафмандона будааст. Чаро ки тибқи нишондоди гумонбарони ҷиноятҳои таркиш, одамкушӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин, мақсад аз куштори афсарони рустабори Дивизияи 201-уми ФР дар ҶТ- ин ба вуҷуд овардани низоъ ва нобоварӣ, номуътадил кардани муносибатҳои сатҳи роҳбарони ФР ва ҶТ буда, бо ин амали ҷосусонаи худ таълимдидагони донишгоҳҳои махсуси диверсионӣ  дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекардаанд ва ин ҳама бевосита дар гузашта аз ҷониби Ҳалим Назарзода роҳбарӣ мешудааст.

Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша бо силоҳ ва лавозимоти ҳарбӣ пайваста таъмин буда, шахсоне мавриди ҳамлаи онҳо қарор мегирифтаанд, ки бевосита дар ҷомеа нуфузи бештареро соҳиб будаанд.

Аз ҷумла, соли 1994 дар яке аз ошёнаҳои бинои баландошёнаи кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе афсарони рустабор, кормандони Вазорати мудофиаи ҶТ истиқомат доштанд. Ин аз назари ин  гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша, ки  роҳбарии онро Абдуллоев Абдуқодир Гурезович бо тахаллуси «Рустами норакӣ» ба уҳда дошт, берун намонд. Ҷиноятпешагони бо таппонча мусаллаҳ дар даромадгоҳи бинои мазкур тибқи таълимоти гирифтаи худ ҳар кадоме ҷои худро ишғол карда, бо баҳонаи телефон кардан Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, Қудратов Саймуҳриддин Муҳибуллоевич бо тахаллуси «Авлиё» вориди ҳуҷраи афсарони рустабор шуда, Сергей Христофоров, Александр Захаров ва ҳамзистони онҳо Флюра Кленова ва Татяна Онишукро ба таври бераҳмона ба қатл расонидаанд.

Чуноне аз аъмоли ҷиноятии ин гурӯҳ бармеояд,  онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба таври гурӯҳӣ амал намуда, сабабгори ба ҳалокат расидани   шаҳрвандони бегуноҳ гардида, ҷиноятҳои диверсионӣ низ  содир карда, ба  буҷаи давлат зарари махсусан калон расонидаанд.

Чунончи,  бо супориши бевоситаи Абдуҳалим Назарзода моҳи октябри соли 1995  Абдуқодир Абдуллоев бо тахаллуси «Рустами норакӣ» ва дигарон  бо як адад гранатамёт, норинҷаки зидди танк, 2 адад автомати Калашников ва тирҳои зиёд дар маҳаллаи 33-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаи нақлиёти зиреҳпӯши тамғаи «БТР»-ро бо ба кор даровардани норинҷак манъ намуда, дар ҳамин лаҳза аз гранатамёт оташ кушодаанд. Аз фурсати танбашавии  дигар воситаҳои нақлиёт истифода карда, бо истифода аз автомати Калашников ба автобуси афсарони Дивизияи 201-уми ФР оташ кушодаанд. Ин амал дар натиҷа талафоти зиёди ҷонӣ боқӣ гузоштааст….

Он солҳо аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар гӯшаву канори пойтахт бевосита рафту омад ва ҳаракатҳои  афсарони русро назорат карда, бо пайдо шудани фурсати муносиб онҳоро ба ҳалокат мерасонидаанд…

Амалиёти ҷинояткоронаи ин гурӯҳи мусаллаҳ бар зидди сулҳу осоиштагии кишвари мо аз ҷониби сарпарастонашон амалӣ мегашт. Кормандони ҳарбии ФР ва ё қароргоҳи онҳо мавриди ҳуҷуми мусаллаҳонаи ин гурӯҳи муташаккил қарор мегирифт.

Сентябри соли 1994. Шахсе бо тахаллуси «Абдуллои ёвонӣ» дар шаҳри Душанбе бо Абдуқодир Абдуллоев, яъне «Рустами норакӣ» вохӯрда,  вобаста ба тарконидани базаи қисми ҳарбии Дивизияи 201-уми ФР, воқеъ дар гардиши Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастур додааст. Ёдрас месозем, ки новобаста аз чигунагии супоришҳои террористӣ аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ, аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша аз иҷрои он сарпечӣ намекарданд, чунки барои ин кирдорҳои хатарнок ба онҳо маблағҳои муайян пардохт мегардид.

