ҲУҚУҚ
ҚОНУН БА МАРДУМ САБУКӢ ОВАРД
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 16:15
Имсол ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд ва 8 июни соли 2007-ум қабул гардид, 10 сол пур мешавад, ки он ба зиндагии мардум, баргузории маъракаҳо сабукӣ оварда, барои сарфаю сариштакорӣ ва афзоишу зиёдшавии дороии аҳолии кишвар мусоидат намуд.
БИСТУ ЧОР СОЛИ МУДОФИА
- Подробности
-
25 Фев 2017
- Опубликовано 25.02.2017 12:24
Подполковник Шамсов Фирӯз Қаҳҳорович, 18 апрели соли 1980 дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2004 донишҷӯйи Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми донишгоҳ дар қисмҳои ҳарбии вазорати мазкур вазифаҳои гуногунро адо кард.
ТЕРРОРИЗМ: ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?
- Подробности
-
17 Авг 2016
- Опубликовано 17.08.2016 10:24
Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое, ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонанд.
ИНСОНИ ОЛӢ БУД, ҲАМОИДДИНОВ
- Подробности
-
14 Нояб 2016
- Опубликовано 14.11.2016 12:29
Бо тақозои касби рӯзноманигорӣ бо кормандони милиса зиёд суҳбату вохӯриҳо доштам. Ва аксари онҳо дар шакли мусоҳибаву лавҳа рӯи чоп омадаанд. Мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо муовинони собиқи сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, Зафар Икромов, Маҳмадӣ Каримов, Тӯра Шарифов, Хӯҷамурод Тешаев ва собиқ сардори бахши бозрасии автомобилӣ Маҳмадулло Сайумаров аз ҷумлаи ин нигоштаҳоянд, ки хонандаро ҳам хуш омада буд. Аммо суҳбат бо яке аз ин родмардони милиса ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия дар солҳои 1993-1995 шодравон Эмомиддин Ҳамоиддинов дар лавҳи хотир ҷойи махсус дорад. Воқеан, ӯ инсони шариф, ҳалиму хоксор ва дар пешаи интихобкардааш мутахассиси олӣ буд.
ИСТИҚЛОЛИЯТ - САРЧАШМАИ ФАЙЗ
- Подробности
-
04 Авг 2016
- Опубликовано 04.08.2016 09:13
Дар замони соҳибистиқлолӣ, яъне тӯли 25 соли охир Тоҷикистони азиз босуръат рушд кард, дар партави сиёсати дурусту созандаи давлат ва Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст омадааст. Дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо роҳи тӯлонии пурпечутоб паси сар гардид. Он чун офтобе дар фазои сулҳбор ба рӯҳу равони мардум ҷони тоза мебахшаду ба сӯйи фардои дурахшони зиндагӣ раҳнамун месозад.
КОНСТИТУТСИЯ АЗОНИ ХАЛҚ АСТ
- Подробности
-
14 Нояб 2016
- Опубликовано 14.11.2016 12:06
Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, баррасӣ ва қабули конститутсияи навро дида баромад. Зеро Сарқонуни пешин ба низоми давлатдорӣ рост намеомад ва ҳокимияти то ин давра фалаҷшудаи амалкунанда санадҳои меъёрию ҳуқуқии онро ба ҷо оварда натавонист. Ба ҳамин мақсад 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нав қабул шуд ва солҳои 1999- 2003 ва 2016 ба он тағйироту иловаҳо дохил гардиданд. Қабули конститутсия воқеан ҳам дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошта рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ГАРАВИ СУЛҲИ ПОЙДОРИ КИШВАР
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:09
Нуздаҳ сол пеш 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Мардуми тоҷик дар ҷараёни музокироти сулҳ хуб дарк намуд, ки ҷанги бародаркушӣ ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдории он боис мегардад.
ТЕРРОРИЗМ ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:58
(Идома аз шумораи гузашта)
Аз рӯи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ (кимиёию биологӣ) тақсим намудаанд.
Ҳаракатҳои терроризми миллатгаро баҳри истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза мебаранд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.
БЕМАСЪУЛИЯТӢ МУҶОЗОТ ДОРАД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:12
Дар баробари пойдор шудани сулҳу субот дар кишварамон таҳавуллоти бузурге тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифт. Якдигарнофаҳмӣ ва миллатгароие, ки ба ҳамагон аён буд ба он оварда расонд, ки ҷомеа ба гурӯҳҳо ҷудо шуда миллатеро, ки тӯли чандин асрҳо каме ҳам бошад, қомат афрохта буд ба нестӣ бубарад.