ҲУҚУҚ
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУНҲО
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:49
Аз давраҳои қадим одамон барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ чораҳо андешида ба офаридани асбобу олотҳои рӯзгордорӣ рӯ овардаанд. Ин аст, ки имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи худ аз олотҳо ва ҷиҳозҳои барои зиндагӣ муҳим истифода мебарем.
Ҳамаи он олотҳо аз ҷониби устоҳо ва ҳунармандон бо усули дастӣ сохта мешуд ва бо мурури замон барои осон намудани кори инсоният бо усули технологӣ ва техникаҳо сохта мешаванд. Вале ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебоипарастӣ мебошад.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик асосан ҳунарҳои қолинбофӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ, сӯзанидӯзию кашидадӯзиҳо ва инчунин кулолгарию шишакориҳо маъруфияти бештар дорад. Агар ба таърихи халки тоҷик назар андозем, аз давраҳои қадим ҳунарҳои бофандагию кулолгарӣ қариб дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа рушд ёфта буд. Дарёфт гардидани борсангҳои бофандагӣ ва табақу кӯзаҳои кулолии наққошишуда далели равшани гуфтаҳои болоянд.
Бошандагони Вашгирдшаҳри бостонӣ бештар аз молу маҳсулоти дохили шаҳр истифода мебурданд. Инчунин молу маҳсулоти дохилӣ ба шаҳрҳои дигар содирот карда мешуд. Ҳунари дастии ҳунармандони Вашгирдшаҳр харидорони зиёд дошт. Аз ин рӯ шуҳрати шаҳр дар сартосари олам пахн гардида буд.
Чун сухан дар бораи ҳунар ва ҳунармандӣ меравад, ҳаминро бояд кайд намоем, ки ҳунарҳои қадимаи аҷдодиро то имрӯз ҳунармандони Файзобод ривоҷ дода, идома медиҳанд. Маҳсули дастони беҳтарин кулолгари ноҳия узви иттиҳоди рассомони ИҶШС Зарафо Раҳимова дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Ҳиндустон, Яман, Ҷопон, Италия, Фаронса, Олмон ва шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ба намоиш гузошта шудааст ва имрӯз ҳамчун ганҷинаи гаронарзиши ҳунару фарҳанг пазируфта мешавад. Идомадиҳандаи ҳунари Зарафо Раҳимова шогирдаш Сочигул Асоева мебошад.
Ҳунари сӯзанидӯзию кашидадӯзӣ дар Файзобод ҳамчун ҳунари халқӣ истифода мешавад. Тасвир намудани гул ва нақшу нигори миллӣ дар рӯи матоъ ва бо риштаҳои рангоранг сӯзанидӯзӣ намудани онҳо кори заҳматталаб мебошад. Вале дар зери ҳар ранг ва нақш рамзи зебоӣ, ҳаёт, оламу одам таҷассум меёбад. Асосан сӯзанидӯзиҳо ва кашидадӯзиҳо дар чодарҳо, зардевориҳо ва дигар ҷиҳозҳои хона истифода мешавад. Маҳсули ҳунари бонувони ҳунарманди ноҳия Ҳалима Шарипова, Саида Раҷабова, Меҳрубон Раҳимова ва даҳҳо дигарон ҳамчун муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ дар чандин намоишгоҳҳо ва чорабиниҳо ба тамошо гузошта шудааст.
Ҳунари чӯбкорӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва маъмул дар миёни халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз замонҳои қадим то имрӯз идома дорад. Сохтани олотҳо барои рӯзгордорӣ аз қабили табақу қошуқ, гавҳораю сандуқҳо ва дигар анҷомҳои барои зиндагӣ зарурӣ ба ҳунари чӯбкорӣ мансуб мебошад. Дар ин ҳунар боз ҳунари кандакорӣ низ дохил мешавад, ки барои ороишоти хона, олотҳо ва ҷиҳозҳо истифода бурда мешавад. Яке аз ҳунармандони чӯбкори ноҳия Бобишо Ёров мебошад, ки ҳамчун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодонамон маҳсули дасти эшон дар хонадони сокинони ноҳия аз ҷониби кадбонуҳо истифода мешавад ва дар чандин намоишгоҳҳо иштирок карда соҳиби мақоми баланд гардидааст.
Оҳангарӣ низ яке аз ҳунарҳои аҷдодии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дарёфт гардидани асбобу олотҳои дастсози оҳанӣ аз ин минтақа аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замонҳои қадим низ асбобу олотҳои оҳанӣ аз қабили белу каланд, дост, наъл, тешаю табарҳои дастсози оҳанӣ аз ҷониби оҳангарони маҳаллӣ сохта шуда, мавриди истифодаи аҳолӣ гардидааст. Имрӯз низ ҳамчун идомадиҳандаи ҳунари аҷдодӣ Зиёратшоҳ Аслонов ба сохтани олотҳои оҳанӣ машғул буда, маҳсули дастони номбурда мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дорад. Инчунин падараш Сайёд Аслонов дар ноҳия ҳамчун оҳангари номдор шинохта мешуд.
Ҳунарҳои дигаре, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик идома дода истодаанд ва фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд, заргарӣ, рассомӣ ва сабадбофӣ мебошад. Сабадҳои бофтаи Ҳафиз Ғафуров ва асарҳои офаридаи рассом Искандар Олимов, инчунин маҳсули дастони беҳтарин заргарҳои ноҳия оилаи Тоҷиддиновҳо ҳамчун муаррифгари фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик аҳамияти хос доранд.
Хушдил БЕГОВ, ходими илмии осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия.