Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХИ КИШВАР

Дар қалъаи бостонии Ҳисор бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   ба ифтихори ҷашни 3000 –солагии Ҳисор конференсияи  ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Нақши Ҳисори Бостон дар тамаддуни  ҷаҳонӣ” доир гардид. Дар кори конфронси мазкур фаъолони ҲХДТ аз шаҳру навоҳии кишвар иштирок намуданд. Намояндагии ноҳияи моро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов роҳбарӣ  дошт. Муовини  Раиси ҲХДТ  Латифзода А. Қ. конфронсро кушода, аз табирҳои роҳбарияти ҳукумати мамлакат бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни 3000 солагии Ҳисори шодмон сухан гуфта афзуд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар таърихи бисёр шаҳрҳои қадимаи ҷумҳурӣ барои имрӯзу фардо дубора эҳё гардид.
Назди ҳозирон раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода дар мавзӯи “Ҳисор: аз бостон то ин замон” маърӯза  намуда  аз ҷумла таъкид кард, ки мардуми  шарифи Ҳисори бостон  ифтихор доранд, ки  маҳз бо  таваҷҷуҳи  Президенти мамлакат  Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 3000-солагии  Ҳисор эълон гардид ва имрӯзҳо иншооти  азими  истеҳсолию хизматрасонӣ дар ноҳия  сохта шуданд.  Сипас номбурда  аз таърихи  ин куҳандиёр дар такя бо сарчашмаҳои  таърихӣ гузориши муфассал дода қайд кард, ки ин сарзамини муқаддас ҳанӯз дар  даврони  Пешдодиён ( солҳои 3320-993  пеш аз милод) давлату давлатдорӣ доштааст. Собит шудааст, ки  дар ҳудуди  водии Ҳисор яке аз ҳафт кишвари дар маъхазҳои  қадимаи ҳиндуаврупоӣ  дарҷшуда мавҷуд будааст. Вожаи Шумон ва Шуман аз номи куҳи  мулкро иҳотакарда (Суман ё Сумана)  пайдо  шудааст ва дар китоби муқаддаси  “Авесто” ҳамчун мулк зикр гардидааст. Усмон Раҳмонзода баробари  таърихи гузаштаи Ҳисор аз корҳои ободонии дар арафаи ин ҷашни  накӯ бунёд ёфтаистода ҳарф зада таъкид дошт, ки айни ҳол сохтмони беш аз 430 иншоотҳои хурду бузург дар арафаи анҷомёбист.  
Президенти  Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ  бо номи “Ҳисор дар сарчашмаҳои  таърихӣ”  маърӯзаи васеъ намуда, аз ҳамаи сарчашмаҳои илимиву таърихии  дар бораи  Ҳисор маълумот дода ёдовар шуд. Ҳамаи ин маълумотҳои оварда бозгӯи таърихи беш аз сеҳазорсола доштаи ин диёр аст.
Ҳамчунин дар кори конференсия  директори  Маркази тадқиқоти  стратегии  назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Худойбердӣ бо номи “Нақши Ҳисор  дар эҳёи  Роҳи абрешим”, раиси  Кумитаи  иҷроияи  Ҳаракати  ҷамъияти  ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ таҳти унвони “Таҷлили  3000-солагии Ҳисор –омили  таҳкими ваҳдати миллӣ” ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон   Султонмуроди Одина бо номи “Доираи  адабии Ҳисор: ташаккул ва инкишофи он” баромад намуданд, ки бисёр ҳам ҷолиб буд.
Кори конференсияро муовини Раиси  ҲХДТ Латифзода А. Қ. ҷамъбаст намуда  таъкид намуд, ки таҷлили сеҳазорсолагии Ҳисори  шодмон гувоҳ  аз таърихи пурғановати халқамон мебошад ва он бояд дар сатҳи баланд таҷлил гардад.
Пас аз анҷоми кори  конференсия иштирокдорон аз Қалъаи бостонии Ҳисор ва  осорхонаи он дидан карданд.


“НФ”.