ҲУҚУҚ
БЕМАСЪУЛИЯТӢ МУҶОЗОТ ДОРАД
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 09:12
Дар баробари пойдор шудани сулҳу субот дар кишварамон таҳавуллоти бузурге тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро гирифт. Якдигарнофаҳмӣ ва миллатгароие, ки ба ҳамагон аён буд ба он оварда расонд, ки ҷомеа ба гурӯҳҳо ҷудо шуда миллатеро, ки тӯли чандин асрҳо каме ҳам бошад, қомат афрохта буд ба нестӣ бубарад. Xудованд, ки бо раҳмати бепоёни хеш дар кишвари мо сулҳу суботро пойдор намуда, миллати ба таҳлука афтодаи моро ба ҳам гирд овард. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи гурӯҳҳои ҷудоихоҳи ҷомеа сари як миз гирд оварда шуда, таҳаввулоти азиме дар тамоми соҳаҳои кишварамон ба амал овард. Ба ҳам пайвастани гурӯҳҳо, пойдор шудани адлу амонӣ, қабул намудани Конститутсия ва як қатор қонунҳо, ба роҳ мондани иншоотҳои бузурге, ки барои рушду нумӯи кишварамон заруру муҳим мебошад аз ҷумлаи заҳматҳои бепоёни сарвари давлатамон маҳсуб меёбад, ки қадру қимати ҳамаи инро донистан қарзи ҳар як фарди ҷомеаи мо мебошад.
Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Президенти кишварамон қабул намудани як қатор қонунҳо вобаста ба вазъи ҷомеа, ки ҳамаи онҳо бомаврид ва саривақтӣ мебошанд, аз ин шаҳодат медиҳад. Тамоми санаду актҳои зерқонуние, ки қабул мешаванд, соҳаҳои мухталифи ҷомеаро ба танзим медароранд. Аз ҷумла дар кишварамон аввалин маротиба 2 августи соли 2011 таҳти № 762 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Мақсади аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Гарчанде ки қонуни мазкур масъулияти падару модар ва ашхоси ивазкунандаи онҳоро дучанд карда бошад, аммо амалияи судӣ аз он далолат мекунад, ки ҳоло ҳам ҳолатҳои аз ҷониби падару модарон риоя нагаштани талаботи қонуни мазкур ҷой дорад. Масалан, дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят огоҳӣ ё ҷарима таъйин карда мешавад.
Аз ҷумла риоя накардани давомот ва таълиму тарбияи фарзандон дар муассиҳои таълимӣ, инчунин оворагардии фарзандон дар кӯчаю бозор ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои компютерӣ, ки ба рӯҳия, тарбия ва ахлоқи насли наврас таъсири манфӣ мебахшад оварда мерасонад. Аз рӯи парвандаҳои маъмурии ба суд воридгашта дида мешавад, ки фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба дарсҳо соатҳои тӯлонӣ иштирок намекунанд, инчунин телефонҳои мобилӣ, ҷавоҳирот, зару зевар ва дигар ашёи қиматбаҳоро истифода мебаранд, ки бар хилофи талаботҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Падару модар новобаста аз оне, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, аз ин лиҳоз вазифадоранд, ки фароҳам овардани шароити моддӣ, маънавӣ ва равонӣ дар тарбияи фарзандро муҳайё созанд, дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ иштирок ва мусоидат намуда, фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, дигар ӯҳдадориҳоеро, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд. Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳо вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, дар асоси талаботҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин падару модарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар таҷриба дида мешавад, ки бемасъулиятии баъзе падарону модарон ба он боис мегардад, ки худи онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шаванд. Мисол аз муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳия 4 адад маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба истеҳсолоти суд ворид гаштааст,ки дар онҳо хонандагон бо телефонҳои мобилӣ, ҷавоҳирот, зару зевар ва дигар ашёи қиматбаҳо ба дарс омаданд, ва аз тарафи кормандони прокуратура ва ШВКД-и ноҳия дарёфт гардидаву нисбати волидони онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Бинобар ин мо кормандони мақомотҳои қудратиро зарур аст, ки ҳар чи бештар корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни омма ва алалхусус дар нашрияҳои даврӣ зиёд намуда, дар пешрафти ҷомеа ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузорем.
Қудратзода С.Қ,
раиси суди ноҳия.