Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИФТИХОР

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӣ ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӣ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӯЗИ МОДАР»


Модарони меҳрубон!

Ҳамдиёрони азиз!

                Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол-баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас – ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.

                Зан-модар дар ҳама давру замонҳо дар баробари офарандаю тарбиятгари инсон будан, боз дар қатори мардон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолона ширкат варзида, дар ташаккули равандҳои ҷомеа, зебову гуворо гардонидани зиндагӣ саҳми босазо мегузорад. Имрӯз занон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз худ диловарию қаҳрамонӣ ва шуҷоату шарафмандӣ зоҳир менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому мартабаи занон дар зиндагӣ афзуда, саҳми онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рӯз то рӯз беҳтару бештар мегардад. Дар ин давра дар миёни кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки дар қатори дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ба Конвенсияи байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои таъбиз нисбати занон» ҳамроҳ гардид. Баробари ҳамроҳ шудан ба Конвенсияҳои байналхалқӣ аз ҷониби парламенти мамлакат қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва як қатор дигар қарору фармонҳо ба имзо расиданд, ки ба таъмини пурраи сиҳатии модарону кӯдакон, баланд бардоштани мақому манзалат ва маърифати ҳуқуқии занону модарон равона карда шудаанд. Ғамхориву тадбирҳои давлату ҳукумат дар ҳаққи занон пайваста идома   меёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд намуданд: «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба роҳбарӣ гирифта, баҳри дар амал татбиқ намудани он мунтазам чораҳои амалӣ меандешад.

Имрӯз дар ноҳия 24 нафар роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, 30 нафар хизматчиёни давлатӣ, 20 нафар директорону муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби занонанд. 350 нафар занон ба ҳайси духтурону ҳамшираҳои шафқат ва 691 нафар ба ҳайси омӯзгорон фаъолият менамоянд. Боиси ифтихору зикр аст, ки дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 12 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 44 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб гардиданд.

Ҳамдиёрони азиз!            

Ҳеҷ як ситоишу сухане наметавонад бо меҳру муҳаббати модар, ранҷу машаққати ӯ дар тавлиду тарбияи фарзанд ва ободии хонадон баробар бошад.

                Бо як ҷаҳон ихлосу меҳр ҳамаи модарону хоҳарони азиз, бонувони мушфиқу меҳрубонро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба ифтихори иди зебои баҳор- «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, саодати рӯзгору барору комёбиҳои беназирро таманно мекунам.

Идатон муборак, модарону хоҳарони азизу гиромиқадр!