Ср04252018

Last updateВт, 24 Апр 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla
Пред След Саҳифа:

САҲИФАИ АСОСӢ

САРИ ЧАНД АНДЕШАИ ҶОЛИБ

Аз рӯзи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як моҳ гузашт. Ман бошам, ҳанӯз таҳти таассуроти он қарор дорам. Паёмро тавассути оинаи нилгун  гӯш карда, инчунин матни пурраи маърӯзаро дар нашрияи «Набзи Файзобод» мутолиа намудам.

Бояд бигӯям, ки ҳамасола, вақте ки Сарвари давлат назди халқ баромад мекунаду аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукумат ҳарф мезанад, аз бисёр чизҳо огаҳӣ пайдо менамоям. Сардори давлат аз дигаргуниҳои давоми як сол баамаломада ҳисобот дода, дар назди ҳукумат бо мақсади дигаргуниҳои нав ба нави ҳаёти кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Нуктаҳои муҳиме, ки атрофи тамоми масъалаҳои тараққию рушди кишвар баён мегардад, воқеан касро ба ваҷд меоранд.

Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони озод пеш аз ҳама ба ин нукта диққат додам: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд».

Ин боиси ифтихори халқи тоҷик аст.

Пешвои миллат мужда мерасонад, ки имсол барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Мо медонем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» босуръат давом дорад ва агрегати аввалини он охири ҳамин сол ба кор медарояд. Барои суръат бахшидан ба рафти корҳо имсол қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. НБО «Роғун» ифтихори халқи тоҷик буда ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири амиқ мегузорад.

Мардуми кишвар медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аввалин бор бе маҳдудият бо барқ таъмин шуданд.

Ман, ки кормнади соҳаи тандурустӣ ҳастам, аз пешравию дигаргуниҳои соҳа хурсанд мешавам.  Воқеан, соҳаи тандурустӣ беш аз пеш бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин мегардад, мутахассисони соҳа пурқувват мешаванд. Президенти кишвар аз ин хусус сухан ронда, таъкид менамояд, ки «…дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд». Бо ин ҳарфҳо нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозиро дар назар дорад. Мо медонем, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст. Пас чаро доруи дармониро  аз хориҷи кишвар меорем, ҳол он ки бисёри онҳо пастсифатанд?

Ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардани Сарвари давлат далели ақлу заковати комил ва хирадмандии ӯст.  Ду фарзанди ман дар муассисаи таълимии №1 хонда, ҳоло дар донишгоҳҳои тиббӣ, яке дар пойтахт, дигаре дар хориҷи кишвар, соҳиби ихтисос мешаванд. Ду нафари дигараш таълимгирандагони ҳамин мактаб мебошанд. Ман падари ғамхор нестам, агар ба таҳсили онҳо мароқ зоҳир накунам. Фарзандони ман дар хондану тартибу интизом дар мактаби мазкур намунаанд. Ногуфта намонад, ки банда раиси Ассотсиатсияи волидону омӯзгорони ҳамин таълимгоҳ ҳастам. Вақте аз ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаққи омӯзгорон огоҳ мешавам, сарам ба осмон мерасад.

Дар Паём омадааст, ки соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Чи хеле мушоҳида мекунам ва тавассути нашрияи «Набзи Файзобод» хабар дорам, ҳиссае аз рақамҳои қайдшуда ба ноҳияи Файзобод дахл дорад. Дар ду соли наздик дар деҳоти ноҳия муассисаҳои нави таълимӣ ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд.

Бо вуҷуди пешравиҳо Президент супориш медиҳад: «…ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконият истифода карда, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».

Суханони Сардори давлат чунин маънӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик карда, нишондиҳандаҳои азхудкунии иттилоотию коммуникатсионӣ аз имрӯза дида болотар раванд.

Ман чанд сол ба Маркази тарзи ҳаёти солими ноҳия роҳбарӣ кардам. Вазифаи ҳозира низ ба солим будани ҷомеа нигаронида шудааст. Аз ин ҷиҳат вақте чунин таъкиди Паём зери чашмам афтид, хеле шод гаштам: «Таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Президент ин нуктаро барои он қайд мекунад, ки соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмолии кишвар маҳсулоти пастсифат ворид карда, сабабгори носолимии шаҳрвандон мегарданд. Аз мансабҳояшон барканор кардани роҳбарони идораҳои давлатии санитарию сертификатсия, стандартизатсия ва назорати бойтории ҷумҳурӣ бо ҳамин сабаб буд.

Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дастури фаъолияти ҳар як роҳбар, на фақат роҳбар, инчунин раҳнамои ҳар сокини солимақли кишвар гардад.

ПАЁМ РОҲНАМОИ МОСТ

Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем,  сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода  карда,  зинаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем  ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ ва дастурамали умумисоҳавӣ  моро водор месозад, ки дар пешорӯи тамоми паёмад ва ҳаводиси гуногуни ҷомеа,  минтақа ва ҷаҳон дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммали сиёсӣ, фарҳанги баланди инсондӯстӣ ва рӯҳияи ватандӯстию ҳувияти шикастнопазири миллӣ бошем.

Ҳар ҳарфи Паёми Пешвои миллат, ки дорои хусусияти ҳидояткунандагӣ ва тарбиявӣ дорад, бояд шиор ва дастурамали барномавии ҳар яки мо бошад.

Таваҷҷуҳи ҳаматарафа ба таълиму тарбияи дурусту мақсадноки насли наврас амри зарурӣ буда, метавонад дар таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим дошта бошад. Ба ин восита тарбия ва ташаккул ёфтани насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, қадршиносӣ аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва пуштибонӣ аз мероси пурғановати ниёгон, боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифтааст.

Аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мо бояд баҳри ҳифзу нигоҳдошти сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва раҳму шафқат миёни ҳамдигар ҳамеша ҷаҳду талош кунем. 

ҲИСОБОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯ ДАР РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2017

Муҳтарам вакилони халқ!

Ҳозирини гиромӣ!

Соли 2017 ҳамчун соли саршор аз воқеаҳои муҳиму фараҳбахши сиёсиву фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дар саҳифаҳои таърихи кишварамон сабт мегардад. Дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, ки соли 2017 дар кишварамон ба даст омадаанд, бозгӯи равшани ифтихору шукргузории мардуми кишварамон аз файзи замони соҳибистиқлолӣ, дастгирии комили сокинон аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.

Рӯйдодҳои сиёсиву фаҳангӣ дар ҳаёти сокинони ноҳияи Файзобод низ нақши муассир гузошта, онҳоро дар роҳи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 ва зимни сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат баён доштанд ва амалисозии нақшаҳои тарҳрезигардида рӯҳбаланд намуданд.

Соли 2017 ба дастгоҳи раиси ноҳия 68 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки ҷиҳати иҷрои онҳо 34 қарори раиси ноҳия қабул гардида, 11 нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст.

Дар давоми сол 45 маҷлиси назоратии раиси ноҳия доир карда шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 50 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Инчунин дар ин давра 1129 қарори раиси ноҳия марбут ба масъалаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия қабул гардидааст, ки иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор дорад.

Дар ин давра ба дастгоҳи раиси ноҳия 3704 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 1400 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон 80 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба дастгоҳи раиси ноҳия аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Ҳамаи ин муроҷиатҳо дар муҳлатҳои пешбининамудаи қонун баррасӣ гардида, ҷиҳати иҷрои онҳо аз тарафи шахсони мутасаддӣ чораҳои зарурӣ андешида ба муаллифон дар муҳлатҳои муқарраргардида ҷавоб дода шудааст.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар кори баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳанӯз камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Баъзан муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи муовинон ба сохторҳои дахлдор фиристода шудааст, аз ҷониби мутасаддиён-роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия, хусусан, кумитаи идораи замин, сармеъмор ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сари вақт ва ба таври зарурӣ ҳаллу фасл карда намешаванд, ки ин ҳолат боиси муроҷиатҳои такрории шаҳрвандон, ё худ ба мақомотҳои болоӣ муроҷиат намудани онҳо мегардад.

Соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳал ва истифода аз барномаҳо корҳои зиёди ободонӣ, аз ҷумла се бунгоҳи тиббӣ, хати равшаннамоӣ, пули мошингузар дар деҳаи Ҷавонон, хатҳои оби нӯшокии деҳаҳои Арзанова, Муллотуғма ва Чаноро сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар ҳудуди деҳоти Ҷавонон сохтмони як муассисаи таълимӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмони Маркази саломатӣ босуръат идома дорад. Сокинони деҳоти мазкур баҳри ободонию кабудизоркунии ҳудуди деҳаҳо, хусусан шоҳроҳ кори зиёдро ба сомон расониданд, ки сазовори зикру миннатдорист. Дар ин баробар дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод ва шаҳраки Файзобод низ як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Вале мутаассифона дар бобати иҷрои корҳои ободонӣ, сафарбар намудани сокинон ба иҷрои вазифаҳои дар наздамон истода Ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи дашт ва Мискинобод беаҳамиятӣ зоҳир намуда, иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташударо, алалхусус ҷиҳати ободонию кабудизоркунии шоҳроҳ, сари вақт ва бо сифати зарурӣ анҷом надоданд.

Таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи мунтазам амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ таъмин карда шудаанд.

Дар 11 моҳи соли 2017 иҷрои буҷа дар қисми даромад ба андозаи 35866,7 ҳазор сомонӣ ё 99 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 3583,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар қисми хароҷот бошад, 34843,1 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст, ки ба 97 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1743,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 13232,2 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда 13351,7 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 119,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд.

Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ бо дарназардошти хароҷот ба андозаи 89 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 1246,2 ҳазор сомонӣ кам аст.

Дар ин давра дар асоси «Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо» аз ҷониби бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия ва комиссияи хусусигардонӣ 2 музояда гузаронида шудааст, ки дар онҳо ба маблағи 303786 сомонӣ амволи давлатӣ фурӯхта шудааст. Аз ин маблағ то ин давра ба буҷаи маҳаллӣ 262734 сомонӣ ворид гардонида шудааст. Натиҷаи фаъолияти нокифояи бахш аст, ки иншооти зиёди хусусигардонидашуда дар ноҳия солҳои зиёд бекор мехобад, аксари онҳо вайрону валангор гардидаанд, соҳибмулкҳо бошанд барои ба кор даровардани онҳо чорае намеандешанд.

Қайд намудан зарур аст, ки соли равон дар ноҳия ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ кори муайяне ба иҷро расид. Аз ҷониби соҳибкорон Комилов Шариф, Идиев Истам, Орипов Абулқосим ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳраки Файзобод, бо ташаббусу маблағҳои сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон ба истифода додани бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Офтобрӯя, Сари чашма ва Оби сангбур, майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Арзанова, Ҷавонон ва шаҳраки Файзобод, мумфарш намудани роҳи кӯчаи Розиқзода дар шаҳраки Файзобод мисоли равшани рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия ва саҳми онҳо дар ободии диёр мебошад.

Боиси зикру ифтихор аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар қатори соҳибкорон сокинони ноҳия, саховатмандону аҳли ҷамоатчигӣ низ ба рушду ободонии диёр таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ободу зебо намудани шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди ноҳия, шаҳраку деҳот саҳми сазовор гузоштанд. Натиҷаи ҳамин ташаббусҳои ватандӯстонаи сокинон буд, ки дар ин давра дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 30 ҳазор адад дарахтони арча ва 5000 гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз 85 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо шинонида шуд.

Боиси хушнудист, ки соли равон дар ноҳия бо ҷалби лоиҳаҳои амалкунанда корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Аз ҷумла дар ин давра бо ибтикори Барномаи Оғохон дар деҳаҳои Лолагӣ, Арзанова, Кенҷаобод се адад лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуданд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо 2237 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар деҳаҳои Дараи гӯсфандак, Муллотуғма ва Чаноро бо ҷалби маблағҳои Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа” ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” ба маблағи 114 ҳазор сомонӣ хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Коррея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ карда шуданд, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Барномаҳои номбурдаи соҳаи тандурустӣ сохтмони марказҳои саломатиро дар деҳаҳои Дубеда ва Орифон идома дода истодаанд. Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3 миллиону 149 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Муҳтарам вакилон!

Ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи муҳиму асосии иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ буда, баҳри рушди он пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 161 миллиону 4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 6 миллиону 791 ҳазор сомонӣ камтар аст. Кишоварзони ноҳия дар давраи тирамоҳи соли 2016 ва баҳори соли 2017 дар майдони 3743 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд ва аз ҳар гектар 17,8 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Соли равон деҳқонони ноҳия дар майдони 729га. кишти картошка, 559га. кишти сабзавот гузарониданд, ки нисбат ба соли 2016 97га картошка кам ва 27га. сабзавот зиёд буд. Кишоварзони ноҳия ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 395га боғу токзорҳои нав бунёд намуданд. Дар баробари ин бояд қайд намоям, ки бунёд ва нигоҳубини боғу токзорҳо ҷавобгӯи талабот нест. Дар баъзе боғҳо, аз ҷумла боғи намунавии Дашти марзо қоидаҳои агротехникӣ риоя нагардида як қисм ниҳолҳо аз беобӣ ва нигоҳубини нокифоя хушк гардидаанд ва қисмати дигарашон хеле суст инкишоф меёбанд.

Дар давраи ҳисоботӣ чорводорони ноҳия ширҷӯширо аз ҳар сар модагов ба 1317 киллограмӣ расонида, 9983 тонна шир истеҳсол намуданд. Дар ин давра саршумори ҳайвони калони шохдор ба 43042 сар, бузу гӯсфанд ба 104890 сар, асп ба 1323 сар, замбӯри асал ба 7706 оила расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2016 279 сар ҳайвони калони шохдор, 3053 сар бузу гӯсфанд, ва 4 оилаи замбӯри асал зиёд аст. Мутаассифона роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мутасаддиёни соҳа то ҳол дарк накардаанд, ки мақсад аз таҷдиди хоҷагиҳо ривоҷи соҳа, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва афзун намудани саршумори чорво буд, на несту нобуд кардани он. Масалан хоҷагиҳои деҳқонии Қалъаи дашт, Элок, ба номи Исмоили Сомонӣ ва Меҳробод имрӯз ягон сар чорво надоранд, вале ҳар кадом бештар аз ҳазор гектарӣ чарогоҳҳоро дар истифодаи худ қарор додаанд, дар шароите, ки чорводорон, хусусан сокинони деҳаҳо аз нарасидани чарогоҳ шикоят мекунанд. Ҳамин тариқ хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва нафарони алоҳида, ки дар ихтиёрашон чорво надоранд, заминҳои чарогоҳро дар ихтиёри худ қарор додаанд, ки онро ғайримақсаднок истифода менамоянд.

Ҷиҳати амалӣ намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаю сабзавот, самараноку мувофиқи мақсад истифода бурдани заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва бунёди боғҳои содиротӣ тадбирҳои мушаххас андешидан зарур аст.

Дар ин давра сохтмончиёни ноҳия аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба андозаи 29242,4 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру сохтмониро иҷро намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1111,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ ба 9144,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 774,9 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми маҳсулоти дар ин корхонаҳо истеҳсолшуда нисбат ба иқтидорҳои корхонаҳои мавҷуда хеле кам аст. Бунёди коргоҳҳои саноатӣ низ ғайриқаноатбахш аст. Масалан, дар ноҳия, ки сокинонаш масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишту сементро берун аз ноҳия дастрас менамоянд, метавонистем корхонаҳои истеҳсоли ин масолеҳро бунёд намоем. Аз 19 адад чунин корхонаҳо 4 адади он тамоман фаъолият накарда, 9 адади дигараш истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд.

Идораи бисёрсоҳавии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ машғул гардида, дар ин соҳа ба маблағи 686,5 ҳазор сомонӣ корҳоро анҷом дод. Бояд қайд намуд, ки кори корхона дар бобати обрасонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрак, сабзонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо ба беҳбудии куллӣ ниёз дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ сохторҳои марбут ба иҷтимоиёту фарҳанг дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда як қатор корҳоро анҷом доданд. Онҳо пайваста мекӯшанд, ки дар баланд бардоштани маънавиёти мардум дар ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Боиси қайд аст, ки дар беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар ин давра як муассисаи таҳсилоти асосӣ барои 100 ҷойи нишаст дар деҳаи Кӯлобиён ва дар назди 8 муассисаи таълимӣ барои 880 ҷойи нишаст ба маблағи 362 600 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар кори ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои нишасти иловагӣ саҳми волидайни хонандагон ва соҳибкорону саховатмандони ноҳия назаррас аст. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби дигар саховатмандону сокинон дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Меҳрободи боло барои 100 ҷойи нишаст муассисаҳои таълимӣ сохта шуда истодаанд, ки дар фурсатҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Сохтмони муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда дар деҳаи Элок аз ҳисоби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии халқии Хитой бо маблағи 18 миллион сомонӣ оғоз гардид. Инчунин соли равон дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Бӯстон муассисаҳои томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон, ки дар назди шаш муассисаи таълимӣ амал менамоянд, бо таҷҳизоту маводҳои таълимӣ таъмин гардида, дараҷаи ихтисосмандии омӯзгорон ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ куллан беҳтар гардид. Соли 2017 аз шумораи 1501 нафар хатмкардагон 1102 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, 231 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 490 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардиданд. Дар маҷмӯъ 721 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯ гардиданд, ки нисбат ба соли 2016 20 фоиз зиёд аст.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 737 компютер ва 205 принтер мавҷуд аст, ки ба 11 хонанда як компютер рост меояд ва ин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ нишондиҳандаи хуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои ноҳия 5021 нафар беморон муолиҷа гирифтаанд. Дар ин давра дар бобати сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани онҳо кори зиёде анҷом дода шуд. Чӣ тавре дар боло қайд кардем соли 2017 сохтмон ва таъмиру таҷҳизонидани марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ бо ҷалби барномаҳои амалкунандаи “Лоиҳаи Сино”, ташкилоти “Хорвест-Корея”, ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ ва сокинони маҳалҳо идома ёфт.

