ҲУҚУҚ
БИСТУ ЧОР СОЛИ МУДОФИА
- Подробности
-
25 Фев 2017
- Опубликовано 25.02.2017 12:24
Подполковник Шамсов Фирӯз Қаҳҳорович, 18 апрели соли 1980 дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев таваллуд шудааст. Солҳои 1999-2004 донишҷӯйи Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Пас аз хатми донишгоҳ дар қисмҳои ҳарбии вазорати мазкур вазифаҳои гуногунро адо кард. Солҳои 2005-2009 муовини аввали Командири қисми ҳарбӣ, Сардори ситоди қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа. Дар ин миён соли 2008 курси Академияи Мидзяжувани Ҷумҳурии мардумии Чинро хатм намуд. Солҳои 2009-2011 бошад, курси Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Росияро дар шаҳри Москва гузашт. Баъди хатми курси мазкур солҳои 2011-2013 вазифаи Муовини командири баталиони муҳофизатӣ оид ба тайёрии ҷангии Вазорати мудофиаи кишварро ба уҳда дошт. Баъдан то соли 2014 дар вазифаи Сардори шуъбаи тайёрии ҷангии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа кор кард. Аз соли 2014 то соли 2017 дар Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Бо Фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2017 ба вазифаи Комиссари ҳарбии ноҳия таъин гардид.
Имсол ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24сол пур мешавад. Бояд зикр кард, ки ин ниҳоди сиёсӣ замоне ташкил шуд, ки Тоҷикистони навбунёд ва тозаистиқлол ғарқи гирдоби ҳар гуна фирқаву равияҳои гуногун ва зери фитнаандозиҳои ғаразноки аҷнабиён қарор дошт. Перомуни дастоварду комёбиҳои ин ниҳоди мудофиавӣ суҳбати мухбирамон Собир Розиқов бо комисари ҳарбии ноҳия Фирӯз Шамсов, ки муҳтавои онро пешкаши хонанда мегардонем.
-Таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвари мо ҳамқадами истиқлол аст. Ба андешаи шумо ин ниҳод дар пойдории давлат то кадом андоза нақши муҳим дорад?
Бисту чор сол муқаддам миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва давлатдории хеш қадам ниҳод. Бо саодати ин дастовард сокинони кишвар зери осмони софу беғубори истиқлолият пайи ободонии Ватан, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ саодатмандона умр ба сар мебаранд. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ба иди муқаддас ва пуршукӯҳи миллати бофарҳанги тоҷик табдил ёфтааст. Дар ин рӯзи пурнишот мо гирди ҳам омада, шукру ифтихор мекунем, ки аз шаҳди ниҳоли истиқлолият меваи пурнишот мечинем.
Тавре аён аст, имрӯзҳо садҳо ҳазор ҷавонмардони шердилу паҳлавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, баҳри таҳкими сулҳу субот ба Ватану миллат хизмат карда истодаанд. Садҳо ҷавонмардони дигар бошанд, барои пойдории сулҳу амонӣ ва якпорчагии давлату миллат ҷони хешро аз даст додаанд, ки ин ҳама аз садоқат ба Ватан ва ҳувияти баланди миллии ҳар яки онҳо шаҳодат медиҳад.
Боиси ифтихор аст, ки танҳо дар ду даъвати соли 2016 аз ноҳияи мо наздики 200 нафар ҷавонмардон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар шомил шуданд, ки айни ҳол дар ҷузъу томҳои ниҳоди мудофиавии мазкур хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд. Мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохтори марбут ба соҳа то оғози даъвати баҳории имсола ташкили вохӯриҳо ва корҳои оммафаҳмониро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо даъватшавандаҳо ба роҳ монем.
-Ҳоло шумо аз корҳои оммафаҳмонӣ ва вохӯриҳо бо сокинони ноҳия сухан рондед. Дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?
Сар аз оғози сол дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, шуъбаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси нақша-чорабинии якҷоя як қатор корҳои оммафаҳмонӣ, аз ҷумла, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, маҳфилу чорабиниҳои маърифатӣ ва як қатор чорабиниҳои дигарро ба роҳ мондаем, ки метавонад ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавононро бедор созад.
Мо тасмим гирифтаем, ки дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа вохӯриҳои рӯ ба рӯро бо даъвати волидон ба қисмҳои ҳарбӣ гузаронем. Падару модарон худ рафта аз шароити қисмҳои ҳарбӣ огаҳ шаванду писаронашонро дар даъват ба хизмати Модар-Ватан раҳнамун созанд. Зеро дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Ба ин хотир ин амри қонунӣ бояд сармашқи кори ҳар як фарди соҳибватан ва бонангу ори миллат бошад.
-Таманниёти шумо дар солгарди Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба ҷавонони ноҳия, ки имрӯз дар сафи Артиши миллӣ адои хизмат намуда истодаанд?
Пеш аз ҳама ба ҳар яки онҳо сарбаландиву пирӯзиҳоро таманно дорам. Хоҳони онам, ки ҳамеша ба савганди ёдкардаашон дар назди халқу Ватан содиқ бимонанд. Ва баҳри суботу оромии мардум ҷоннисори Ватан бошанд.
-Ташаккур.