Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

АЗ ДАСТАРХОНИ ХОЛӢ КАСЕ НАРАНҶИД

Қурбонгул Ғафурова - ин зани ҳалиму меҳрубону меҳнатқаринро дар деҳаи Лолагӣ пиру барно мешиносанд. Ӯ дар ҳаёти зиёда аз 50-солаи худ ҳамеша пайи меҳнати ҳалолу содиқона ба манфиати мардуми диёр буд. Солҳои тӯлонӣ Қурбонгул дар фабрикаи мурғи марҷон оператори дастгоҳи чӯҷабарорӣ буду шавҳараш Достӣ Асоев коргари бригадаи сохтмонӣ. Онҳо ҳарду коргарони пешқадами фабрика буданд ва инро ба назар гирифта маъмурияти хоҷагӣ барои онҳо аз шаҳраки Лолагӣ хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуд. Аз зиндагии хубу ширинашон соҳиби 4 фарзанд шуданд. Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ Достиро озими муҳоҷират намуд. Қурбонгул бошад, аз сабаби аз кор мондани хоҷагӣ ба беморхонаи марказии ноҳия ба кор рафт. Баробари мардуми дигар азоби замони даргириҳоро  кашиданд, фарзандонро ба воя расониданд ва шукри Яздони пок, ки ҳама азобу шиканҷаҳо паси сар шуд. Фарзандони онҳо коргар шуданду дастёри беминнати падару модар. Барои Қурбонгул ҳар рӯз ба маркази ноҳия рафтан акнун зарурат надошт. Лекин гӯшанишиниро барои худ лоиқ намедонист. Кумитаи маҳалла дар якҷоягӣ бо дастгоҳи ҷамоат ӯро раиси кумитаи занони деҳа интихоб намуданд. Дар ин вазифаи ҷамъиятӣ низ ӯ худро ҳамчун зани кордон, ташкилотчӣ, боғайрат ва чусту чолок нишон дод. Ҳамаи маъракаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии намоиши ҳунарҳои мардумӣ, пухтупазу тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ бо ташаббус ва роҳбарии ӯ сурат мегирад.

Чанде пеш барои ин зани меҳрубону оқила мусибате пеш омад. Шавҳари азизаш ба бистари бемории тӯлонӣ афтода, моҳи ноябри соли гузашта аз олам даргузашт. Азодорӣ барои Қурбонгул оғоз шуд. Мардум ба аёдаташ рафта изҳори ҳамдардӣ мекарданд.  Маросимҳои «се», «чил» ва «сол»-и ҳамсарашро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронид. Замоне, ки Қурбонгул ба дастгоҳи ҷамоат барои гирифтани иҷозатномаи гузаронидани маросими сол омад, ягон зарурат барои фаҳмонидани ӯ набуд. Чунки худ аз пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавассути воситаҳои ахбор огоҳ буд ва ба дигар занон низ талқин менамуд, ки қонуни мазкур саривақтӣ ва фақат ба фоидаи халқи одӣ мебошад. Қурбонгул маросими солро бо риояи пурраи қонуни дар боло зикрёфта ороста кард. Дар саҳни ҳавлӣ дар болои мизҳои тайёркардашуда ва хонаҳо ғайр аз чойнакҳои чой ва якчанд табақчаҳои хурмо дигар чизе набуд. Дар рӯзи маърака имомхатиби масҷиди панҷвақта, раиси маҳалла ва кормандони дастгоҳи ҷамоат иштирок доштанд.  «Достӣ инсони хуб буд»,- шунида мешуд аз забони ҳамсояву ҳамдиёрон ва аз он ки дастархонҳо холист, касе наранҷид ва баръакс ҳамду сано ба ин зани оқилу доно гуфтанд.