ҲУҚУҚ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ГАРАВИ СУЛҲИ ПОЙДОРИ КИШВАР
- Подробности
-
28 Июнь 2016
- Опубликовано 28.06.2016 10:09
Нуздаҳ сол пеш 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят душвору ноороми даврони истиқлоли кишвар паси сар монда, бо ташаббуси фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Мардуми тоҷик дар ҷараёни музокироти сулҳ хуб дарк намуд, ки ҷанги бародаркушӣ ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдории он боис мегардад.
Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамойиву сарҷамъии миллати куҳанбунёди тоҷик, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ муайян сохт. Маҳз аз азал рӯ ба сулҳу салоҳ ва муросову мусолиҳа доштани миллати точик аст, ки аз кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал намудани мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ даст кашида, музокироту созиш чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфта шудааст.Сулҳи тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ ва некномӣ зинда намуд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷомёбии ҷанги хунини шаҳрвандии солҳои 1992-1997, дастёбӣ ба сулҳу субот ва ваҳдати миллии комил дар ҷомеаи тоҷик, барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, таъмини бозгашти гурезагон аз хориҷа ба Ватан, қабули Конститутсия ва татбиқи ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ саҳми тақдирсоз ва таърихӣ гузоштааст. Дар арсаи байналмилалӣ таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсию буҳрони миллӣ эътироф шуда, онро мавриди омӯзиш ва истифода қарор додаанд.
Мутаассифона, тайи чанд соли охир роҳбарон ва хоҷагони ҲНИТ, ки худро дар либоси дӯст нишон медоданд, оромию созандагӣ ва бунёдкориву пойдории Ваҳдати миллии миллати тоҷикро қабул надоштанд, ба фаъолияти пинҳонӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопокашон бо собиқ аъзои ҳизб, ки дар пояҳои баланди мақомоти давлатӣ адои вазифа менамуданд, бо маслиҳати хоҷагони хориҷиашон дар роҳандозӣ кардани ҳадафҳои нопокашон садоқати фарзандии хешро нисбат ба Ватан фаромӯш намуда, ҳаракат карданд, ки шаби 4 сентябри соли 2015 то андозае истиқрору оромиро дар Тоҷикистон вайрон кунанд ва мардуми осудаву ба ояндаи Тоҷикистон бовардоштаро ба таҳлука андозанд. Хушбахтона, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон амалҳои террористии собиқ муовини вазири мудофиаи мамлакат Абдуҳалим Назаровро (Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ размандаи Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва узви ҲНИТ) барои муташанниҷ сохтани вазъи сулҳу субот ва ноором гардонидани ҷомеа, маҳкум кардаанд ва сарони бузургтарин кишварҳои олам – Амрикову Русия низ хоҳони барқарории суботи Тоҷикистон буданашонро эълом доштаанд. Инчунин хашму эътирози садҳо ҳазор ҷавонони тоҷики дохилу бурунмарзӣ, ки тавассути изҳороту баёния ва муроҷиатномаҳо дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расид, ки мардум якдилона ин ҷинояти гурӯҳи ифротиёнро маҳкум намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуданд ва аз зиракии сокинони кишвар душманони миллати тоҷик ба мақсадҳои нопокашон нарасиданд. Ҳамчунин ҷомеаи бедору озодандеши тоҷик чӣ вазифа ва масъулият доштани аъзоёни ҲНИТ-ро, ки дар тӯли фаъолияташон ба тафриқаандозиву гурӯҳсозӣ машғул буданд, пай бурда онро бо дасти худ дар интихоботи парлумонӣ хат заданд, ки ин боиси соҳиб шудани фоизи ками овозҳо гардид. Ин воқеаи муҳим ишора ба зина ба зина боло рафтани донишҳои сиёсии сокинони ҷумҳуриямон мебошад.
Муҳиддин Кабирӣ собиқ раиси ҳизби мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон бо баҳонаҳои ба ҳамаи сокинони мамлакатамон маълум кишварро тарк намуда, аз берун ба номи баланди миллати тоҷик санг андохта, дар назди бегонагону хоҷагони хориҷиаш вазифаи хизмат ба халқу ватан ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистонро фаромӯш намуда, шаъну шарафи халқи тоҷикро паст зада истодааст. Ин ҳам яке аз шеваҳои кори гурӯҳиву ҳизбии чунин намояндагони беору фарзандони нохалафи халқи тоҷик аст, ки сокинони кишвар махсусан, ҷавонон амалҳои нопоки ин нафаронро маҳкум намуданд.
Душманону хоинон фаромӯш кардаанд, ки дар натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳу субот ва оромӣ дар кишварамон фароҳам омад ва бо шарофати қабули ин санади тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тараққиёт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшида, аз баракати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвари тозаистиқлол имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншооти азими аср ҳусни оғоз бахшида, қадамҳои ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани ҷумҳуриямон, инчунин баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми тоҷик қадамҳои устувор гузорем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қайд кардаанд: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад». Аз ин лиҳоз бояд ҳар як сокини кишвар ин суханҳои Пешвои миллатро оид ба гиромидошти Ватани азизу арзишҳои Ваҳдати миллӣ дастури ҳамешагии хеш қарор диҳад ва ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо расида, истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо арҷ гузошта, садоқат ба Ватан ва ватандӯстии хешро бо кору амали созанда ва ободгароёна қувват бахшад.
Азиззода Сафо Саид,
прокурори ноҳия, мушовири адлия, дараҷаи 1.