ҲУҚУҚ
ТЕРРОРИЗМ ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:58
(Идома аз шумораи гузашта)
Аз рӯи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ (кимиёию биологӣ) тақсим намудаанд.
Ҳаракатҳои терроризми миллатгаро баҳри истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза мебаранд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.
Наркотерроризм. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода шудааст. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадид барои қочоқи маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақти киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд.
Терроризми динӣ бераҳмтарин навъи терроризм аст. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насронӣ, калимӣ (яҳудият), ҳиндуӣ, буддоӣ ва дигар мазҳабҳо ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд.
Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд, барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавоӣ ташкил менамоянд.
Терроризми ҳастаӣ. Ин гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши ба даст овардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаӣ мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки ин навъи силоҳ ба дасти террористон наафтад.
Соли 1980 заҳри «трикутсан», ки бо номи «борони зард» маълум аст, бар зидди муҷоҳидони афғон истифода шуд. Соли 1984 террористон аз маводи «солмонолез» ба воситаи неруҳои мазҳабӣ барои халалдор кардани интихоботи маҳаллӣ дар ИМА истифода карданд ва 751 нафар гирифтори бемории меъда гардиданд. Ду маротиба — солҳои 1993 ва 1995 кормандони гумруки Канада ду нафарро, ки бо худ заҳри «ресану бутулин» доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯҳҳои террористӣ силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти дохилӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.
Имрӯзҳо ба мавҷудияти инсон хатари зиёд таҳдид менамояд. Хатарҳое, ки ба ҳастии инсон таҳдид мекунанд, ҷангҳои миллию мазҳабӣ, мусаллаҳшавии давлатҳо бо силоҳи қатли ом, гармшавии иқлим, метеориту астероидҳо ва дуршавии моҳ ба шумор мераванд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХI шадидтарин ҷангҳои миллию динӣ ва инқилобҳои синфӣ рӯй доданд, ки табиату инсон истисмор ва истило гардиданд. Буҳрони баҳри Кариб дар Куба ҷаҳонро андаке монда буд, ки ба ҷанги атомӣ гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Ховари Миёна бархӯрди манфиати давлатҳои абарқудрат боиси ҷангҳои динию мазҳабӣ ва ташкил ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардидааст.
Ғайр аз бархӯрди манфиати абарқудратҳо, эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидааст. Тӯли таърих дар ҷомеаи инсонӣ одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақт шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро дар сангарҳои мухолиф муқобили ҳам кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқод, мансубияти қавмию нажодӣ, бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.
(Давом дорад)
Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум»
№71 (3551) аз 02.06.2016