Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБРО КОҲИШ ДИҲЕМ

Коррупсия падидаи номатлубест, ки дар рафти амалишавии он «ғараз», «имконот», «манфиат» ба ҳам бархӯрд доранд ва дар бисёр маврид аз оқибати кирдорҳои коррупсионӣ «ду тараф» , «ришвадиҳанда» ва «ришвахӯр» манфиат мебинанд, ҳолати моддии худро беҳтар мекунанд, вале аз оқибати ин кирдор давлат ҳамчун субъекти ба танзимдарорандаи муносибатҳо дар ҷамеа ва бар зидди фасод муборизабаранда зарар мебинад, зеро рафторҳои коррупсионӣ эътмоди мардумро ба давлат коҳиш дода, пояҳои давлатдориро заиф мекунад.

Коррупсия маънавиётро хароб, ахлоқро коста гардонда, дар охир инсони ба фасод гирифторшударо аз оддитарин хислатҳои инсонӣ: ростгӯйӣ, поквиҷдонӣ ва самимият маҳрум карда, ба ҳирси мансабпарастӣ, молпарастӣ, худбинӣ, ҳасудӣ, бахилӣ, дурӯягӣ, дурӯғгӯйӣ, фиребгарӣ ва билохир ба ҷоҳилият табдил медиҳад.

Коррупсия чун зуҳуроте, ки ба бехатарӣ ва амнияти давлат таҳдид менамояд, дар замони ҳозира боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2012 қайд карда буданд, ки «Коррупсия яке аз хатарҳои асосии ҷомеа буда, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷамъият халали ҷиддӣ ворид месозад».

Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли ин масъала баромада наметавонанд ва пеши роҳи ин падидаи номатлуби оқибатҳои ногувор доштаро фақат дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ коҳиш додан мумкин аст.

То имрӯз ягон давлати дунё натавонистааст, ки коррупсияро комилан аз байн барад. Вале давлатҳое ба амсоли Сингапур, Гонконг, Индонезия, Малайзия, Шветсия, Олмон сатҳи онро то ҳадди имкон коҳиш додаанд.

Аз ин хотиро имрӯз бе иштироки аҳли ҷомеа бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурдан душвор аст.

Роҳбарияти сиёсии кишвар таҳти сарварӣ ва саҳмгузории бевоситаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ноил гардидан ба соҳибихтиёрӣ дар қатори дигар масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба масъалаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пеш аз ҳама ба коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чорабиниҳои муҳимеро таҳия ва дар амал татбиқ намудаанд ва ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 таҳти №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Дар соли 2005 қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид ва меъёрҳои он ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин гузаронидани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №34 аз 26 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2008-2012 тасдиқ гардида, имрӯз мавриди иҷро қарор дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 «Стратегияи муқовимат ба коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ ва имрӯз мавриди иҷро қарор дорад

Барномаи мазкур ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои давлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони мансабдорро вазифадор намудааст, ки ҳар кадом дар доираи нақшаи таҳиягардида ва салоҳияти худ корро дар самти пешгирӣ, чораҳои фаҳмондадиҳӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои пайдокунандаи коррупсия ва ба он мусоидаткунанда ҷоннок намоянд.

Аз ин хотир беҳтар мешавад, ки аҳолӣ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ намудани коррупсия мусоидат намоянд. Ин ҳамкорӣ   дар раванди пешгирии коррупсия ва ҳамоҳанг сохтани қонунгузории миллии кишвар метавонад дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ мусоидат намояд.

Илҳомиддин МИРЗОЕВ, нозири калони

пешгирии Шуъбаи минтақавии Рашти Агентии

назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон