САҲИФАИ АСОСӢ
МУОИНАИ ТЕХНИКӢ ҲАТМИСТ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20.03.2020 14:42
- Просмотров: 23066
Вобаста ба гузаронидани муоинаи ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳо, идораҳо, ташкилотҳо, муассисаву корхонаҳо ва воситаҳои нақлиёти автомобил дар ноҳия фаъолиятдошта, таҳти №21 аз 2 марти соли 2020 амри раиси ноҳия ба тасвиб расид.
НАВРӮЗИ ВАШГИРД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20.03.2020 14:27
- Просмотров: 23289
Сокинони Ҷамоати деҳоти Вашгирд ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати тоза истиқбол гирифтанд. Ба омад- омади баҳори нозанин хурду бузурги ҷамоат ба ҳашари умумӣ баромада зиёда аз 700 дарахти арчаро, ки дар ду тарафи шоҳроҳ шинонида шудааст нарм карда озуқа доданд. Инчунин ҷӯй ва заҳбурҳоро тоза карда, гулҳои ҳархела шинониданд.
АЁДАТИ МОДАРОНИ САДСОЛА
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05.03.2020 16:27
- Просмотров: 13388
Дар асоси супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 2 то 6 март дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи Модар» таҷлил мегардад.
Э Ъ Л О Н
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 03.02.2020 14:39
- Просмотров: 14712
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИНИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.
ВАҲДАТИ ШУКУФТАНҲО
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05.07.2019 14:18
- Просмотров: 14064
Арафаи иди Ваҳдати миллӣ буд. Дарси навбатӣ ҳам то андозае ба ин мавзӯъ вобастагӣ дошт. Яке аз шогирдон маънои вожаи «Ваҳдат»-ро аз ман пурсон шуд. Пас аз шарҳи васеи ин калима диққати ӯ ва аҳли синфро ба нооромиҳои солҳои навадуми асри гузашта ва истиқрори сулҳи тоҷикон ҷалб намудам. Табиист, ки шогирдони ман дар он солҳо таваллуд нашуда буданд, шояд падару модарони бисёре аз онҳо 12-15-сола буданд. Худи ман, ки фаъолияти омӯзгориам акнун ба ёздаҳсолагӣ мерасад, дар солҳои даргириҳои кишварамон хонандаи зинаи поёнии таҳсилот будам. Ҳар чизе, ки аз он рӯзҳои талх медонем, аз саҳифаҳои китобҳои таърих ва рӯзномаю маҷаллаҳост.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ЧАШМАСОР
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05.07.2019 14:15
- Просмотров: 13360
Баргузории иду ҷашнҳо дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳот анъана шудааст. Аз ҷумла таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Ғалаба дар маркази деҳоти Қалъаидашт ва иди Ваҳдати миллӣ дар Мискинобод соли гузашта то дерҳо дар хотираҳо нақш баст. Имсол бошад дирӯз таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар деҳоти Чашмасор баргузор шуд. Саҳни муассисаи таълимии деҳаи Дурахшон ҷойи баргузории чорабинии ноҳиявӣ интихоб шудаву сокинони ҷамоати мазкур ба он омодагии махсус дидаанд. Баробари намоиши дастранҷи меҳнатии сокинони ҷамоат ҳамчунин ҳунарҳои мардумии онҳо манзури меҳмонону ҳозирин гардонида шуд.
ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 05.07.2019 14:14
- Просмотров: 13432
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзҳо тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди навбатии иди Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия табрик мегӯям.
Иди Ваҳдати миллӣ зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 20.08.2018 10:01
- Просмотров: 13712
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаҳои хизматчиёни ҳарбӣ» фармон медиҳам:
МОДАРОН ТАШНАИ СУЛҲАНД
- Подробности
- Категория: САҲИФАИ АСОСӢ
- Опубликовано 25.06.2018 15:41
- Просмотров: 14802
Таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва амсоли он аз таҷрибаи талхи таърихи на онқадар дури кишвари азизамон ва вазъи ноороми як қатор кишварҳои ҷангзадаи дуру наздик маншаъ мегирад. Мутаассифона, ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта аз хотири баъзеҳо фаромӯш шудааст, ки бархе аз ҷавонони мо ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва экстермистӣ пайваста, ҳаёти худро дар хатар гузошта, обрӯю эътибори падару модар ва хешовандонро мерезонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҷалби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистӣ вақтҳои охир дар ҳудуди Федератсияи Россия аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ бештар сурат гирифта истодааст, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа аст. Ҷавонон аз ноогоҳӣ, сустиродагӣ пайрави гурӯҳҳои тундраву иртиҷоӣ мегарданд. Шояд аз тарбияи нокифоя, шояд аз беназоратии волидайн ё атрофиён. Далели аз як деҳаи Дурахшони Ҷамоати деҳоти Чашмасор наздики 41 нафар, ки 14 нафаршон занонанд, ба доми ифротгароён афтода, имрӯз бо занҳою кӯдакони хурдсоли худ ба давлати ҷангзадаи Сурия рафтаанд, моро меҳмони хонадони модари яке аз ин нафарон намуд.