Вт10222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

КАДХУДОИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ

Қара дар куҷое тӯю маърака мешуд, гуфтаю ногуфта чун магаси болои гандидаҳо сар мехалонд. Хӯрдагиашро мехӯрду мондагиашро мебардошт. Дар коргоҳ аз худ «оқсақол» тарошида хӯрокро ба табақҳо тақсим мекард, аз гӯшти болои табақ тез-тез ба даҳон партофта дулинҷа мехоид. Боре аз саросемагӣ гӯшт дар гулӯяш дар монда, бовар кунед қариб буд, ки мурад. Агар Содиқӣ намешуду дар тахтапушташ дунгӣ намефаровард сад фоиз мурданаш мумкин буд. Ҳамааш як тараф, қанду қандалот, нону кулчаро ба сояи дасташ ба кисаи пиҷакаш метиқонд, хаёл мекарди Қори Исмати ҳақиқист. Аз рафторхои аблаҳонаю чашми гуруснааш ҳама огоҳ буданд. Рӯзе Қодирӣ дар як нишаст савол дод:

- Аз модаронатон пурсед, ки шумо пистони онҳоро чӣ гуна мемакидед?

Чанд вақт гузашт, касе чизе нагуфт.

Ҳамкоре рӯзе ҳангоми хӯрокхӯрӣ рӯ баҚодирӣ овард:

- Саволи чанд рӯз пеш додаатон бе ҷавоб монд.

Қодирӣ гуфт:

- Кӯдаке, ки як пистонро мемакаду бо дасти дигараш бозӣ мекунад, оянда саховатманд аст, вале кӯдаке, ки сина мемакаду бо дастаи дигараш синаи модарро медорад, аз ояндаи кӯдак саховат умед накун.

Аҳли нишаст рост, рост гуфтанду қоҳ-қоҳ хандиданд.

Мазорӣ худро аз ханда ба зӯр дошта гуфт:

- Чизе, ки шумо мегӯед, ба Қара рост меояд.

- Рост мегӯед, акаи Мазорӣ, Қара болои табақи хӯрок меҳмони омадро намебинад, тез-тез тика рост карда фурӯ мебарад.

Қараи баднафс дар тӯю маъракаҳо бешармона мегуфт:- «Ҳой акаи ошпаз, як лаълии дигар илова кунед». Ё ду коса шӯрборо хӯрда маъракаро тарк мекард. Замона чаппагардон шуду Қараи баднафс «оқсақол» шуд. Меҳмонҳо на нони гармашро диданду на оши зирбакдор ва на шаробу кабобашро. Раҳимӣ гуфт:

- Қара, дар маъракаҳои мардум забонат дар комат намерасад, дар маъракаи худат дамат дарун задаст, тенҷист? Акнун мо ҳамтабақонат фаҳмидем, ки ту, Қара кадҳудои дастархони мардум будаӣ. Мо ҳайронем, минбаъд сари дастархони мардум «монеду гиред» мекарда бошӣ?

Яке аз нишастагон гуфт:-«Кадом вафодор аз устухонхоӣ мемонад?!».

                                                                                                         Қ.Ҷомӣ, омӯзгори собиқадор.