ҲУҚУҚ
ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРӢ ҶИНОЯТ АСТ
- Подробности
-
23 Нояб 2017
- Опубликовано 23.11.2017 15:26
БАРОИ ТАЪЛИМИ ФАРЗАНДОН КӢ МАСЪУЛ АСТ?
Тарбияи кӯдак дар ҳар давру замон аз нозуктарин ва мушкилтарин масъалаҳо буда, он асосан аз оила оғоз меёбад. Фарзанд нахуст дар ин муҳит ҳамчун шахсият ва инсони комил ташаккул меёбад ва баъд ба ҷомеа мепайвандад. Агар пояи тарбияи хонаводагӣ заиф бошад, наметавон хулосабарорӣ кард, ки хонавода ба ҷомеа фарди солим ва ташаккулёфтаро дода метавонад. Аз ин нигоҳ, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзанд вазифаи муҳими ҳар як падару модар дар назди ҷомеа ва инсоният мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модарро уҳдадор менамояд, ки фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намуда, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намояд.
Санҷишҳои гузаронидаи прокуратураи ноҳия дар ин самт муайян намуданд, ки мутаассифона, на ҳамаи падару модарон масъулияти худро хуб дарк мекунанд ва ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа, фарзандон даст ба қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд. Мисолҳои поёнӣ тасдиқи ин навиштаҳои болоист.
Ноболиғ Султонов Эмоммуҳаммад Саъдиевич 4 майи соли 2017 тахмин соати 23 дар маркази дилхушии дар қисмати шарқии кӯчаи И.Сомонии маркази ноҳия воқеъбуда бо ҳамроҳии рафиқонаш Достов Қаҳрамон Саидович ва Саидмуродзода Салоҳиддини Фатҳуддин огоҳӣ ёфт, ки шаҳрванд Ғаюров Одилбек Сафаралиевич бо худ маблағи зиёд дорад. Аз ин рӯ бо мақсади ошкоро тасарруф намудани маблағҳои ӯ бо рафиқонаш маслиҳати пешакӣ намудаву пайи таъқиби номбурда шуданд. Одилбек Ғаюровро тахминан соати 24 дар кӯчаи И.Сомонӣ, назди бинои рақами 7 зери латукӯб қарор дода, аз ҷайби шими ӯ 350 сомонӣ пули нақдро тасарруф кардаву аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Ин наврасон бо чунин киродорашон ба Ғаюров О.С. ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна ва зарари ҷиддии моддӣ расонданд.
Санҷиши ҳолати мазкур муайян намуд, ки ноболиғ Султонов Э.С. дар тарбияи модараш Назарова Саломат Дӯстмуродовна қарор дорад ва барои ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо нисбати модари ноболиғ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардид.
Ё ин ки ноболиғ Раҷабзода Муҳаммадосимии Таваккал 20 марти соли 2017 дар кӯчаи Саидшоҳии маркази ноҳия тахминан соати 10 бо мақсади дуздӣ дари автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс», рақами давлатиаш 42-88 АС 01, ки ба шаҳрванд Давлатов Мирзомуддин Хурсандович тааллуқ дошт ва дар канори роҳи мошингарди ин кӯча гузошта шуда буд, кушода, пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мазкур як адад флешкорд арзишаш 25-сомонӣ, як адад ҳамёни дастӣ арзишаш 30 сомонӣ, ки дар дохилаш 725 сомонӣ пули нақд буд, як адад дафтари корӣ арзишаш 15сомониро тасарруф мекунад. Ҳамёни дастӣ ва дафтари кории дуздидаашро дуртар аз ҷои ҳодиса партофта, 25 сомон маблағи нақдро ба манфиати худ истифода кардаву 700 сомонии боқимонда ва флешкордро бо худ нигоҳ медорад. Бо ин кирдорҳояш Муҳаммадосимии Таваккал ба Давлатов М.Х. ба маблағи 795 сомонӣ зарари ҷиддӣ расондааст.
Ҳамчунин ноболиғ Раҷабзода М.Т. такроран 28 марти соли 2017 тахминан соати 11 бо мақсади дуздӣ боз дар кӯчаи Саидшоҳии маркази ноҳия дари даромади автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» рақами давлатияш 94-84 АЕ 08, ки ба шаҳрванд Бобиев Фазлиддин Иноятуллоевич тааллуқ дорад ва дар канори роҳи мошингарди кӯчаи мазкур қарор дошт, кушода пинҳонӣ аз дохили автомашинаи мазкур як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг» (арзишаш 1500 сомонӣ)-ро тасарруф намудаву онро дар манзили истиқоматии худ воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода пинҳон мекунад. Бо ин амали нангини худ номбурда ба Бобиев Ф.И. ба маблағи 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонд.
Боиси зикр аст, ки ноболиғ Раҷабзода М.Т. дар тарбияи падараш Юсупов Таваккал Раҷабович қарор дорад. Ана ҳамин бемасъулиятиро дар тарбияи писари ноболиғаш ба назар гирифта, нисбат ба Юсупов Т.Р. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.
Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро низ ошкор намуд, ки баъзе аз падару модарон бо рафтори худ даст ба ҷинояткорӣ задаву бар хилофи манфиатҳои фарзандонашон, монеи идомаи таҳсили онҳо мешаванд. Чунончӣ, Давлатова Гулнисо Мирзошоевна, сокини деҳаи Файзобод, Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадор буд, ки барои ба таълим фаро гирифтани фарзандаш мусоидат намояд, яъне бо ин мақсад барои таҳсили фарзандаш дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда, ҳамчунин ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намояд. Аммо Давлатова Г.М. дидаву дониста ба таҳсили фарзанди ноболиғи худ Тоҳирова Идигул Фирдавсиевна, ки айни ҳол бояд дар синфи 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Файзободи ноҳия таҳсил мекард, монеъ шуда, ӯро аз аввали моҳи сентябри соли 2016 то инҷониб аз таҳсил дур сохтаву ба корҳои рӯзгори хона ҷалб намудааст.
Зимни санҷишҳои прокурорӣ ҳамин ҳолатҳоро ба инобат гирифта, прокурори ноҳия нисбати Давлатова Г.М. бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳия фиристод. Ба Давлатова Г.М. бо ҳукми суд ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввало падару модар уҳдадории худро адо намуда, вазифаи хешро оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамоянд. Волидон барои ба таври зарурӣ ба иҷро расонидани уҳдадориҳои ба зиммадоштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то вазифаи падару модарӣ, ҳамчунин, инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки азалан ба зиммаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва бояд онро ихтиёран ба иҷро расонанд. Вақте ки падару модарон аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар боби таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ менамоянд, ба он оварда мерасонад, ки рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад. Дар ин сурат лозим меояд, чунин ашхос уҳдадории худро дар зери маҷбурияти давлатӣ амалӣ кардаву ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Қонуни мазкур на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, инчунин, ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадор мекунад, ки нисбат ба таълиму тарбия масъул бошанд ва дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд.
Азиззода C.С,
прокурори ноҳия,
мушовири адлияи дараҷаи 1.