Бо тайёр кардани маводи кимиёӣ, ки бевосита аз тарафи аъзои ин гурӯҳи террористӣ омода карда мешуд, вориди қисми ҳарбии Дивизияи 201-ми  ФР шуда, маводи таркандаро дар байни систернаҳо ҷой кардаанд, ки пас аз  чанде таркиши шадид ба вуҷуд омада, ба қисми ҳарбӣ зарари зиёди молӣ расидааст.

Аллакай барои ин гурӯҳи хатарноки террористӣ  содир кардани ҳама гуна ҷиноят ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта буд. Пешбурди рӯзгор ва имкониятҳои ба даст овардани фоидаи молӣ барои аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи муташаккили ҷиноятпеша  танҳо аз ҳисоби одамкушӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин буд.

Чуноне аъзои ин гурӯҳи муташаккили хатарноки ҷиноятпеша нишондод додаанд, мисли онҳо шумораи зиёде аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таълими ҳарбӣ-диверсионӣ гирифта, гурӯҳ-гурӯҳ барои амалӣ кардани қасди ҷинояткоронаи худ пинҳонӣ ба марзи ҶТ ворид шуда, ба қавле, ба шикори шахсиятҳои шинохтаи мамлакат даст задаанд.

Моҳи марти соли 1999. Пас аз ду соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби шахсони номаълум бо истифода аз силоҳи оташфишон дар суроғаи кӯчаи академик Б.Ғафуров, бинои 32 ба ҳалокат расонидани вакили Маҷлиси намояндагон, ҳуқуқшиноси шоиста Сафаралӣ  Кенҷаев чӣ дар матбуоти ватанӣ ва чӣ берунӣ овозаву ҳангомаҳои зиёде ба вуҷуд овард.

Ҳангоми содир кардани куштори вакили парлумони Маҷлиси Олии мамлакат Сафаралӣ Кенҷаев,  аъзои ин гурӯҳи ҷинотпеша бо сару либоси фарқкунанда, тағйири симои зоҳирӣ барои амалӣ кардани куштори ӯ муддати шаш моҳ марҳумро думболагирӣ карда, ахиран ҳар кадоме бо музди муайян, аниқтараш ба ивази 2000 доллари америкоӣ нақшаи куштори С. Кенҷаев, ду муҳофиз ва ронандаи ӯро содир кардаанд.

Куштори С.Кенҷаев на танҳо шахсияти ӯро аз арсаи сиёсат бурд, балки ба думболи ӯ  ду муҳофиз ва ронандаашро низ ҷинояткорон ба ҳалокат расонидаанд, то ягон шоҳиди ин ҳодиса боқӣ намонад.

Ҳангоми амалӣ кардани ин кирдори бераҳмона як нафар аъзои фаъоли ин гурӯҳи ҷиноятпеша Тағоймурод Ашрапов  бо тахаллуси «Алӣ»  захм бардошта,  бо кӯмаки ҳаммаслаконаш аз ҷои ҳодиса ба самти гардиши Фурудгоҳи шаҳри Душанбе,  аниқтараш ба манзили зисти Ҳалим Назарзода бо мақсади пинҳон шудан ва минбаъд табобат гирифтан интиқол дода шудааст. Ӯ дар он ҷо  аз ҷониби як нафар ҷарроҳ бо номи Бурҳон Кенҷаев  (соли таваллудаш 1946, соли 2016 вафот кардааст)  ҷарроҳӣ шуда, мавриди табобат қарор гирифтааст.

Пас аз куштори С. Кенҷаев байни мардум ҳар гуна тахмину овозаҳо паҳн гашта буд. Ҳатто овозае буд, ки гӯё Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуда,  гӯё фаъолияти сиёсии ӯ барои ҳукумати вақт халал мерасонид ва монанди ин ҳар гуна тахмину овозаҳо вуҷуд доштанд.

Гарчанде аз куштори ходими сиёсӣ, вакили парлумон С. Кенҷаев муҳлати зиёд сипарӣ гардидааст, вале аҳли хонаводаи ӯ ба пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи адолат бовар доштанд. Ҳамсару фарзандон, асарҳои илмию бадеӣ, дастурҳои методии марҳум С. Кенҷаев, идомаи умри нодидаи ӯ ҳастанд. Нангу виқор ва адолатпешагии ҳар як насли тоҷик дар фаъолият ва заҳматҳои онҳо таҷассум меёбад.

Хатару зиёни тарбиятгирандагони кишварҳои хориҷӣ, бахусус донишгоҳҳои ғайрирасмии ба ном исломиро  чанд сол қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карда, пайваста таъкид мекарданд, ки  ақидаҳои бегонапарастӣ ба рӯҳу тафаккури миллати мо таъсири бад доранд.

Аз ҷумла,  мақсаду ғаразҳои нопоки роҳбарону аъзои ҲНИТ-ро, ки ҷомеа аз хатару таъсири зишти он ба бадбахтиҳо дучор гаштааст,  наметавон аз ёд бурд.

Махсусан маврид ба ёдоварист, ки дастпарвари ҳизб ва ё шахси эътимодноки ҳизби мазкур  Ҳалим Назарзода новобаста аз он ки дар гузашта дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин даст дошт, роҳбарияти олии  мамлакат ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамдилии миллати тоҷик кирдорҳои ҷиноятии   ӯро авф кард, ба ӯ мансабҳои баланди  ҳарбӣ, бахусус то мансаби муовини вазири мудофиаи кишвар ва ҳатто рутбаи олии генерал-майорро сазовор донист, то ки ӯ аз муҳити ҷинояткорию ақидаҳои бегонапарастӣ раҳо гашта, ба ҳаёти хуш ва ободсозии диёри худ баргардад. Вале, чуноне халқ мегӯяд: «Оқибат гургзода гург шавад». Рутбаи олии ҳарбӣ, мансаби баланд, дороию сарват, муҳити осоишта, ҳамдилию пешрафт ва рӯзгори хуши ин Ватан барои Ҳалим Назарзода ва хоҷагони хориҷии ӯ ҳеҷ писанд набудааст.

Чуноне шаҳрвандони кишвари мо огаҳанд, 4 сентябри соли 2015 Ҳалим Назарзода бо мақсади амалисозии ғаразҳои нопоки хоҷагони хориҷии худ мехост  ба мафкураи  миллати тоҷик, фарҳанг, расму оин ва ақидаҳои бегонагонро маҷбуран ҷо кунад. Ӯ бо ҷалби шумораи зиёди ҳаммаслакони худ бар зидди зодгоҳу диёри худ ба ҷинояти хеле ноҷавонмардонаю хоинона ва мусаллаҳона- хиёнат ба Ватан  даст зад. Кӯшиши табаддулоти давлатии Ҳалим Назарзода шикаст хӯрд, вале  боиси ба ҳалокат расидани шумораи зиёди шаҳрвандон ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти корҳои дохилӣ гардид ва ба буҷети давлат низ  зарари калони молӣ расид.  Хушбахтона, ин амали таҷовузгарона бо талоши фарзандони далеру шуҷои Ватан сари вақт пешгирӣ карда, Ҳалим Назарзода бо ҳаммаслакони худ пурра безарар гардонида шуданд.

Нишондоди ин гурӯҳи ҷиноятпешаи хатарнок бори дигар собит кард, ки дар ҳама далелҳои ҷиноят бевосита Назарзода Ҳалим Мирзо ва хоҷагони ҳориҷии  ӯ барои  ноором кардани муҳити осоиштаи диёри мо хеле талош  доштаанд.

Акнун то чи андоза таъсиру хатар доштани таълимдидагони донишгоҳҳои ғайрирасмӣ, ки аъзои ин гурӯҳи муташаккили террористӣ бевосита аз чунин донишгоҳҳои ба ном исломӣ таълим гирифтаанд, бароямон ошкору равшан гашт. Маълум гардид, ки дастурдиҳандагону сарпарастони молияшон аз куҷо ва киҳо будаанд.

Дастгир гардидани аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳи хатарнок (ба истиснои як-ду нафар, ки макони зист ва паноҳгоҳи онҳо низ муайян аст ва рӯзи дастгир шудани онҳо низ дур нест, инчунин баъзе аз инҳо бо содир кардани дигар ҷиноятҳо ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳоло адои ҷазо доранд) воқеан ҳам ҷомеаро аз даҳшат ва дигар хатарҳои эҳтимолӣ наҷот дод.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

САМАРИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Инак, чанд муддате аз таҳияву такмил ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сипарӣ гашт. Фурсат чандон тӯлонӣ нест, аммо ҳамовозиву ҷонибдории мардум ва баъзе натиҷаву ҷузъиёти мусбати дигарро дар ин самт мушоҳида менамоем. Махсусан дар маҳалҳову деҳоти кишвар баъзе падидаҳо мавриди қабулу пазироиянд. Чанде қабл дар кишварамон иди Қурбон таҷлил гардид. Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев  чандин деҳаҳои хурду бузургро дар бар мегирад. Тибқи супориши раиси ноҳия чанд рӯз қабл аз оғози ид мо – кормандони Ҷамоат дар тамоми деҳаҳои ҳудуди ҷамоат бо мардум мулоқоту суҳбатҳо доир кардем. Мушоҳида он аст, ки мардум ҳама якдилона ҷонибдори сарфаву сариштакорӣ мебошанд. Дарди дерин танҳо он аст, ки тақлидкориву мусобиқаи дастархонороӣ то ҳол онҳоро азоб медиҳад ва аз ошкор гуфтани дарди дилашон аз ҳамдигар мешарманд. Яъне, гирифтори ҳамон хурофоте мебошанд, ки ба дин ягон иртибот надорад.

Таҷлили индафъаинаи ид аз дигар идҳои пешин фарқ дошт. Мардум ҳам бо эҳтироми Қонун ва ҳам муроҷиатҳову дастурҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ид хеле кам ба хароҷоти беҳуда роҳ доданд. Инро натиҷаи тарғибу ташвиқи чанд моҳи охир медонем. Мушоҳида гашт, ки дастурхонҳои мардум нисбатан хоксоронатар шудаанд. Дар мавриди қурбониву забҳи чорво чунин мушоҳида гардид, ки оилаҳои нисбатан камбизоату серфарзанд, ки маросими қурбониро бо қарзу душворӣ барпо мекарданд, ин ид қурбонии худро мавқуф гузоштанд. Муҳимтарин тағйироту навгонии ин ид он буд, ки мардум даста-даставу гурӯҳ-гурӯҳ “қурбонихӯрӣ” накарданд. Ҳатто чанд нафар баъди ид гуфтанд, ки «гӯшти курбонӣ қариб, ки дар хонаҳоямон боқӣ монду аз ноилоҷӣ онро кам-кам ба ҳамсояҳое, ки серфарзанду камбизоат буданд, тақсим кардем”. Чаппотибандиву кулчапазии рӯзи иди Қурбон низ хеле кам гардид. Ишораи Пешвои миллат дуруст аст, ки идҳои мазҳабиро мо бояд ба як зиёфату тӯй табдил надиҳем.  Аз ин хотир чанд сокини ҷамоат иброз доштанд, ки ҳар ид то 1000 сомониву аз он зиёдтар хароҷот мекардаанд. Дар ин ид “бо қарори ҷаласаи оила» бо харҷи камтари маблағ халос шуданд. Алабатта, ҳанӯз ин оғози кор аст.

Мазмуну мантиқи ифодаи “дастархони маънавӣ”-ро мардум феълан дарк менамоянд. Кӯчаҳои деҳаҳо дар идҳои қаблӣ пуропури одамон буданд, ки “ҳамсинфон бо ҳамсинфон”, “дугонаҳо бо дугонаҳо”, “ҳамкурсон бо ҳамкурсон», “ҷӯраҳо бо ҷӯраҳо”, “миёнасолон бо миёнасолон», “мӯйсафедон бо мӯйсафедон’... хонагаштак менамуданд. Фармудаи дини мубини Ислом он аст, ки дар ин рӯзҳо одамон бештар ба хонадони мусибатзадаҳое рафта дуо кунанд, ки тоза наздикони худро аз даст додаанд. Фарзандон ба мазору қабристонҳо рафта, барои арвоҳи волидайну наздикони худ дуои хайре кунанд. Аз ҳоли беморону нотавонон хабар гиранд. На он аст, ки аз саҳар то шом дари ҳар як хонаи шиносу ношинос рафта, 20-30 нафар сари дастурхон ба қаҳ-қаҳаву зиёфатхӯрӣ андармон шаванд. Вой ба ҳоли он соҳибхонаи нодоре, ки он рӯз ба хонааш ин гуна панҷ-шаш гурӯҳ ба меҳмонӣ оянд. Шукр, ки мардум аз ин хонагаштакҳои беҳисоб даст кашида истодаанд.

