ҲУҚУҚ
КОРГУЗОРӢ БО ҲУҶҶАТҲО МУНОСИБАТИ ҶИДДИРО МЕХОҲАД
- Подробности
-
13 Апр 2018
- Опубликовано 13.04.2018 14:23
Фаъолияти бахши Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Дар соли 2017 аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 6154 адад сабт тартиб дода шудааст, ки 3402-тои он ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тааллуқ доранд: 2243 адад сабти таваллуд, 300 адад сабти вафот, дар маҷмӯъ 55 фисади сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рост меояд.
Баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти кории мутасаддиёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сари масъалаи мазкур камбудиҳо ба назар мерасанд.
Роҳ додан ба хатоҳои имлоӣ ва хунукназарона рафтор намудани шахси мутасаддӣ нисбати ҳуҷҷатгузорӣ сабаб мешавад, ки шаҳрванд аз нав ҳуҷҷати такрорӣ гирад, ислоҳот дарорад ва ин сабаб мешавад, ки ба буҷаи оилаи шаҳрванд хисорот ворид гардад. Камбудии дигаре, ки дар фаъолияти котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба чашм мерасад, сари вақт аз қайди давлатӣ нагузаронидани навхонадорон мебошад ва ин сарчашма мешавад барои дер гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, яъне барқарор намудани сабти таваллуди кӯдакони аз яксола боло, ки ба 1205 адад ва сабти муқаррар намудани падарӣ, ки ба 442 адад расидааст.
Тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ барои марду зан аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳақ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.
Дар соли 2017 дар 24 адад маҷлиси судӣ оид ба кам кардани синни никоҳӣ иштирок намудем ва дар рафти маҷлиси судӣ ба ҳолатҳое вохӯрдем, ки духтарон ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани худро нишон медоданд, лекин сабаби рад карда натавонистани мо ва судяҳо баъзан маълумотномаҳое мешуданд, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати надоштани шароити молиявӣ ва камбизоатӣ дода шудаанд. Инчунин ба зинаи сеюми таҳсил, яъне синфи 10-11 фаро гирифта нашудани духтарон низ сабаб мегардад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2017 аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Бахши САҲШ-и ноҳия 951 адад никоҳ, аз ҷумла 754 адад никоҳи тантанавӣ ба қайд гирифта шудааст. Камбудиии ҷиддие, ки аз ҷониби баъзе аз котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот содир мегардад, насупоридани ҳисоботи оморӣ дар вақти муайянгардида ва бо камбудиҳо супоридани он мебошад. Аз 339 адад никоҳҳои бекоршуда 250 ададашон дар асоси ҳалномаи суд бекор гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки аз оилаҳои вайроншуда 351 нафар (соли 2015-95 нафар, соли 2016- 118 нафар, соли 2017- 138 нафар) кӯдакони ноболиғ боқӣ мондаанд, ки аксарияташон дар тарбияи модар мебошанд.
Баҳри рафъи камбудиҳо моро мебояд, ки дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ноҳия дар ин самт кор барем, то ин ки камбудиҳои ҷойдошта сари вақт бартараф гарданд.