Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ҚОНУН БА МАРДУМ САБУКӢ ОВАРД

Имсол ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд ва 8 июни соли 2007-ум қабул гардид, 10 сол пур мешавад, ки он ба зиндагии мардум, баргузории маъракаҳо сабукӣ оварда, барои сарфаю сариштакорӣ ва афзоишу зиёдшавии дороии аҳолии кишвар мусоидат намуд.

Даҳ сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин вазниниҳои сохта, қабули қонуни миллӣ зарур аст.

Чуноне ки ҳаёти даҳсолаи мардум нишон дод, қонуни мазкур ба мардум сабукиҳои зиёде овард. Он ба беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини кишвар мусоидат намуд

Дар моддаи 11-и қонуни мазкур омадааст, ки дар маросимҳои дафну азодорӣ ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст. Ҳамаи ин ҳолатҳои овардашуда танҳо сабукиҳо ба сокинони мамлакат мебошанд.

То қабули қонун дар ҷумҳурӣ 70 номгӯи ҷашну маросимҳои расмӣ мавҷуд буд, ки бо қабул шудани қонуни мазкур 55 номгӯи он барҳам хӯрдааст.

Сарфаю сариштакориро ҳоло ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ба дурустӣ дарнаёфтаанд ва пурра риоя намекунанд, ки ин гуфтаҳоро таҷрибаи судӣ нишон медиҳад.

Дар давоми солҳои гузашта, сар карда аз соли 2011-ум то соли 2017 аз тарафи суди ноҳияи Файзобод вобаста ба вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд, ки аз ҷумла дар соли 2011, 1 парванда нисбати як шахс - ҷарима 1050 сомонӣ, дар соли 2012,  7  парванда нисбати 7 нафар – ҷаримаҳо дар маҷмӯъ 10500 сомонӣ, дар соли 2013, 16 парванда нисбати 16 нафар – ҷаримаҳо дар маҷмуъ 13280 сомонӣ, дар соли 2014, 1 парванда нисбати як нафар – ҷарима 2000 сомонӣ, дар соли 2015 қонунвайронкунӣ ошкор нашудааст, дар соли 2016, 3 парванда нисбати 3 нафар – ҷаримаҳо дар маҷмӯъ 7200 сомонӣ таъйин карда, маблағҳои зикршуда ба буҷаи давлат пардохта шудаанд.

Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ, хушбахтона, чунин ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор нашудаанд ва ба суд низ ягон парванда оиди риоя накардани қонуни мазкур ворид нагардидааст.

Барои баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандон судяҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки парвандаҳои ҷиноятӣ, оилавӣ, гражданӣ ва маъмуриро дар маҷлисҳои  сайёри судӣ, яъне дар маҳаллаҳо баррасӣ намоянд, зеро чунин тарзи баррасии парвандаҳо ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, кам гардидани баҳсҳои оилавию гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат мекунад.

Мирзозода ФАЙЗУЛЛО,

судяи суди ноҳия.