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ин давра ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани ҳолати санитарии корхонаю ташкилотҳо ва пешгирии касалиҳои сироятӣ кори муайянеро ба иҷро расонид. Дар ин давра аз ҷониби хадамот 432 маротиба рейду санҷишҳои санитарию гигиенӣ гузаронида шуда, 74 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои вайрон намудани талаботҳои санитарӣ ба маблағи 8250 сомонӣ ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шудаанд. Дар баробари ин бояд зикр кард, ки дар кори марказ ҷиҳати беҳдошти ҳолати санитарӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ камбудиҳо кам нестанд. Директори марказро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ гардонидани маҳалҳо, хусусан шаҳраки Файзобод, ба низом овардани кори муассисаҳои савдо ва бозору фурӯшгоҳҳо чораҳои муассир андешида, назоратро дар ин соҳа пурзӯр намояд.

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 дар ноҳия 1441 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 54 хатнасӯр, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон тӯйи хатнасури 75 нафар кӯдакони ятиму аз оилаҳои ниёзманд доир карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари корҳои иҷрогардида дар кори бахш, хусусан ҷиҳати таъмини талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд. Ҳанӯз ҳам дар баъзе маъракаву маросимҳо зиёдаравиҳо дида мешаванд.

Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро зарур аст, ки аз камбудиҳои ҷойдошта хулосаҳои даркорӣ бароварда, баҳри ислоҳи онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи корӣ фаъолият намуда, баҳри иҷрои Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва дигар барномаҳои давлатии соҳа миёни занҳо корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бурда, барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия кори муайянеро ба сомон расонидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши ҷавонон ва варзиш миёни ҷавонон кори муайяни тарбиявию оммафаҳмонӣ гузаронида шуд. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, ки нишонаи таваҷҷуҳи падаронаи Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар аст, ба ҷавонони ноҳияи мо низ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Бахш бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, донишандӯзӣ, тарбияи насли наврас, семинару машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ба нақша гирифта, амалӣ намуд. Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки фаъолияти бахши мазкур боз ҳам беҳтаршавиро тақозо менамояд, зеро дар шароити имрӯза, ки қувваҳои иртиҷоӣ, ташкилоту гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба ҷалби ҷавонон машғуланд, бахши кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки баҳри дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди ватанпарастӣ, дарки масъулияти баланд дар назди миллату давлат, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат ва гузаштаи пурифтихори наслҳоямон пайваста талош варзад.

Дар ин давра дар мақомоти шуғли аҳолӣ 705 нафар шаҳрвандони корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 258 нафарашон занҳо мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоту корхонаҳо 361 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод карданд. 694 нафар корҷӯён ба курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои дӯзандагӣ, маҳсдармонӣ, технологияи компютерӣ ва муҳосибӣ ҷалб карда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки кори мақомоти шуғли аҳолӣ дар бобати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ, адрасу атласбофӣ ва ба занон омӯзонидани ин ҳунарҳо ғайриқаноатбахш аст. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 моро водор менамояд, ки дар ин самт чораҳои судманд андешида, ба эҳё ва ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ диққати бештар зоҳир намоем.

Дар 9 моҳи соли 2017 дар ҳудуди ноҳия 1337 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла 413 ҷойи кори доимӣ, 450 ҷойи кори мавсимӣ ва 451 ҷойҳои кори муваққатӣ таъсис дода шудааст.

Дар ноҳия нашрияи Маҷлиси вакилони халқ ва Раиси ноҳия “Набзи Файзобод” амал мекунад. То ин муддат 18 шумораи нашрия бо маводҳои ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бахшидашуда рӯи чоп омад. Бояд зикр кард, ки сифати чопи нашрия ва мазмуну мундариҷаи он беҳтаршавиро тақозо менамояд.

Дар ин давра ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимони кулл, иштирокчиёни садамаи Чернобил, маъюбони ҷанги Афғонистон, шахсоне, ки дар давраи ҶБВ дар ақибгоҳ кору фаъолият намудаанд ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи умумии 296601 сомонӣ кӯмакҳо расонида шудааст. Дар арафа ва рӯзҳои ҷашнҳои Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идҳои мазҳабиамон ба маъюбону ниёзмандон, иштирокчиёни фоҷеаи Чернобил, ҷанги Афғонистон, маъюбони нобино ва дигар табақаҳои ниёзманд бо ҷалби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 26650 сомонӣ ва бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ба маблағи 269951 сомонӣ кӯмакҳои пулию моддӣ расонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз дар соҳаи маънавиёт камбудиҳо ҷой доранд. Зарур аст, ки корро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тарбияи сокинони ноҳия дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз Ватану миллат, омӯзиши таъриху фарҳанги миллат беҳтар намуда, дар сафарбар намудани сокинони ноҳия баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр, тарбияи насли сазовор чораандешӣ намоем.

Муҳтарам вакилони мардумӣ!

