Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

МАСЪУЛИЯТ БОШАД, КАМБУДҲО ИСЛОҲ МЕШАВАД

Воқеан ҳам, пас аз чопи мақолаи танқидии «Ҳафтчашма куҷо равон аст?»  роҳбари тозатаъингардидаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Музаффар Розиқов пайи иҷрои  камбудиҳои ҷойдошта  гардиданд. Дар як муддати кутоҳ бисёр норасоиҳои дар мақола дарҷгардида бартараф шуданд. Дуруст аст, ки  агар масъулият бошад, камбудӣ сари вақт ислоҳ мешавад. Маҳз баҳонаҷӯиҳои  роҳбарияти пешини ин муассиса ва дигар масъулон буд, ки  сокинони  шаҳрак ба мушкилоти норасоии об   рӯ ба рӯ шуда буданд.  Масъулиятшиносии М. Розиқов имкон дод, ки  бисёр камбудиҳои  тайи даҳ соли охир  дар ин хатти оби нушокӣ ҷойдошта  таъмир гардад, ки чанде аз он дар ҷавоби болоӣ  оварда шудааст. Воқеан ҳам метавон ба кормандони ин идора, хоса ба Саъдулло Камолов, Маҳмадалӣ Мусофиров, Раҷабмурод Каримов, Иззатулло Нарзуллоев, Маҳмадрасул Исмоилов, Мирзо Алиев, Толиб Давлатов ва дигарон изҳори сипос намуд, ки вазифаи хешро дар таъмири хати оби нӯшокии Ҳафтчашма бо сарбаландӣ иҷро намуданд. Чандрӯз пештар таъмиргардидани  хати оби нўшокии Чува низ боиси то андозае ҳал гардидани  мушкилоти оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия гардид. Акнун дар назди ҳар як сокини  шаҳрак вазифа меистад, ки барои сарфакорона истифода намудани оби нӯшокӣ  масъулият ҳис кунаду маҳкам кардани  ҷумакҳои  нуқтаҳои обгириро фаромӯш насозанд. Яъне маданияти  шаҳрдориро риоя кунанд. Ҳамчунин  инсофро риоя кардаву оби нўшокиро на бо мақсади обёрии заминҳои  полезӣ,  балки танҳо барои нӯшокӣ  истифода баранд. Бояд шаҳрак доим аз об таъмин бошад. Зеро ҷойе об ҳаст онҷо ободист. Аз ин хотир мо низ боварӣ бар он дорем, ки роҳбарияти КВД “ Хоҷагии манзилию коммуналӣ”  низ то ба охир камбудиҳои  дар мақола дарҷ гардидаро бартараф месозад.

“НФ.”