Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ҶАВОНОНИ ФАЙЗОБОДӢ ПАЙИ ҲИМОЯИ ВАТАН ОМОДААНД

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” шурӯъ аз   1 апрели соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи даъвати баҳории наваскарон оғоз ёфт. Тибқи қарори раиси ноҳия ба маъракаи имсолаи даъвати наваскарон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта шуда, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби масъулон ва табибон созмон ёфтааст. Чун ҳамасола чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” бо иштироки зиёди даъватшавандаҳо ва падару модарон дар толори мактаби варзишии ноҳия     хотирмон баргузор шуд.

Подробнее...

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБРО КОҲИШ ДИҲЕМ

Коррупсия падидаи номатлубест, ки дар рафти амалишавии он «ғараз», «имконот», «манфиат» ба ҳам бархӯрд доранд ва дар бисёр маврид аз оқибати кирдорҳои коррупсионӣ «ду тараф» , «ришвадиҳанда» ва «ришвахӯр» манфиат мебинанд, ҳолати моддии худро беҳтар мекунанд, вале аз оқибати ин кирдор давлат ҳамчун субъекти ба танзимдарорандаи муносибатҳо дар ҷамеа ва бар зидди фасод муборизабаранда зарар мебинад, зеро рафторҳои коррупсионӣ эътмоди мардумро ба давлат коҳиш дода, пояҳои давлатдориро заиф мекунад.

Подробнее...

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ СУТУНЕСТ ПОЙДОРУ УСТУВОР

Муаррифнома


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ СУТУНЕСТ ПОЙДОРУ УСТУВОРРаҷабов Саидҷон Қудратович 21 декабри соли 1956 дар деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ва адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ шӯравӣ соли 1977 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1982 донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм менамояд. Фаъолияти кориашро ба ҳайси коромӯз – ҳимоячӣ (адвокат) дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Ҳисор оғоз намуда, сипас аз соли 1983 то 1995 ба сифати ҳимоячӣ, аз соли 1995 то 2000-ум ба сифати мудири  маслиҳатхонаи ҳамин идора кор кардааст.

Подробнее...

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХИ КИШВАР

Дар қалъаи бостонии Ҳисор бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   ба ифтихори ҷашни 3000 –солагии Ҳисор конференсияи  ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳисори Бостон дар тамаддуни  ҷаҳонӣ” доир гардид. Дар кори конфронси мазкур фаъолони ҲХДТ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Намояндагии ноҳияи моро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов роҳбарӣ  дошт. Муовини  Раиси ҲХДТ  Латифзода А. Қ. конфронсро кушода, аз табирҳои роҳбарияти ҳукумати мамлакат бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни 3000 солагии Ҳисори шодмон сухан гуфта афзуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар таърихи бисёр шаҳрҳои қадимаи ҷумҳурӣ барои имрӯзу фардо дубора эҳё гардид.

Подробнее...

САРЧАШМАИ ТЕРРОРИЗМ БЕСАВОДИСТ

Дар доираи чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар толори бахши фарҳанги ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъол аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Ҷамъомадро мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов ҳусни оғоз бахшида, қайд, кард, ки имрӯзҳо шомил гаштани ҷавонони диёри мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба чашм мерасад ва мақсад аз баргузории чорабини ҳам дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аст.

Подробнее...

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст.Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо  мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст  ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Подробнее...

ЧАРО ҶАВОНОН ЗУДБОВАРАНД?

Ҷавонон дар баробари оне, ки нерӯи созандаанд, инчунин як қувваи хеле ҳассос ва зудбоваранд. Дар ин сину сол онҳо наметавонанд ба дурустӣ тасмим бигиранд   аз натиҷаи ҳар амале. Аз ин ҳасосӣ ва зудбоварии онҳо қувваҳои беруна ба хубӣ истифода мебаранду кӯшиш мекунанд, ки баҳри пиёда намудани аҳдофи муғризонаи худ аз қувваи ҷавонон истифода кунанд. Ҷавонони зудбовар ба ин ваъдаҳои хому аз ҳақиқат дури онҳо бовар мекунанду шефтаи найрангҳои онҳо мегарданд ва ба ҳар гуна созмонҳои ифротӣ ҳамроҳ мегарданду умри ҷавони худро беҳуда сарф мекунанд.

Подробнее...

СЕ ВОҚЕАИ МУҲИМИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Насли калонсоли Тоҷикистон воқеаю рӯйдоди бисту чор соли охири кишварро хуб дар ёд доранд. Воқеаҳои муҳими ин давра хеле зиёданд, ки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавии сокинони мамлакат дигаргуниҳои чашмрас ворид намуданд. Мо, ки дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, аз ҳама пеш се рӯйдоди таърихии ҳаёти кишвар пеши рӯ меоянд. Аввалтар аз ҳама рӯзи мубораки 9 сентябри соли 1991, ки он ҳамчун рӯзи ширинтарини ҳаёти ҳар як тоҷики асил маҳсуб мешавад. Нуҳуми сентябр оғози шаҳсутуни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Подробнее...

ХУШУНАТ - САБАБГОРИ БАДБАХТӢ

«Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани  масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки  диққати доимии  тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.»                                                        

Эмомалӣ Раҳмон.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии ҶТ, 23 январи соли 2015)

Подробнее...

Подкатегории