Ҳозирини гиромиқадр!

Соли 2018 барои мардуми кишварамон соли муҳими сиёсӣ ва амалисозии нақшаҳои калони иқтисодӣ аст. Дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия вазифаҳои азим меистад. Моро зарур аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия ва ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан кӯшишу ғайрат намоем. Дар роҳи иҷрои нуктаю хулосаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли равон баён гардиданд, ҷаҳду талош варзида, ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллиамон 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21- солагии Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои сазовори меҳнатӣ таҷлил намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем.

СОЛИ 2018 БОЯД СОЛИ ДИГАРГУНИҲО БОШАД

Маҷлиси васеи назди раиси ноҳия

Дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия, ки рӯзи 5 январи соли равон бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия доир гардид, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2017 мавриди муҳокима қарор гирифт. Назди ҳозирин аз дастоварду камбудиҳои дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавҷудбуда, муовини аввали раиси ноҳия Достзода М.Т. ва муовинони раиси ноҳия Сафаров Р.М. ва Раҷабова Н.Ҷ. ҳисобот доданд.

Баромадкунандаҳо соҳаҳои вобастаи хешро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода, асосан атрофи камбудиҳо ва роҳҳои ислоҳи онҳо андешаронӣ намуданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сабабҳои роҳ додан ба камбудиҳо ва ислоҳи онро аз баромадкунандагон ва аз масъулини ҳар як соҳа пурсон шуд. Кишоварзон баробари афзун намудани маҳсулнокии соҳа бояд ба баланд бардоштани маданияти зироаткорӣ, боғдорӣ ноил шаванд. Вақти он расидааст, ки аз ҳар гектар заминҳои обӣ то 50-60 сентнерӣ ҳосили ғалла ба даст оварда шавад. Ҳосилнокии заминҳои картошкаву сабзавот низ бояд ҷавобгӯи талабот бошад. Ба хусус таъсири аз фаъолият мондани ҶСШК “Ганҷи ҳилол” ба иқтисодиёти ноҳия баръало намоён буда, ривоҷи дубораи корхонаи мазкур ба манфиати кор аст. Рафти сифати корҳои сохтмонӣ низ айни ҳол нигаронкунанда аст. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ки боиси ғанӣ гардонидани буҷаи ноҳия мегардад, чандон намоён нест. Саҳми соҳибкорон дар ин самт кам ба чашм мерасад. Иншоотҳои хусусишуда бо мақсад истифода нагардида, аксари он ба нестӣ расида истодааст. Ҳол он ки мақсад аз хусусӣ гардонидан обод кардану саҳм гирифтан дар пешрафти иқтисодии ноҳия мебошад. Аз ин хотир раиси ноҳия таваҷҷуҳи соҳибмулконро ба он ҷалб намуд, ки иншоотҳои хусусигардидаро бо манфиат истифода намоянд, истеҳсолотро ривоҷ диҳанд.

Сипас намояндаи Ҳукумати кишвар, мушовири бахши ёрдамчии Президенти мамлакат дар масоили иқтисодӣ Кабирҷон Ҷӯразода, ки дар маҷлиси ҷамъбасти сол ҳузур дошт, ба сухан баромад. Зимни баромади худ К. Ҷӯразода барои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоии ноҳия тавсияҳои судманд дод. Ҳамчунин боварӣ бар он намуд, ки меҳнаткашони ноҳия дар амалисозии ҳадафҳои пешгирифтаи ҳукумати кишвар саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар анҷоми маҷлис Раҷабзода М. атрофи ташкили муассисаҳои мактабӣ ва томактабӣ, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъанана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ, идомаи корҳои ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хоруғ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра масъулинро вазифадор намуд ва таъкид дошт, ки дар соли 2018 бояд бо меҳнати созанда натиҷаҳои чашмрасро ноил гардидан мароми ҳар як сокини ноҳия бошад.

МАЪРӮЗАИ САРДОРИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА И. «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ НОҲИЯ БАРОИ СОЛИ 2018»

Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи буҷети миёнамуҳлати ноҳия барои солҳои 2018-2020 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Самтҳои асосии сиёсати буҷети маҳаллӣ ба мақсади таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахши идоракунии самараноки молияи давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмин намудани устувории бозори молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини амнияту бехатарии кишвар равона гардидааст.

Соли оянда буҷети ноҳия дар қисми даромадҳо ҳамагӣ ба маблағи 45620503 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети аниқшудаи соли равон 109 фоиз ё 3853426 сомонӣ зиёд аст.

Ба қисми даромади буҷети ноҳия аз соҳаҳои иқтисодии ноҳия, воридоти андозу пардохтҳо ба маблағи 17700000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати буҷети аниқшудаи соли 2017 15,5 фоиз ё 2750000 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҳаҷми умумӣ даромадҳои буҷети ноҳия маблағи нисбатан зиёд аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он 5200000 сомонӣ ё ба 29,4 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет баробар мебошад.

-андоз аз фоидаи корхонаҳо – 1070000 сомонӣ ё 6,0 фоиз;

-андоз аз молу мулки ғайриманқул – 1400000 сомонӣ ё 8,0 фоиз;

-андоз аз арзиши иловашуда – 4220000 сомонӣ ё 23,8 фоиз;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 250000 сомонӣ ё 1,4 фоиз;

-аксизҳо – 80000 сомонӣ ё 0,4 фоиз;

- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 1100000 сомонӣ ё 6,2 фоиз;

- андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ – 130000 сомонӣ ё 0,7 фоиз;

- боҷи давлатӣ – 450000 сомонӣ ё 2,5 фоиз;

- дигар даромадҳои ғайриандозӣ – 500000 сомонӣ ё 2,8 фоиз.

Ҳамзамон аз сабаби он ки андозу пардохтҳои худӣ барои пушонидани қисми хароҷот басанда нест, ба қисми даромади буҷет аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 26295803 сомонӣ мусоидати молиявӣ ё субвенсия пешбинӣ гаштааст, ки он нисбат ба соли 2017-ум 7,5 фоиз ё ба андозаи 1978726 сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Агар ҳаҷми маблағҳои субвенсионӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети маҳаллӣ соли 2017-ум 58,7 фоизро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2018-ум 60,1 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои марбута ва дар маҷмӯъ ҳамаи фаъолони ноҳия дар буҷети маҳаллӣ дар соли 2018 ба маблағи 219828 сомонӣ касри буҷет пешниҳод гардидааст, ки ин ба 0,5 фоизи хароҷоти умумии буҷет баробар мебошад.

Ягона манбаи пӯшонидани каср аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет мебошад. Бояд тамоми чораҳоро анҷом диҳем, ки иҷрои нақшаи даромадҳо барзиёд иҷро гашта, касри буҷет аз ин ҳисоб пӯшонида шавад.

Сиёсати хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли оянда пеш аз ҳама ба татбиқи ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ равона карда мешавад.

Дар заминаи даромадҳои пешбинигардида бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ҷудошуда дар соли 2018-ум ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 43965631 сомонӣ муайян гардидааст, ки он нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2017 8,9 фоиз ё 3894679 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ба соҳаи иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Барои маблағгузории ин соҳа 38369748 сомонӣ ё 87,3 фоизи ҷамъи буҷети маҳаллӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба буҷети тасдиқ гардидаи соли ҷорӣ 2033747 сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф таҳти ислоҳот қарор дошта, дар асоси барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ташаккул меёбад. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба ин соҳа ҷудогардида 28269519 сомониро ташкил медиҳад, ки он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия 64,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли ҷорӣ ба маблағи 1024329 сомонӣ ё 3,7 фоиз зиёд мебошад ва дар доираи он 73 муасисаи соҳаи маориф маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳиссаи фонди музди меҳнат дар соҳаи мазкур 83,4 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.

Соҳаи нигоҳдории тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, соли 2018 барои нигоҳдорӣ ва рушди он 8292899 сомонӣ ё 18,9 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷети ноҳияро пешбинӣ менамояд. Маблағгузорӣ ба ин соҳа нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 845603 сомонӣ ё 10,2 фоиз афзудааст, ки дар доираи он 51 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ хоҳанд гардид. Ҳиссаи фонди музди меҳнат дар соҳаи мазкур 82,7 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.

Хароҷотҳо барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 375140 сомонӣ, барои пардохти ҷӯбронпулӣ ба маъюбону иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил, барои роҳхат ба санаторияву профилакторияҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои ободонии марказӣ ноҳия 450356 сомонӣ пешбинӣ мешавад. Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои таъмири ҷорӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта 319195 сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Ба соҳаи фарҳанг ва варзиш соли 2018 1432190 сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Ба соҳаи хоҷагии қишлоқ 250475 сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2018 барои сохтмони асосӣ 1300,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2018-ум барои нигоҳдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2940470 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 62,2 фоизи онро фонди музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, барои нигоҳдории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1753008 сомонӣ маблағ равона хоҳад шуд.

Ҷамоати деҳоти Бӯстон – 177 765 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Меҳробод – 180397 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Вашгирд – 150787 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Д.Алиев – 211881 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Ҷавонон -201126 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Чашмасор – 147969 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Қалаи дашт – 303521 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Мискинобод – 202180 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти шаҳраки Файзобод – 177382 сомонӣ;

Барои хадамоти оташнишонӣ 248137 сомонӣ маблағ пешниҳод шудааст.

Дар буҷети соли 2018-ум барои фонди захиравии раиси ноҳия 87250 сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ба мақсадҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

-барои фонди музди меҳнат – 34016309 сомонӣ ё 74,5 фоизи ҷамъи буҷет;

-барои хариди мол кор ва хизматрасониҳо – 8142179 сомонӣ ё 18,5 фоизи буҷет;

-барои трансфертҳо ба аҳолӣ – 507143 сомонӣ;

-барои сохтмони асосӣ – 1300000 сомонӣ ё 4,4 фоизи қисми хароҷоти буҷет пешбинӣ карда мешавад.

Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” соли 2018 воридоти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи субъектҳои андоздиҳанда дар ҳаҷми 12529018 сомонӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 5100000 сомонӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 7429018 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ барои соли соли 2018 ба маблағи 1624700 сомонӣ пешниҳод карда мешавад.

Аз он ҷумла:

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ -27000 сомонӣ;

-соҳаи тандурустӣ -1082000 сомонӣ;

-соҳаи маориф -452700 сомонӣ;

-соҳаи фарҳанг -13000 сомонӣ;

-соҳаи хоҷагии қишлоқ -50000 сомонӣ;

Нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ барои соли 2018 дар доираи рушди воқеии имрӯзаи иқтисодиёт иҷрошаванда мебошад ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳия бо дастгирии Шумо барои босифат иҷро гардидани буҷет ва самаранок масраф шудани он тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

ТАБРИКОТИРАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2018

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2017 бо рӯйдодҳои муҳими фарҳангию сиёсии худ дар саҳифаҳои таърихи пуршарафи Ватанамон бо хатҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар ин сол таҷлил  гардидани 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи бою рангини Ватанамонро бо саҳифаҳои наву фараҳбахш боз ҳам рангинтар гардониданд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) аз муҳимтарин воқеаи сиёсии кишвар маҳсуб мегардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2017 барои сокинони ноҳияи Файзобод низ соли пурфайзу бобарор буд. Дар ин давра дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, даҳҳо иншооти маъмурию иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соҳаҳои иқтисодии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, фарҳангу маънавиёт пешравиҳои дилхоҳ ба даст омаданд.

 Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ ва сокинони ноҳия дар ободонии диёр боз ҳам беҳтар гардид. Дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 30 ҳазор адад дарахтони  арча ва 5000 гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия зиёда аз  85 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳанда ва гулбуттаҳо  шинонида шуд. Дар масофаи беш аз 30 километр дар шоҳроҳ ниҳолу гулбуттаҳои шинонидашуда панҷарабандӣ карда шуда, дар марказҳои Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Ҷавонон ва кӯчаи Розиқзода хатҳои равшаннамоӣ сохта шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон бо дарозии 23 метр ва  дар ҳудуди деҳоти Меҳробод аз болои дарёи Элок пули мошингузари дарозиаш 250 метр сохта ба истифода дода шуд. Роҳи маркази ноҳия дар масофаи 3,5 километр бо маблағгузории фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш карда шуд.

Бо ҷалби маблағҳои Барномаи Оғохон, Созмони ҷаҳонии “Барномаи озуқа”, ташкилоти байналмилалии “Наҷоти Арал” дар деҳоти ноҳия бо маблағи умумии 2351 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳои хатҳои оби нӯшокӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин гуна лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби барномаҳои “Лоиҳаи Сино” ва ташкилоти “Хорвест Коррея” ҷиҳати таҷҳизонидани марказу бунгоҳҳои саломатӣ амалӣ гардид, ки маблағи умумиашон ба 385,5 ҳазор сомонӣ баробар аст. Умуман дар маҷмӯъ соли 2017 дар ноҳия ба маблағи 6 миллиону 659 ҳазор сомонӣ барномаҳо амалӣ карда шуданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бояд гуфт, ки соли оянда дар назди сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои корҳои созандагию ободонӣ вазифаҳои ниҳоят зиёду масъулиятнок меистад. Нақшаҳо дар ин бобат хеле зиёданд.  Сокинони ноҳияамон баҳри сазовор истиқбол намудани санаи муҳими миллиамон-27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд. 

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии соли нави мелодии 2018-ро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо  ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу менамоям.

ХУШ ОМАДӢ, СОЛИ УМЕДУ ОРЗУҲОИ НАВИН

 

Соли 2017 ба  саҳифаҳои таърихи рӯзгори ҳар кадоми мо  ҷо гирифт. Хуб буд ва  ё бад, акнун танҳо дар ёдҳо боқӣ мемонад.  Ҳамчун нақше дар санг, ки наметавон онро  коркард намуд  ва ё аз нав сохт. Барор дошт ва  ё каму костие ҳамаро бо худ бурд, соли рафта.

Воқеан ҳам, ин сол  барои  мардуми сарбаланди  Тоҷикистони азизи мо  саҳифаҳоеро во кард,  бо домони хеле  пур аз дастовардҳои хотирмон.   Агар бигӯем, ки  соли рафтаи 2017, солест  бо рӯйдодҳои фаромӯшнашавандаи  сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ,  хато нахоҳем кард. Зеро ҳамаи ин рӯйдодҳо  дар таърихи мамлакат  ва  рӯзгори ҳар кадоми мо нақши рӯшане ҳаккокӣ кард.

Дар ин сол ба таърихи  Ваҳдати мо, ки ба даргириҳои дохиливу ҷанги бародаркуш хотима  гузошт, бист сол сипарӣ шуд. Бо гузашти бист сол Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба давлати қудратманду тавоно, сулҳофару ташаббусҳои навин табдил ёфт. Маҳз нангу номуси ватандорӣ, ақлу заковати азалии миллати  тоҷик  ва фарзанди  сарсупурдаи он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки тарафҳо паси як миз  ҷамъ омадаву тақдири хешро бо дасти  худ навишта намоянд.  Ва маҳз ана ҳамин  таҷрибаи  сулҳофарии давлати тоҷикон барои дигар давлатҳои дар чунин ҳол қарор дошта,намуна эътироф гардидааст. Ҳамин буд, ки  ин санаи тақдирсозро  дар шаҳри ҳамномаш Ваҳдат бо шукӯҳу шаҳомат фаромӯшношуданӣ ҷашн гирифтанд. Он рӯз ҳама сухан аз якпорчагию ваҳдати сартосарӣ мекард.

Соли 2017  корҳои ободонию созандагӣ дар ҳама кунҷу канори Тоҷикистони биҳиштосо ба авҷи аъло расид.  Садҳо коргоҳу иншооти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд шуданд. Муҳимтарин  рӯйдоди ин сол наздик шудан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат, яъне истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паёми навбатии худ рӯзи 22 декабри соли 2017 дар ин хусус баён доштанд, ки «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем».

Соли 2017 барои сокинони диёри файзхезу файзрези мо ҳам нақши  хотирмоне боқӣ гузошт. Бо роҳбарии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар, шахси  дорои маънавиёти баланд  Раҷабзода Миралӣ корҳои бунёдкориву ободонӣ вусъат гирифта, маркази ноҳия ва марказҳои ҷамоатҳои деҳот симои худро ба куллӣ таъғир доданд.  Аз нав мумфарш намудани роҳҳои маркази ноҳия, равшан гардондани  марказҳои ҷамоатҳои деҳот гувоҳи ҳамин амалҳои созандагист. Ҳамаи ин  ташаббусҳои   созанда давоми соли 2017 саҳифаҳои «Набзи Файзобод»-ро  рангин сохтанд.

Ҳамаи навгониҳои дар ҷумҳурӣ ва ноҳия рӯи кор омадаро тавассути  саҳифаҳои нашрия ва торномаи интернетии худ барои  хонандагонамон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар инъикос кардем.  Воқеан ҳам шумораи хонандагони саҳифаи интернетии «Набзи Файзобод» дар соли 2017 ба ним миллион расид! Ин шумора  барои  як нашрияи музофотӣ  рақами андак нест! 