Масъалаи танзим фақат таҷлили ду иди суннатии аҷдодӣ намебошад. Маросимҳои “оши сари тахта”, “се”, “чил”, “сол”, “душанбегӣ”, “ҷумъагӣ”, “ҳафт”, “бист” ва “шашмоҳагӣ” аллакай бе забҳи чорво ва бе додани таому зиёфатҳо гузаронида мешаванд. Қонун ин ҳамаро минбаъд иҷозат намедиҳад. Мардум акнун ба ин навгониву ислоҳоти фарҳангӣ ҷонибдоранд. Масалан, забҳи чорво дар хонаи азодор дар рӯзи ҷанозаву мусибат ба пуррагӣ гум гаштааст. Албатта, оғози кор то ҳадде душвориҳо дорад, ки ин дар навбати аввал аз ноогоҳии мардум аст.

Дар мавриди тӯйҳову маъракаҳои хонадоршавии ҷавонон мардуми деҳот ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ буд. Бовар кунед, ки дар тӯйи хонадоршавии ду нафар ҷавон тамоми деҳа чанд рӯз саргардон буд. Таън буд, ки касе дар тӯйи ҳамдеҳа ширкат намекард. Сарборӣ ба гардани тӯйдор буд, ки чанд рӯз кораш фақат пухтани та¬ому додани зиёфат буд.  Акнун ҳолат дигар шудааст. Имрӯз мардум одат кардааст, ки бо як таом дар вақти муайян ҳама маъракаи хурсандии худро дар доираи маҳдуду харҷи кам гузаронад. Кӯтоҳ карда мегӯем, имрӯзу дурнамои масъалаи танзим нек аст ва ҳеҷ зараре ба халқ надораду нахоҳад дошт.

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНҲО

Аз давраҳои қадим одамон барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ чораҳо андешида ба офаридани асбобу олотҳои рӯзгордорӣ рӯ овардаанд. Ин аст, ки имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи худ аз олотҳо ва ҷиҳозҳои барои зиндагӣ муҳим истифода мебарем.

Ҳамаи он олотҳо аз ҷониби устоҳо ва ҳунармандон бо усули дастӣ сохта мешуд ва бо мурури замон барои осон намудани кори инсоният бо усули технологӣ ва техникаҳо сохта мешаванд. Вале ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебоипарастӣ мебошад.

Дар фарҳанги мардуми тоҷик асосан ҳунарҳои қолинбофӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзиҳо ва инчунин кулолгарию шишакориҳо маъруфияти бештар дорад. Агар ба таърихи халки тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Дарёфт гардидани борсангҳои бофандагӣ ва табақу кӯзаҳои кулолии наққошишуда далели равшани гуфтаҳои болоянд.

Бошандагони Вашгирдшаҳри бостонӣ бештар аз молу маҳсулоти дохили шаҳр истифода мебурданд. Инчунин молу маҳсулоти дохилӣ ба шаҳрҳои дигар содирот карда мешуд. Ҳунари дастии ҳунармандони Вашгирдшаҳр харидорони зиёд дошт. Аз ин рӯ шуҳрати шаҳр дар сартосари олам пахн гардида буд.

Чун сухан дар бораи ҳунар ва ҳунармандӣ меравад, ҳаминро бояд кайд намоем, ки ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро то имрӯз ҳунармандони Файзобод ривоҷ дода, идома медиҳанд. Маҳсули дастони беҳтарин кулолгари ноҳия узви иттиҳоди рассомони ИҶШС Зарафо Раҳимова дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Ҳиндустон, Яман, Ҷопон, Италия, Фаронса, Олмон ва шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шудааст ва имрӯз ҳамчун ганҷинаи гаронарзиши ҳунару фарҳанг пазируфта мешавад. Идомадиҳандаи ҳунари Зарафо Раҳимова шогирдаш Сочигул Асоева мебошад.

Ҳунари сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ дар Файзобод ҳамчун ҳунари халқӣ истифода мешавад. Тасвир намудани гул ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи матоъ ва бо риштаҳои рангоранг сӯзанидӯзӣ намудани онҳо кори заҳматталаб мебошад. Вале дар зери ҳар ранг ва нақш рамзи зебоӣ, ҳаёт, оламу одам таҷассум меёбад. Асосан сӯзанидӯзиҳо ва кашидадӯзиҳо дар чодарҳо, зардевориҳо ва дигар ҷиҳозҳои хона истифода мешавад. Маҳсули ҳунари бонувони ҳунарманди ноҳия Ҳалима Шарипова, Саида Раҷабова, Меҳрубон Раҳимова ва даҳҳо дигарон ҳамчун муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ дар чандин намоишгоҳҳо ва чорабиниҳо ба тамошо гузошта шудааст.

