Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ТЕРРОРИЗМ: ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?

Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое, ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонанд.

Терроризм имрӯз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷой менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломӣ аҳамият дораду бас. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти «Қуръон» ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.

Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён истифода шудааст. Гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор ва айёр омадааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.

Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвар ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо терроризмро ҷурм эълон намуда, ҷазои онро дар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ намудаанд.

Ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд ҳаст, терроризм он ҷо реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, динӣ ва қавмӣ доранд.

Узвият дар созмонҳои террористӣ осон нест ва баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.

(Давом дорад).

Зубайдулло Давлатов,

сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум»
№71 (3551) аз 02.06.2016