Инак, дар соли нави 2018 гомҳои нахустини худро мегузорем ва  дар ин сол пешорӯи мо  воқеаву рӯйдодҳои зиёде қарор хоҳанд гирифт. Пеш аз ҳама омодагиҳо барои мавриди истифода қарор гирифтани  агрегати аввалини  НБО-и  Роғун, ки моҳи декабри соли 2018  бояд мавриди истифода қарор бигирад. Ин рӯйдодест барои Ватану миллат хотирмон. Ба хотири ин рӯйдоди муҳими аср мо, файзободиҳо бояд ҳамаҷониба омодагӣ дошта бошем. Ноҳияро ба як гӯшаи зебову  дидании кишвар табдил диҳем. Зеро шоҳроҳи Душанбе- Роғун ба масофаи  50 километр аз оғоз то анҷоми ноҳияи моро убур мекунад. Ҳазорон меҳмонону сайёҳоне, ки азми сафари Роғун мекунанд, аз ҳудуди ноҳияи мо мегузаранд. Аз ин хотир мароми   ҳар яки мо бо ғайрати дучанд меҳнат намудану  Файзободро ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал сохтан бояд бошад.

Боварӣ бар он дорем,ки зери роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  соли 2018 соли дигаргунӣ, пешрафту  шукуфоӣ ва бунёдкорӣ дар ҳаёти сокинони Тоҷикистони азиз ва диёри мо хоҳад буд.

Аз ин рӯ омади соли нави мелодии 2018-ро барои ҳамдиёрон муборак мегӯем!

ТАБРИКОТИРАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту панҷ сол қабл 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти кишвари ҳамон лаҳзаҳо зери хатар қарордоштаамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Бо тасдиқи Парчами давлатӣ метавон гуфт, ки он рӯз эҳёи давлати миллии тоҷикон оғоз ёфт ва имрӯз бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки ин иҷлосияи тақдирсоз бо интихоби Сарвари давлат ва тасдиқи рамзҳои миллӣ марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷиконро ибтидо гузошта, барои рушди минбаъдаи кишвар шароит фароҳам овард.

19 ноябри соли 2009 бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуд ва ҳамон сол 24 ноябр бори аввал дар саросари кишвар ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Инак соли нуҳум аст, ки ин ҷашни бошукӯҳ дар саросари мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Гузаштагони арҷманди мо дар тӯли ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги хешро ҳифз кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтирому гиромӣ доштани Парчами миллӣ қарнҳост, ки дар миёни мардум муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст. Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо –тоҷикон муқаддас аст.

Хамчун рамзи давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани Парчами давлатӣ маънии самимона дӯст доштани ин Ватан, ҳар як ваҷаб хоки он, миллату расму оини миллиро дошта, ҳар як фарди худогоҳро ба арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиамон водор менамояд. Парчам ифодаи нангу номи ҳар як шаҳрванд, баёнгари истиқлолият, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, далели азму иродаи устувори мардуми кишвар мебошад.

Боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчами бузургтарин давлатҳои олам дар бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Он ба шарафи сафарҳои расмии ҳайатҳои давлатӣ, ғолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳо ва дигар ҳамоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ дар тамоми кишварҳои дунё баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин Парчами муқаддас муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон ҷахду талош меварзад.

Имрӯз сокинони диёри файзрези мо низ чун тамоми мардуми кишвари азизамон бо ифтихор аз истиқлолу озодӣ зери Парчами давлатӣ дар ободии диёр саҳм мегиранд, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ҷаҳду талош меварзанд, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар саросари мулк парафшон менамоянд ва ба он ҳамчун рамзи давлати озоду соҳибистиқлоли хеш, муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекунанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саодату сарбаландӣ, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

Парчамат ҷовидона парафшон бод, Тоҷикистони азиз!

МЕҲРГОН - ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

Даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон дар Тоҷикистони азизамон  марҳилаи тозае оғоз намуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар кишварамон ҳамчун иди миллӣ эълон гардида, боиси ифтихори мардуми тоҷик гардид. Меҳргон ин иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат ба ҳисоб меравад. Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодати ҳар яки мост. Воқеан ҳам чӣ тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».

Ҳамин аст, ки  бо омади фасли тирамоҳ ва анҷоми   ҷамъоварии ҳосили расонидаи худ марди деҳқон  ба таҷлили ҷашни Меҳргон мепардозад. Ва имрӯзҳо  дар ҳар кунҷу канори  сарзамини  куҳанбунёди  Тоҷикистони азизамон ин ҷашни  мардумӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Зеро ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки   дар  таърих сарчашмаҳои қадима дорад ва Меҳргон баробари  Садаю Наврӯз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҷамъоварии ҳосил  таҷлил мекарданд.

Дар ноҳияи мо ҳам, ки аслан ноҳияи кишоварзист ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати  хосса дар боғи фарҳангу фароғатии “40-солагии Ғалаба”-и маркази ноҳия  таҷлил гардид. 

Кишоварзон ба маърази тамошо дастовардҳои беҳтарини хешро гузошта буданд.

Муовини аввали раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни дастранҷи деҳқон табрик намуда, таъкид дошт, ки кишоварзони ноҳия  барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани  ҷашни Меҳргон  бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки деҳқонони  файзободӣ  ҳам  баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то дастранҷи онҳо  берун аз ноҳия ҳам чун солҳои Шӯравӣ  шинохта бошад.

Ҳамчунин Достзода Мансур Тағой ба як гурӯҳ кишоварзони муваффақи ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим кард.

Сипас  санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин дастагули суруду таронаҳои  идонаро  манзур гардониданд, ки он  хеле диданӣ ва хотирмон буд. 

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳия  бозгӯи  рӯзгори хушу арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон аз ҷониби мардуми ин диёри сарбаланд буд.