Ҳунари чӯбкорӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва маъмул дар миёни халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз идома дорад. Сохтани олотҳо барои рӯзгордорӣ аз қабили табақу қошуқ, гавҳораю сандуқҳо ва дигар анҷомҳои барои зиндагӣ зарурӣ ба ҳунари чӯбкорӣ мансуб мебошад. Дар ин ҳунар боз ҳунари кандакорӣ низ дохил мешавад, ки барои ороишоти хона, олотҳо ва ҷиҳозҳо истифода бурда мешавад. Яке аз ҳунармандони чӯбкори ноҳия Бобишо Ёров мебошад, ки ҳамчун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодонамон маҳсули дасти эшон дар хонадони сокинони ноҳия аз ҷониби кадбонуҳо истифода мешавад ва дар чандин намоишгоҳҳо иштирок карда соҳиби мақоми баланд гардидааст.

Оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои аҷдодии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дарёфт гардидани асбобу олотҳои дастсози оҳанӣ аз ин минтақа аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замонҳои қадим низ асбобу олотҳои оҳанӣ аз қабили белу каланд, дост, наъл, тешаю табарҳои дастсози оҳанӣ аз ҷониби оҳангарони маҳаллӣ сохта шуда, мавриди истифодаи аҳолӣ гардидааст. Имрӯз низ ҳамчун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодӣ Зиёратшоҳ Аслонов ба сохтани олотҳои оҳанӣ машғул буда, маҳсули дастони номбурда мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дорад. Инчунин падараш Сайёд Аслонов дар ноҳия ҳамчун оҳангари номдор шинохта мешуд.

Ҳунарҳои дигаре, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик идома дода истодаанд ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, заргарӣ, рассомӣ ва сабадбофӣ мебошад. Сабадҳои бофтаи Ҳафиз Ғафуров ва асарҳои офаридаи рассом Искандар Олимов, инчунин маҳсули дастони беҳтарин заргарҳои ноҳия оилаи Тоҷиддиновҳо ҳамчун муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аҳамияти хос доранд.

Хушдил БЕГОВ, ходими илмии осорхонаи таъриху кишваршиносии  ноҳия.

АЗ ДАСТАРХОНИ ХОЛӢ КАСЕ НАРАНҶИД

Қурбонгул Ғафурова - ин зани ҳалиму меҳрубону меҳнатқаринро дар деҳаи Лолагӣ пиру барно мешиносанд. Ӯ дар ҳаёти зиёда аз 50-солаи худ ҳамеша пайи меҳнати ҳалолу содиқона ба манфиати мардуми диёр буд. Солҳои тӯлонӣ Қурбонгул дар фабрикаи мурғи марҷон оператори дастгоҳи чӯҷабарорӣ буду шавҳараш Достӣ Асоев коргари бригадаи сохтмонӣ. Онҳо ҳарду коргарони пешқадами фабрика буданд ва инро ба назар гирифта маъмурияти хоҷагӣ барои онҳо аз шаҳраки Лолагӣ хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуд. Аз зиндагии хубу ширинашон соҳиби 4 фарзанд шуданд. Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Достиро озими муҳоҷират намуд. Қурбонгул бошад, аз сабаби аз кор мондани хоҷагӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ба кор рафт. Баробари мардуми дигар азоби замони даргириҳоро  кашиданд, фарзандонро ба воя расониданд ва шукри Яздони пок, ки ҳама азобу шиканҷаҳо паси сар шуд. Фарзандони онҳо коргар шуданду дастёри беминнати падару модар. Барои Қурбонгул ҳар рӯз ба маркази ноҳия рафтан акнун зарурат надошт. Лекин гӯшанишиниро барои худ лоиқ намедонист. Кумитаи маҳалла дар якҷоягӣ бо дастгоҳи ҷамоат ӯро раиси кумитаи занони деҳа интихоб намуданд. Дар ин вазифаи ҷамъиятӣ низ ӯ худро ҳамчун зани кордон, ташкилотчӣ, боғайрат ва чусту чолок нишон дод. Ҳамаи маъракаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии намоиши ҳунарҳои мардумӣ, пухтупазу тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии ӯ сурат мегирад.

