ВОКУНИШ
НАРХИ ДОРУ ОСМОНИСТ…
- Подробности
- Опубликовано 12.06.2015 11:14
Теъдоди дорухонаҳо дар ҳудуди ноҳия рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аммо нарху навои доруворӣ гарон аст. Нарх дар дорухонаҳо аз якдигараш фарқ мекунад. Барои мисол, агар дар дорухонаҳои ҶДММ «Сорбон» як малҳами «Бол-нол» 8 сомонӣ, «Синепар» 8 сомонӣ нарх дошта бошад, дар дигар дорухонаҳои маркази ноҳия, ин дорувориҳо аз 12 сомонӣ болотар аст.
Дар бозори Аҳмади Шариф, дар чор дорухона нархи дорувориҳо боз ҳам қиматтаранд. Болокории ин касе пеши роҳи ин қиматфурӯшонро намегирад.
Шахси бемор маҷбур аст, барои саломатиаш бо чӣ нархе, ки бошад, дорувориро харидорӣ мекунад. Доруфурӯшон идао доранд, ки дуконҳо шахсианд, мехоҳӣ бо чунин нарх мехарӣ нахоҳӣ не. Инсофро пояи тоат гуфтаанд, беморони камбизоат куҷо раванд, некие карда, савобе ба даст биёрем, магар бад аст. Чӣ тавре бузургон гуфтаанд.
Сад бор бадӣ кардиву, шарми ту наомад,
Нек чӣ бадӣ дошт, ки як бор накардӣ.
Ҳоким САФАР.