Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ИНСОНИ ОЛӢ БУД, ҲАМОИДДИНОВ

Бо тақозои касби рӯзноманигорӣ бо кормандони милиса зиёд суҳбату вохӯриҳо доштам. Ва аксари онҳо дар шакли мусоҳибаву лавҳа рӯи чоп омадаанд. Мусоҳибаҳои ихтисосӣ бо муовинони собиқи сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, Зафар Икромов, Маҳмадӣ Каримов, Тӯра Шарифов, Хӯҷамурод Тешаев ва собиқ сардори бахши бозрасии автомобилӣ Маҳмадулло Сайумаров аз ҷумлаи ин нигоштаҳоянд, ки хонандаро ҳам хуш омада буд. Аммо суҳбат бо яке аз ин родмардони милиса ҷонишини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия дар солҳои 1993-1995 шодравон  Эмомиддин Ҳамоиддинов дар лавҳи хотир ҷойи махсус дорад. Воқеан, ӯ инсони шариф, ҳалиму хоксор ва дар пешаи интихобкардааш мутахассиси олӣ буд. Эмомиддин Ҳамоиддинов аз шумули милисаҳои касбӣ буд, ки бо журналист суҳбат карда метавонист. Ва суҳбат карданро бо аҳли эҷоду аҳли зиё дӯст медошт. Маҳорати хуби суханварӣ дошт ва ҳамсуҳбаташро то охир гӯш карда метавонист. (Мурод танҳо суҳбати рӯзноманигор не, балки ҳамкору корафтода низ ҳаст. Р.Н). Дар он лаҳзае, ки мо бо ӯ суҳбат доштем, борҳо риштаи сухан канда мешуд, ӯ дигаронро дар  ин миён қабул карда бо табиати ба худ хосу чеҳраи кушод ҷавоб медод. Ва ҳар бори канда шудани суҳбат бо эҳтиром аз мо узр мепурсид. Чун солҳои нооромӣ, яроқ ба дасти шахсони тасодуфӣ зиёд афтода буд, шикоят аз ҳар ҷониб ба милиса зиёд меомад. Аммо дар он чанд лаҳзаи кӯтоҳе, ки мо бо шодравон Ҳамоиддинов дар муҳовара будем, на ҳамкореву на корафтодаеро дурушт сухан нагуфт. Танҳо як ифодаи муҳими ӯ ҳанӯз ба хотирам ҳаст, ки мегуфт: «Ин рӯзҳо мегузаранд. Дар сарнавишти миллати мо қисмати талх ин рӯзҳоро овард. Худо хоҳад умеди тинҷию осудагӣ, сулҳу субот ҳаст, мо хеле ба  ин рӯзҳо наздик омадаем».

Ин ифодаи олӣ буд. Ин орзуи ягонаи ин марди шариф буд. Ин суханҳо аз забони милисаи воқеан ҳам касбӣ садо медод ва ба ояндаи дурахшони миллати хеш эътимоди қавӣ дошт. Шодравон аз зумраи он милисаҳое буд, ки хондани асарҳои бадеӣ ва илмии соҳаи хешро дӯст медошт. Шеъру ғазали зиёдро аз бар карда буд. Панду андарзи бисёр мегуфт, дар боби одобу ахлоқ ва тарбияи инсони замони нав. (Хушбахтона муҳити адабпарвари Файзобод бошад, ки дар бахши милисаи ноҳия чунин шахсони фарҳангиро зиёд вохӯрдем ва имрӯз низ ба чашм мерасанд, сар карда аз собиқ сардори шуъбаи корҳои дихилии ноҳия шодравон Розиқбек Назрибеков. Р.Н). Мусоҳиби мо он рӯз дар ин мавзӯъ ҳам порае аз таъкидҳои  маҷлиси касбиашонро ба ёд овард, ки роҳбарият дар рӯзҳои вазнин дар баробари ба зиракии сиёсӣ даъват кардан, мардумро озор надодан, инчунин ҳамкоронро ба хондани адабиёти илмию бадеӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо талқин месозад.

Ҳамоиддинов ҷасорату мардонагии ба худ хос ва зебанда дошт. Чеҳраи сиёсӣ, ақлу заковати волояш дар андешаҳои ҷавонмардона ва виқори ӯ ниҳон буд, ки дӯстону наздикон ва ҳамкоронаш инро хуб ҳис менамуданд.Ӯ тайи чанд соле, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ифои вазифа кард, тамоми ҳастӣ ва маҳорати хешро барои волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарф намуд. Аввалину охирин орзуҳояш осудагии кишвари хеш, амну амонии миллати тоҷик ва иқболи насли наврас, Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Танҳо инсони олӣ, милисаи касбӣ, чун қаҳрамони мо ин орзую армонро дар андешаи худ ҷой дода метавонисту халос.

Дӯст ва бародари мо бо ин андешаҳои олӣ дунёи фониро падруд гуфт, ормонӣ бо ин мақсадҳои накӯ аз миёни мо рафт. Аммо заҳмату талошҳои ҷавонмардона, ҷоннисориҳо баҳри пойдории ҳукумати қонунӣ, чун қаҳрамонии ӯву садҳои дигар милисаҳои тоҷик хотираи некашонро солҳои тӯлонӣ аз насл ба насл боқӣ хоҳад гузошт. 

Р. НАЗИР.