Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ЧАРО ҶАВОНОН ЗУДБОВАРАНД?

Ҷавонон дар баробари оне, ки нерӯи созандаанд, инчунин як қувваи хеле ҳассос ва зудбоваранд. Дар ин сину сол онҳо наметавонанд ба дурустӣ тасмим бигиранд   аз натиҷаи ҳар амале. Аз ин ҳасосӣ ва зудбоварии онҳо қувваҳои беруна ба хубӣ истифода мебаранду кӯшиш мекунанд, ки баҳри пиёда намудани аҳдофи муғризонаи худ аз қувваи ҷавонон истифода кунанд. Ҷавонони зудбовар ба ин ваъдаҳои хому аз ҳақиқат дури онҳо бовар мекунанду шефтаи найрангҳои онҳо мегарданд ва ба ҳар гуна созмонҳои ифротӣ ҳамроҳ мегарданду умри ҷавони худро беҳуда сарф мекунанд. Мутаасифона имрӯз ҷавононе ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд, ки аксарияташон зодаи истиқлоланд ва андеша намекунанд, ки барои ба чунин сулҳу амният расидан мардуми тоҷик чӣ қадар ҷонбозиҳо карданду бо чӣ машаққату душворӣ ин оромӣ ва сулҳу суботро ба даст овардаанд. Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро чунин гурӯҳҳои тундгаро ва ситезаҷӯ маҳз ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд, на дигар табақаи ҷомеаро. Зеро инсонҳои калонсолу боақл ба хубӣ аз ниятҳои нопоки онҳо огоҳанд ва ояндаи онро ба хубӣ медонанд. Ҷавонон, ки таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд ва сиёҳро аз сафед ба зудӣ фарқ намекунанд   онҳоро ба осонӣ ба доми худ мекашанд. Вале ҷавони соҳибақлу боирода ҳеҷ гоҳ шефтаи ваъдаҳои дуруғи чунин гурӯҳҳо намешаванд.
Яке аз сабабҳои асосии гаравиши ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ ин надоштани саводи кофии данӣ мебошад. Албатта, шахси ҷоҳилу нодонро фиреб додан ва боварии ӯро соҳиб шудан кори осон аст. Сабаби дигар бошад бемасъулиятии падару модар дар таълиму тарбияи фаразанд аст. Мутаасифона баъзе падару модарон худашон дидаву дониста фарзандонашонро ба чунин чоҳ тела мекунанд ва сипас аз марги фарзанди ҷавонашон ангушти пушаймонӣ бар лаб мебаранд. Имрӯзҳо бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо Ҳукумати кишвар дар дурдасттарин деҳаҳои куҳистон  мактаб бунеёд кардааст, то насли ҷавонаш аз таҳсил дур намонад, дар банди ҷаҳолату нодонӣ ва торикии бесаводӣ қарор нагирад. Таъсиси квотаи президентӣ низ маҳз барои он аст ки ҷавонони   имкони   таҳсил карданро дар донишгоҳҳо дошта бошанд.  Дари китобхонаҳо бошанд ҳамеша ба рӯи толибони илм кушодааст. Вале чаро ҷавонони мо аз ин ҳама имкониятҳои барояшон фароҳам буда истифода намебаранду баҳри беҳтар шудани зиндагии худ кӯшиш намекунанд, ба дуруғу фиреби гурӯҳҳои ифротӣ бовар мекунанд. Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем ва ҳар як ҷавони боақл бояд ба нооромиҳои кишварҳои ҷаҳон нигарад ва душвортарин шароити зиндагии онҳоро ба кишвари мо муқоиса кунад. Ҳар ҷавони ҳушманд аст, ба осонӣ пай мебарад, ки зистан дар фазои ором худ давлати бузургест, ки ин оромиро бисёриҳо орзу мекунанду   ба даст оварда  наметавонанд. Ин гуна гурӯҳҳо ҷавонони моро ба ваъдаи додани маблағи ночизе ба худ ҷалб мекунанд. Аммо ҷавонон бояд биандешанд, ки панири бепул танҳо дар дом аст. Дар ҳеҷ давру замон касе ва ё гурӯҳе бе ҳадаф, бе мақсади муайян ба касе чизе надодааст ва намедиҳад.  
Аз ҷониби дигар чунин ҷавонон на танҳо ояндаи худро дар хатар мегузоранд, инчунин ин зарбаи бузурге ба оилаи онҳо махсусан ба падару модари эшон мешавад. Гурӯҳҳои тундгаро аксаран худро ҷонибдори дини мубини ислом, гурӯҳҳои ғамхору накӯхоҳ муаррифӣ мекунанд, вале дар асл ҳадафашон ҷуз ба гумроҳӣ бурдани ҷавонон чизи дигаре нест.  
Имрӯз ҷавонони мо ба ҳар коре, ки иқдом мегиранд бояд пеш аз ҳама ояндаи онро андеше  кунанд. Чанд паҳлӯи як масъаларо санҷидану онро дар тарозӯи ақл баркашидан ва сипас иқдом гирифтанро бояд ҳар як ҷавони боирода сармашқи кори худ кунад. Дар ҳама масъала ҷавонони мо бояд дурандеш бошанд.


                                                                               Мирзораҳимова САРВИНОЗ