Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ХАТОҲО КАЙ ИСЛОҲ МЕШАВАНД?

"Забон моли халқ, мероси миллат  ва сармояи маънавии  давлати соҳибистиқлол аст".  Эмомалӣ Раҳмон.
 
Албатта, забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин аслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихори наслҳои минбаъда мегардад.  Ифтихори миллӣ аз донистани забони адабӣ маншаъ мегирад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шурӯъ шавад, баъдан дар муассисаҳои таълимии миёна ва идораву корхонаҳо.

Подробнее...

ХИЁНАТКОР ВАТАН НАДОРАД

МУРОҶИАТНОМАИ АҲЛИ МАОРИФ БА СОКИНОНИ НОҲИЯ

Ҳамдиёрони азиз,
Аз рӯзи  ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол пур шуд. 18 сол аст, ки сокинони кишвар дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд.  
Тараққиёти ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва рушд меёбад. Саодати миллат, пешравӣ ва шукуфоии он дар ваҳдату якдилист. Ваҳдат бақои миллату давлат аст.
Бадбахтона, ёфт мешаванд то ба имрӯз афроде, ки бо вуҷуди гузаштҳои чандинкаратаи сарвари давлат дили сиёҳу кӣ будани худро намоиш медиҳанд. Далели ин гуфтаҳо амали ноҷавонмардонаву  сангини генерали хиёнатпеша Назарзода Абдуҳалим  мебошад. Чунин амалҳои душманонаи  фарзандҳои нохалафу  бадтинат ба хотири нооромӣ ва  бадбахтии мардум бо супориши хоҷагони хориҷияшон сурат мегиранд. Ва аз ин нооромиҳо  онҳо манфиатҳои ғаразноки худро меҷӯянд. Фаромӯш месозанд, ки устод М. Турсунзода фармуда:


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ  орад ба мардум рӯзи сахт.

Ҳамагон хуб медонанд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.  Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мову Шумо ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.  
Воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. То имрӯз ашхосе ҳастанд, ки оромии ҷомеаро халалдор мекунанд, бо истифода аз ҳар роҳу усул вазъро ноором месозанд. Мутаасуф,   дар ин роҳи хато ҷавонони бегуноҳ қурбон мегарданд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз тамоми нерӯю имкониятҳои хеш ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани сатҳи  маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.  
Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гаҳвараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Тоҷикистони ободу зебо ва мутараққии оламро ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.

КАМБУДИҲО ҶОЙ ДОРАД

КВД-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия ба маълумоти шумо мерасонад, ки маводи танқидии «Ҳафтчашма куҷо равон аст?» таҳти № 23 аз 27.07.2015-ро дар маҷлиси васеи назди роҳбари корхона муҳокима намуда, фаврӣ аз пайи ислоҳи камбудиҳо шудем. Рӯзи дигар бо роҳбарии сарвари корхона Розиқов М. гурӯҳи 28-нафара аз ҳисоби коргарони идора бо техника ва маводҳои зарурӣ ба саргаҳи оби «Ҳафтчашма» омадем. Ҳавзҳои  сарчашма аз қуму рег пурра тоза карда шуда, 10 нуқтаи садамавӣ, ки солҳои  тӯлонӣ рӯйи таъмирро надида буданд, пурра бетонпӯш карда шуданд. Ҳамчунин дар хатти оби Ҳафтчашма зиёда аз 15 нуқтаи ғайриқонунӣ, ки аз он заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мешуд, маҳкам шуданд ва рӯйхати шахсони воқеӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод гардид.

Подробнее...

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Ҳамватанони азиз!
Ҷавонони бонангу ори тоҷик!

Мо, ҷавонони ноҳияи Файзобод, ки қисми зиёдамон зодаву парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи худем, бо шукронаи зиёд аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати созандаву ободонии диёр машғулем. Имрўз касе наметавонад инкор кунад, ки маҳз ҳамин файзу баракати истиқлол, сиёсати созандаву сулҳҷўёнаи Давлати Тоҷикистон, ба хусус таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти мамлакат ва эътимоди ў ба ҷавонон боис гардидааст, ки кишварамон сол то сол ободу зеботар гардида, сатҳи зиндагии сокинони кишвар ҳамарўза боло меравад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамасола бунёд гардидани садҳо иншооти замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию варзишӣ, соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар мебошад.

Подробнее...

МАСЪУЛИЯТ БОШАД, КАМБУДҲО ИСЛОҲ МЕШАВАД

Воқеан ҳам, пас аз чопи мақолаи танқидии «Ҳафтчашма куҷо равон аст?»  роҳбари тозатаъингардидаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Музаффар Розиқов пайи иҷрои  камбудиҳои ҷойдошта  гардиданд. Дар як муддати кутоҳ бисёр норасоиҳои дар мақола дарҷгардида бартараф шуданд. Дуруст аст, ки  агар масъулият бошад, камбудӣ сари вақт ислоҳ мешавад. Маҳз баҳонаҷӯиҳои  роҳбарияти пешини ин муассиса ва дигар масъулон буд, ки  сокинони  шаҳрак ба мушкилоти норасоии об   рӯ ба рӯ шуда буданд.  Масъулиятшиносии М. Розиқов имкон дод, ки  бисёр камбудиҳои  тайи даҳ соли охир  дар ин хатти оби нушокӣ ҷойдошта  таъмир гардад, ки чанде аз он дар ҷавоби болоӣ  оварда шудааст.

Подробнее...