ҲУҚУҚ
«АПТЕК»-У «БАЛНИСА» НЕ, «НАЛОГ» ҲАМ НЕ, ДОРУХОНАВУ БЕМОРХОНА, НОЗИРОТИ АНДОЗ ВОЖАҲОИ ЗЕБОЯНД
- Подробности
-
27 Фев 2018
- Опубликовано 27.02.2018 08:39
Вақте ки мо ба забони давлатӣ-модарии хеш арҷ гузоштанӣ ҳастем, нахуст бояд дар гуфтугузор, суҳбату вохурӣ, суханронии байни яку ду ё ом диққат диҳем. Дар хона бо аҳли оила низ нагузорем, ки фарзандони мо дар муошират аз каломи ғайритоҷикӣ истифода кунанд. Манзур ин аст, ки мо ҳар соату ҳар дакиқа дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо наздикони худ ин вожаҳои номақбулро шунида нороҳат мешавем. Ҳатто аз нафарони масъул, идорашинҳо, иддае аз роҳбарон (маъзарат аз кулашон) зиёд мешунавем, ки «я балниса рафта биём» ё «аптек мерам, тез меём» ва боз «налог файрод кардиян, чӣ мегуфта бошан», гӯён ба ҳам муошират мекунанд. Албатта солиёни зиёд дар истилоҳоти насли калон ин вожаҳои маъмулии муошират буд, аммо аз қабул ва истифодаи ҳатмии забони тоҷикӣ, ҳамчун забони давлатӣ беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад. Наход, ки то имрӯз мо масъулият ҳис накунем, ки дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва борҳо ба он таҷдиди назар низ шудааст. Ҷавонони то сисолаи мо дар замоне ба камол расидаанд, ки забони муошират ва коргузории мо забони тоҷикӣ мебошад. Забоне, ки ба он Ҳофизу Саъдию Бедил, Бозору Лоиқу Гулрухсор шеър гуфтаанд. Пас, мо вазифадорем, ки ин забонро чун дигар муқаддасоти миллии кишварамон ҳифз кунему ба он арҷ гузорем. Тавре болотар ишора шуд, агар мо тозагию нафосати забони тоҷикиро аз хона, аз оила оғоз накунем, он гаҳ дар мактаб ё ҷои корамон ба душвориҳо рӯ ба рӯ меоем. Барои ин ҳамарӯза бо фарзандон бо лаҳни хубу шевои тоҷикӣ ҳарф гуфтан, вазифаи ҷонии ҳар як падару модар аст. Дигар ин ки, хуб мешуд аҳли зиё дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои тозагию нафосати забони модарии мо бо мардум суҳбатҳои сарироҳӣ ва кӯтоҳе доир намуда, онҳоро аз истифодаи калимаю ибораҳои ғайр боздоранд.
Ҳар нафаре, ки ба забони модарии хеш-забони тоҷикӣ арҷ мегузораду ин забонро эҳтиром мекунад, бояд бе ягон тарсу изтироб ва ё дидилагӣ ҳамсуҳбати худро аз ғалат гуфтану ғалат ҳарф задан нигоҳ дорад. Дар ҳамин сурат мо забони тоҷикии худро тоза аз ҳама олудагиҳо нигоҳ дошта метавонем.
Мактаб ва корхона макони дувуми омӯзиш ва пок нигаҳ доштани забони модарӣ мебошад. Аён аст, ки агар мо забони модарии хешро дар сатҳи лозима надонем, омӯзишу донистани забони дигар низ барои мо душвориҳои грамматикиро пеш меорад. Гуфтаи шоир ҳам ба ин маънӣ аст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Дигар аз воситаҳое, ки моро ба қиматии забони модарӣ далолат мекунад, ин шиору овезаҳои идораву муассисаҳо ва роҳу кӯчаву хиёбонҳо аст. Дар ин овезаҳо мебояд панду андарзҳои дорои мазмуни баланд, ҳидояткунанда ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар мисраҳои талқинкунанда ба фардои нек аз абёти классикони форсу тоҷик ҷо гиранд. Ва ҳамаи ин навиштаҳо зери назари комиссияи махсуси назди мақомот, ки ба назорати риояи забони давлатӣ сару кор дорад, анҷом бояд гирад.
Бо риояи ҳамаи ин талабот мо як рукни муқаддасоти миллии хеш – забони давлатӣ, тоҷикиамонро ҳифз карда, ҳамзамон яке аз вазифаҳои муҳими хештаншиносиро ба ҷо меорем ва ба ояндаҳои худ аз ғановату бузургии ин забон бо сари баланд ҳарф зада, ифтихор ҳам карда метавонем.