Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ИСТИҚЛОЛИЯТ - САРЧАШМАИ ФАЙЗ

Дар  замони соҳибистиқлолӣ, яъне тӯли 25 соли охир Тоҷикистони азиз босуръат рушд кард, дар партави сиёсати дурусту созандаи давлат ва Пешвои муаззами худ – Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишҳои волое мебошад, ки бо талошу заҳматҳои зиёд ба даст омадааст. Дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо роҳи тӯлонии пурпечутоб паси сар гардид. Он чун офтобе  дар фазои сулҳбор ба рӯҳу равони мардум ҷони тоза мебахшаду ба сӯйи фардои дурахшони зиндагӣ раҳнамун месозад.

25 соли даврони Истиқлолият барои мо, ҷавонон мояи ифтихор аст, ки бо дастгирии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.  Ҳадаф аз таъсиси Шӯрои миллии  кор бо ҷавонон  дар назди Президенти мамлакат мавриди баррасӣ  қарор додани  масъалаҳои  вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.                 

Ин Шӯро барои ҷалби ҳарчи бештари  ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани  инфрасохтори  замонавӣ, ҷудо кардани маблағҳои  грантӣ, ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили ресандагиву бофандагӣ, қолинбофиву зардузӣ, таъсиси марказҳои  нави касбомӯзи  мусоидат менамояд.

Умед аст, ки Шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти  ҷавонон заминаи устувор фароҳам меорад, Ҳар яки мо ҷавононро зарур аст, ки  дучанд заҳмат кашем, мунтазам ба омӯзиши  донишҳои муосир, корҳои  илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозӣ машғул шавем. Иштироки фаъоли ҷавонон дар марҳалаҳои навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон, дар тадбиқи ҳадафҳои  ҳукумат, дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ меёбад.

Фаъолияти муваффақонаи ҷавононро дар маъракаи муҳими сиёсӣ - ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло мушоҳида кардем.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқӣ  воридшуда барои фаъолияти мо, ҷавонон майдони боз ҳам фарох кушод, иштироки ҷавононро дар идоракунии давлат ва интихоб ба мақоми роҳбарии  шохаҳои ҳокимият таъмин кард.

Имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоизро ҷавонон ташкил менамоянд. Онҳо бо  ҳисси баланди ватандорӣ ва ору номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мегарданд.

Бисёри ҷавонони мо ба соҳаҳои гуногуни варзишӣ рӯ овардаанд, варзишро гарави саломатӣ дониста барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд. Як қисми онҳо дар мусобиқаҳои варзишии  ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизамонро баланд бардоштаанд. Хушбахтона, бо файзи Истиқлолият дар соҳаи варзиш ва  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо толорҳои варзишии ба талабот ҷавобгӯ ба истифода дода шуд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми  вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар қайд кард, ки «Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ гузорем, зеро иштироки ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мақоми ҳалкунанда дошта,  тақдири ниҳоии раванди мазкур аз бисёр ҷиҳатҳо ба ин қувваи бузург сахт алоқаманд аст».

Ин боварии Сардори давлат мо, ҷавонони даврони Истиқлолиятро водор месозад, ки   ба ин боварӣ ҷавобгӯ  бошем, пайи омӯзиш гардида дар пешрафту тараққиёти тамоми соҳаи ҳаёти ҷомеа нақш гузорем. Ба қадри Истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ки миллату давлатро тавъам  месозад,  бирасем, роҳи шукуфоии бештари Ватани азизамонро ҳифз карда тавонем.

Ман чун хатмкардаи «Гимназияи Файзобод» ифтихор дорам, ки дар қатори садҳо ҷавонони Точикистони азиз дар Донишкадаи бонуфузи ҷумҳурӣ таҳсил менамоям. Барои мо донишҷӯён  тамоми шароитҳо баҳри дониши ҳаматарафа гирифтан муҳайё карда шудааст.

Боварӣ дорам, ки минбаъд дар мамлакат сафи ҷавонони фаъолу ташаббускор бештар мегардад ва саҳми онҳо дар роҳи беҳбуд бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори мамлакат бамаротиб меафзояд. Мо, ҷавонон марзу буми аҷдодиамонро  ҷавонмардона ва далерона  ҳимоя намуда баҳри   дифоъ аз Ватани маҳбубамон шуҷоату далерӣ ва устувориву иродаи матин нишон медиҳем.

Озода Давлатова, 

донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи идоракунии

 давлатии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.