Чанде пеш барои ин зани меҳрубону оқила мусибате пеш омад. Шавҳари азизаш ба бистари бемории тӯлонӣ афтода, моҳи ноябри соли гузашта аз олам даргузашт. Азодорӣ барои Қурбонгул оғоз шуд. Мардум ба аёдаташ рафта изҳори ҳамдардӣ мекарданд.  Маросимҳои «се», «чил» ва «сол»-и ҳамсарашро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронид. Замоне, ки Қурбонгул ба дастгоҳи ҷамоат барои гирифтани иҷозатномаи гузаронидани маросими сол омад, ягон зарурат барои фаҳмонидани ӯ набуд. Чунки худ аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути воситаҳои ахбор огоҳ буд ва ба дигар занон низ талқин менамуд, ки қонуни мазкур саривақтӣ ва фақат ба фоидаи халқи одӣ мебошад. Қурбонгул маросими солро бо риояи пурраи қонуни дар боло зикрёфта ороста кард. Дар саҳни ҳавлӣ дар болои мизҳои тайёркардашуда ва хонаҳо ғайр аз чойнакҳои чой ва якчанд табақчаҳои хурмо дигар чизе набуд. Дар рӯзи маърака имомхатиби масҷиди панҷвақта, раиси маҳалла ва кормандони дастгоҳи ҷамоат иштирок доштанд.  «Достӣ инсони хуб буд»,- шунида мешуд аз забони ҳамсояву ҳамдиёрон ва аз он ки дастархонҳо холист, касе наранҷид ва баръакс ҳамду сано ба ин зани оқилу доно гуфтанд.

ТАНЗИМ - БАРАКАТИ РӮЗГОР АСТ

Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол сипарӣ гардид. Ба шарофати қабули қонуни мазкур як қатор пешравиҳои назаррас дар рӯзгори сокинони ноҳия ба чашм мерасад, ки дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бузург арзёбӣ мешавад. Аз рӯзи қабули қонун зиндагии мардуми кишвар хеле пеш рафта, роҳи исрофкориҳо ҷилавгирӣ  карда шуда ва маъракаҳои зиёди мо камхарҷу бе сарфаи зиёдатӣ баргузор мегардад.

Бо дили пур метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ, арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.

Аз нигоҳи фармудаҳои дини Ислом ҳам сарфаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз корҳои зишт ба ҳисоб рафта, пайравонашро аз чунин рафтор манъ менамояд. Ҳамин аст, ки вобаста ба пешравии ҳаёти мардум, рушди ҷомеа ва беҳбуд гардидани сатҳи зиндагии мардум ба қонуни мазкур аз ҷумла таъғйирот дар хусуси   баргузории  маросимҳои   “чил” ва “сол” бе додани  таом, ки аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод шуда буд, қабул гардид.  Акнун хешовандон, дӯстон ва он нафароне, ки ба хонаи азодор дар ин маросимҳо барои тасаллият меоянд, бо як каф дуо нисбати майити фавтида амали хайрхоҳонаи худро анҷом медиҳанд. Ҳамчунин дар ҷашну идҳои миллӣ, аз ҷумла, иди саиди Фитр ва  Қурбон мардум аз  оростани дастархони боҳашамат худдорӣ намуда, ба ҷойи зиёдаравию сарфаи беҳуда хони маънавӣ ороста, дар ҳаққи гузаштагонашон дуои хайр мекунанд. 

Чӣ тавре ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни мазкур  омадааст: “Он  пасандозҳое, ки мо дар маъракаҳои дабдабанокамон сарф ва харҷ  мекунем, бояд бештар барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, харидани асбобу таҷҳизоти рӯзгор, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаю ноҳия, диёри азизи худ ва инчунин барои таълиму тарбияи фарзандонамон равона карда шавад”.

Ҳамзамон ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти фарзандони мардуми тоҷик, шавҳарон, хоҳарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакатҳои гуногун кору фаъолият  доранд. Бонувони азизи мо вазифадоранд, ки меҳнати азизони худро, ки бо машаққати зиёде ба даст оварда шудааст, сарфаю сариштакорона дар рӯзгори худ ва аҳли оилаашон истифода карда, ба буҷаи оилаашон сабукиҳои зиёд оварда,  маблағи бақияро барои зиндагии осоиштаи худ истифода намуда, ба таълиму тарбияи фарзандон равона созанд.

Махфират РАШИДОВА,   мудири бахши Хадамоти  муҳоҷират дар ноҳия.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №6, мод. 428; с. 2008, №6, мод. 448; с. 2010, №7, мод. 568; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017, №1428) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

 1. Дар ном ва матни Қонун калимаҳои «МАРОСИМҲО», «маросимҳоро», «маросимҳо», «маросимҳои», «МАРОСИМҲОИ» ва «Маросимҳои» мувофиқан ба калимаҳои «МАРОСИМ», «маросимро», «маросим», «маросими», «МАРОСИМИ» ва «Маросими» иваз карда шаванд.

 2. Дар моддаи 4:

 - аз қисми 1 рақам ва аломати «1.» хориҷ карда шавад;

 - қисми 2 хориҷ карда шавад.

 3. Дар моддаи 5:

 - дар қисми 2 калимаи «комиссияҳоро» ба калимаҳои «комиссияҳои доимии маҳаллиро» иваз карда шавад;

 - қисми 3  бо мазмуни зерин илова карда  шавад:

 «3. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.».

 4. Моддаи 51 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «Моддаи 51. Комиссияҳои ҷамъиятӣ

 1. Дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.

 2. Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.

 3. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 4. Комиссияҳои ҷамъиятӣ риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.   5. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ дар мӯҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳанд.».

 5. Ба қисми 1 моддаи 6 сархатҳои сеюм, чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

 «- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросимро мегузаронанд;

 - ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;

 - андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур;».

 6. Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «4. Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст.».

 7. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 «Моддаи 9. Хатнасур

 1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.

 2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

 3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.

 4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

 5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.

 6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.

 7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

 8. Дар моддаи 10:

 - ба қисми 2 пас аз калимаи «қудоталбон,» калимаҳои «ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон),» илова карда шаванд;

 - қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардондани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд.»;

 - қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 5 ва 6 ҳисобида шуда, қисмҳои 7 ва 8 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

 «7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ тӯйи домодию арӯсии хайриявии ҷавононро аз оилаҳои камбизоат баргузор намоянд.

 8. Тартиби гузаронидани тӯйҳои домодию арӯсии хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

 9. Дар моддаи 11:

 - қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 «2. Маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.»;

 - қисми 3 хориҷ карда шавад;

 - қисми 4 қисми 3 ҳисобида шуда, пас аз калимаи «азодорӣ» калимаҳои «забҳи чорво ва додани таом,» илова карда шаванд;

 - қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «4. Тартиби гузаронидани маросими дафну азодориро мақоми ваколатдор муайян менамояд.».

 10. Дар моддаи 12:

 - ба қисми 2 пеш аз калимаи «ҳоҷиталбон» калимаи «ҳоҷизиёрат,» илова карда шавад;

 - қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «3. Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».

 11. Дар моддаи 14:

 - дар қисми 1 калимаи «Иштироки» ба калимаи «Хизматрасонии» иваз карда шавад;

 - қисмҳои 2 ва 3 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

 «2. Маъмурияти қаҳвахона, ошхона, тарабхона ва тӯйхонаҳо уҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон  ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.

 3. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад.».

 12. Ба Қонун боби 41  бо мазмуни зерин илова карда шавад:

 «БОБИ 41. УҲДАДОРИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАЪРАКАҲО

  Моддаи 141. Уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо

 1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

 2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои  фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд.».

 13. Моддаи 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

 «Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 2. Аъзои Ҳукумат, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, андоз, гумрук, кормандони мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.».

 Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 28 августи соли 2017, № 1461

АСИРИ НАФС

Падидаи нораво ва нанговаре, ки  имрӯзҳо миёни  гурӯҳе аз ашхоси  баднафс   вусъат ёфтаву бо тадриҷ паҳн мешавад ва   боиси таассуф ва ташвиши ҳамагон гаштааст, ин   фиреб додану  эҳтиром надоштан ба   мардуми истеъмолкунанда аст. Ин қабил одамон асири нафс гаштаву  мехоҳанд бо роҳҳои осону бедардимиён маблағҳои хурду калон ба даст оваранд. Тасдиқи ин гуфтаҳо баргузории мурофиаи суди сайёр, рӯзи 18 апрели соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки амали нанговари мардумфиребии сокини деҳаи Андигони ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат Маҳмаёров Сироҷиддин Мирзоёрович мебошад. Мурофиаи мазкур  рафтори авомфиребонаю нанговари Маҳмаёров С.М-ро фош карда, ӯро бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуд.

Подробнее...

Подкатегории