Сб12212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

АРТИШ МАКТАБИ ҶАВОНМАРДИСТ

Имсол ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар давраи хеле пуртаззод, замони  ҷонбозиҳо баҳри таъмини сулҳу субот арзи вуҷуд намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии артиш барои мустаҳкам шудани иқтидори Ватан беандоза кӯшиш менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии артиш ва тарбияи   мутахассисони варзида таваҷҷуҳ  зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки бо ҳисси ифтихор ва масъулият дар сафи пеш бошем.

Сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои насли наврас мактаби бузурги обутоби ҳарбию ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки ватани азизро ёд мегиранд.

Бо хушнудӣ изҳор менамоям, ки Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат гардида, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо беш аз 352 нафар ҷавонписарони ноҳияи Файзобод дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро бо сарбаландӣ иҷро намуда истодаанд. Ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он барои ҳар шаҳрванде, ки дар хоки муқаддаси Ватан ҳаёт ба сар мебарад, қарзи виҷдон  ва амри қонунист. Зеро дар моддаи 43-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст».  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо 19 нафар ҷавонони Файзобод дар литсей ва донишгоҳҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Мо бо номи неки фарзандони барӯманди диёрамон генерал-майори адлия Ҳабибулло Юсуфов, Меъроҷиддин Ҳакимов, полковникҳо Раҷабалӣ Собиров, Саид Каримов, Асомиддин Сафаров, Маҳмадшӯриш Шарифов, подполковникҳо Умаршо Холов, Суҳайлӣ Раҷабов, майор Зафар Раҳматов, лейтенанти калон Асламбек Худойдодов ва даҳҳо дигарон ифтихор менамоем.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияти хеш дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат нисбат ба савганди ҳарбӣ зоҳир карда, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ қисме аз онҳо ҷони худро дар роҳи озодии Ватан нисор намуданд. Номи шаҳидон дар ёди   мардуми ҷумҳурӣ, дар саҳифаҳои таърих  мемонад.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди муқаддас ва пуршукӯҳи миллати бофарҳанги тоҷик табдил ёфтааст. Дар ин рӯзи пурнишот мо гирди ҳам омада, шукргузорию ифтихор мекунем, ки аз ниҳоли меваи пурнишоти истиқлолият баҳравар ҳастем.

Комиссариати ҳарбии ноҳия вазифаҳои хизматии худро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба роҳ мондааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ комиссариати ҳарбӣ як қатор чорабинӣ гузаронд. Дар давоми сол ба қайдгирии ибтидоии ҳарбии ҷавонон ба анҷом расонда,  2 маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин карда шуд. Бахшида ба ҷашну идҳои миллӣ дар қисмҳои низомӣ дастурхони идона ороста, бо ҳузури падару модарон аз шароити хизмати сарбозон огоҳ гардидем, то рӯҳияи ҷавонон ба ватанпарастӣ боло равад.

Боварӣ дорем, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат барои ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд.