Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 

Инак, соли нуҳум аст, ки дар саросари кишварамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил мегардад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллӣ тарҳрезӣ гардид, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуданд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 24 ноябрро  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат пояи бунёди манораи бузурги парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид.

30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва паҳноии он 60 метр мебошад.

Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус ба ҳисоб мерафт. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст, аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои  олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумлаи робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад.

Моро мебояд, аз Парчами миллии худ ифтихори том дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бигузор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ кунад. Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидону парафшон бод.                                                                                                                     

Мирзозода Ф. М.,

судяи суди ноҳия.