Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

КОНСТИТУТСИЯ АЗОНИ ХАЛҚ АСТ

Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, баррасӣ ва қабули конститутсияи навро дида баромад. Зеро Сарқонуни пешин ба низоми давлатдорӣ рост намеомад ва ҳокимияти то ин давра фалаҷшудаи амалкунанда санадҳои меъёрию ҳуқуқии онро ба ҷо оварда натавонист. Ба ҳамин мақсад 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нав қабул шуд ва солҳои  1999- 2003 ва 2016 ба он тағйироту иловаҳо дохил гардиданд. Қабули конститутсия воқеан ҳам дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошта рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Ин санади муқаддас ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Дар ҳақиқат Конститутсия ҳуҷҷати таърихии муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Ба ин хотир Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бамаврид гуфтаанд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қавлу қасами миллати тоҷик дар назди худ ва халқи ҷаҳон дар мавриди бунёди давлати демократӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аст». Воқеан, Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем. Ин аст, ки дар асоси моддаи 6 Конститутсияи ҶТ халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ва ин нуқта бори дигар собит месозад, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Яъне ки Канститутсия аз они халқ аст ва барои халқ хизмат мекунад.

Абулқосим  БОБОХОНОВ,   
директори МТУ №45.