Вт09182018

Last updateВт, 18 Сен 2018 5pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ

Эҳтиётро ними ҳаёт гуфтаанд, гузаштагонамон.  Имрӯз, бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳ  бо эҳтиёт будан тақозо мешавад. Аз ин мебарояд, ки ҳар шахс ҳангоми убури роҳҳои нақлиётӣ эҳтиёткор бошаду саломатии худ ва дигаронро зери хатар нагузорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон дар қаламрави ҷумҳурӣ ташвишовар гаштааст, ки ин боиси нигаронии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат  гардидааст. Дар бештар аз як моҳи   соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ 82 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 45 нафар зери нақлиёт монда, 14 нафар пиёдагардон ҳалок, 30 нафари онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Зиёдшавии чунин ҳодисаҳои нақлиётӣ дар шаҳри  Душанбе 57 фоиз, ноҳияҳои Хуросон ва Ёвони вилояти Хатлон 41,7 фоиз ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 57 фоиз  ба чашм мерасанд.

Ба мақсади баланд бардоштани интизоми ронандаҳо дар роҳ, ҳамчунин пиёдагардҳо ва коҳиш додани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 10 то 20 феврали соли 2018 амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» гузаронида шуд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» дар ШБДА ШВКД-и ноҳия нақша-чорабинӣ тасдиқ ва амалӣ гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёт баробари  кормандони  ШБДА ШВКД ҳамчунин  нозирони ғайриштатӣ ва аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода гардид.

Ҳайати шахсии кормандон барои пешгирии қоидавайронкуниҳои пиёдагардҳо ва баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ дар терминалҳои мусофирбар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва суҳбату вохӯриҳо гузаронд, то сатҳи ҳодисаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардҳо   коҳиш дода  шавад.