Ср08122020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ СУТУНЕСТ ПОЙДОРУ УСТУВОР

Муаррифнома


ВАҲДАТИ МИЛЛӢ СУТУНЕСТ ПОЙДОРУ УСТУВОРРаҷабов Саидҷон Қудратович 21 декабри соли 1956 дар деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ва адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ шӯравӣ соли 1977 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1982 донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм менамояд. Фаъолияти кориашро ба ҳайси коромӯз – ҳимоячӣ (адвокат) дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Ҳисор оғоз намуда, сипас аз соли 1983 то 1995 ба сифати ҳимоячӣ, аз соли 1995 то 2000-ум ба сифати мудири  маслиҳатхонаи ҳамин идора кор кардааст.

Бо Фармонҳои  Президенти мамлакат  аз моҳи августи соли 2000-ум то моҳи майи соли 2015 ба сифати судя ва муовини раиси  суд дар судҳои   шаҳри Турсунзода,  вилояти Хатлон,  ноҳияи Фирдавсӣ ва  шаҳри Душанбе  кор кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2015 раиси суди ноҳияи Файзобод таъин гардид. Оиладор, соҳиби шаш нафар фарзанд.  


Дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ мухбири "НФ" М.Тағоева андешаҳои раиси тозатаъини суди ноҳия Саидҷон Раҷабовро атрофи ин санади таърихию сарнавиштсоз, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ба ҳаёти орому осудаи мардуми мо шароити мусоид фароҳам овард, пешкаши хонандагони худ мегардонад.
18 сол қабл 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади таърихӣ ва муҳим ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳаёти орому осудаи мардуми мо шароити мусоид фароҳам овард. Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида ваҳдату якдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд. Имрӯз вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номӯс, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад.  
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар ватанамон истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонда шуълаи умеду бовариро ба ояндаи неку дурахшон дар қалби мардум бедор намуд. Мардуми азияткашида бо дасту дили гарм, бо тамоми ҳастӣ аз пайи меҳнати ҳалолу корҳои ободониву созандагӣ гардид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки бо дарназардошти он, ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Ваҳдати миллӣ боис гардид, ки риояи қонунияту тартибот, волоияти қонун ҳамчун асоси давлати демокративу ҳуқуқбунёд пояи устувори  худро ёбад. Мардуми Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда вазифадор дониста таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кардааст, ки имсол мо ҷашни 21-солагии онро тантана хоҳем кард.
Кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти худ сараввал талаботи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дастури кори худ мекунанд. Дар вохӯриҳо бо мардум кормандони мо ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи Ваҳдати миллиро ба мардум фаҳмонида онҳоро бо роҳи рост ҳидоят менамоянд. Пеши роҳи  ҳама гуна ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ, бегонапарастию тақлидкориро бояд гирифт.
Бигузор ваҳдати кишвари мо ҷовидона бошад ва дар фазои Тоҷикистони азизамон нидои ваҳдат абадӣ танинандоз гардад.