Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ИҶРОИ БУҶЕТИ МАҲАЛЛИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР СОЛИ 2019

 Дар соли 2019 ба қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ воридгашта, ба ҷои 51081482 сомонӣ, 51401157 сомонӣ ё ба андозаи 101 фоизи нақшаи аниқшуда маблағҳо ворид шудаанд, ки аз нақша ба маблағи 319675 сомонӣ зиёд буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7205692 сомонӣ зиёд мебошад (44195465 сомонӣ).

   Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 32481482 сомонӣ, 31834095 сомонӣ ё ба андозаи 97 фоизи нақша маблағҳо ворид гардид, ки ин аз нақшаи аниқшуда 647387 сомонӣ кам буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 4635332 сомонӣ зиёд мебошад (27198763 сомонӣ).

   Аз сарчашмаҳои даромадҳои худӣ бошад ба ҷои 18600000 сомонии нақшаи аниқшуда 19567062 сомонӣ, ё ба андозаи 105 фоиз ворид гардид, ки ин аз нақша 967062 сомонӣ зиёд буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2570360 сомонӣ зиёд мебошад (16996702 сомонӣ).

     Дар дувоздаҳ моҳи соли равон инчунин аз ҳисоби бақияи маблағҳои озоди буҷети маҳаллии ба аввали сол боқимонда, барои хароҷотҳои дар буҷет пешбининашуда 1199227 сомонӣ равона карда шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 187059 сомонӣ кам мебошад.

   Дар ин давра нақшаи ҷамъоварии андозҳои иҷтимоӣ ба ҷои 14008244 сомонӣ, 13971064 сомонӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардид, ки аз нақша 37180 сомонӣ кам буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1447483 сомонӣ зиёд таъмин карда шуд (12523581 сомонӣ).

   Имкониятҳои аз ин бештари ба буҷет ворид гардидани андозу даромадҳо мавҷуд буд, вале бисёр андоздиҳандагон ӯҳдадории худро оиди пардохти андозҳо дар назди давлат сари вақт ва пурра иҷро накардаанд. Аз ин рӯ ҳаҷми бақияпулиҳо аз рӯйи андозҳои нопардохта ба 1 январи соли 2020-ум 638 ҳазор сомонӣ боқӣ монда, нисбати аввали сол 327 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

   Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 53352889 сомонӣ ба 52250927 сомонӣ ё ба андозаи 98 фоиз хароҷот гардид, ки аз нақшаи аниқшуда 1101962 сомонӣ кам ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8294157 сомонӣ зиёд мебошад (43956770 сомонӣ).

М А Ъ Л У М О Т

 

оид ба иҷроиши буҷети соҳаи маориф ва тандурустии буҷети маҳаллии

 

ноҳияи Файзобод дар соли 2019

 
   

Нақша

Иҷро

Фоиз

 
 
 
 
 

Соҳаи маориф

       

2111

Музди меҳнат дар шакли пулӣ

22591113

22545750

100

 

2121

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

5643031

5613671

99

 

2211

Захираҳои моддию молӣ

1003572

918747

92

 

2213

Маводи сухт ва равғанҳои молиданӣ

17900

10428

58

 

2214

Хароҷоти ҷорӣ ба ғайр аз таъмир

516304

501097

97

 

2215

Таъмири ҷорӣ

1412905

1316414

93

 

2216

Пардохти хизматрасонии мутахассисон

429864

365092

85

 

2217

Пардохти хизматрасонии коммуналӣ

842461

783956

93

 

2218

Пардохт барои хизматрасонии алоқа

75626

66740

88

 

2219

Дигар молу х/ҳои ба ка/и дигар ма/да

110746

73450

66

 

2713

Сугуртаи бино ва тачхизот

18298

14598

80

 

2721

Идрорпулиҳо

34224

33862

99

 

2812

Бинохо ва иншоот

600000

568745

95

 

2814

Мошинҳо ва таҷҳизот

717996

566569

79

 

2815

Фондҳои асосии ғайримоддӣ

59432

58420

98

 
 

Ҳамагӣ

34073472

33437538

98

 
 

Соҳаи тандурустӣ

       

2111

Музди меҳнат дар шакли пулӣ

6381682

6379057

100

 

2121

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

1593171

1576797

99

 

2211

Захираҳои моддию молӣ

326720

300693

92

 

2213

Маводи сухт ва равғанҳои молиданӣ

85400

79985

94

 

2214

Хароҷоти ҷорӣ ба ғайр аз таъмир

52980

45582

86

 

2215

Таъмири ҷорӣ

296123

288433

97

 

2216

Пардохти хизматрасонии мутахассисон

137800

130883

95

 

2217

Пардохти хизматрасонии коммуналӣ

328400

325728

99

 

2218

Пардохт барои хизматрасонии алоқа

27900

27522

99

 

2713

Сугуртаи бино ва тачхизот

8600

5600

65

 

2728

Транфертҳои ба дигар категориҳо ш/а

10000

10000

100

 

2812

Бинохо ва иншоот

400000

355133

89

 

2814

Мошинҳо ва таҷҳизот

468468

375807

80

 
 

Ҳамагӣ

10117244

9901220

98

 
 

Ҳамаг хароҷотҳо

44190716

43338758

98