Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ЗАРУРАТ БА ШАХСИЯТ ВА СЕ ОМИЛИ МУАЙЯНКУНАНДАИ ОН

(Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов

«Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ», «Тоҷикистон», №14, 7.04. 2016)

Дар мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» дар баробари масоили дигари иҷтимоӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо назардошти рушди психологияи миллӣ зарурати Пешвои миллӣ дар давраи тақдирсоз аз назари фалсафию иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Подробнее...

АЙНӢ РУҲОНӢ НАБУД

Муборизаи байни илм ва хурофоти динӣ, байни рушноӣ ва торикӣ аз қадим давом карда меояд. Ҳанўз пеш аз пайдоиши динҳои ҷаҳонӣ, дар давраи бисёрхудоӣ, дар Юнони Қадим, байни материалистон ва идеалистон дар масъалаҳои пайдоиши олам, материя, шуур, рўҳ, ҷон ва ғайра мубориза мерафт.

Таърихи инсоният шоҳиди бисёр хунрезиҳои ходимони мутаассиби динӣ мебошад. Масалан, олимони машҳури ҷаҳон Николай Коперник, Xордано Бруно, Галилео Галилей ва ҳазорон донишмандони дигари рушанфикрро ҳомиёни хурофотзадаи дини католикӣ ба ҷазоҳои мудҳиш гирифтор карда буданд.

Подробнее...

ЁДИ МОДАР

Инак, боз баҳор бо қадамҳои неки худ ба сарзамини мо ворид шуд. Ин баҳор гулафшону зебост. Аммо медонӣ, модарҷон, ин ҳама зебоиҳою шукуфтанҳо бе ту маъние надоранд. Чунки баҳори нотакрорам, мушку анбарам, файзи хонадонам дар бари ман нест.

Подробнее...

ТАҲАММУЛПАЗИРИИ КАБИРӢ КУҶО ШУД?

Саҳифаҳои иҷтимоиро дар шабакаи Интернет варақ мезадаму чашмам ба суҳбати раиси ҳизби мамнуъгаштаи ҲНИТ афтод, ки дар ҳамин рӯзҳо баргузор шудааст. Бозаш кардам ва шунидам.

Хеле суҳбати дурудароз ва батафсиле кардааст. Чун ҳамешагӣ ва бо хислати ба худаш хос аз боби истилоҳоти баланде суханпардозӣ мекунад. Дар бораи миллат мегӯяду бедории он, истиқлолияту арзишҳои миллӣ, зулму инсофу мушкилоти иҷтимоӣ ва монанди инҳо. Танҳо ҳамаи инро бо оҳанги шигифтолуда, шеваи пушаймонӣ ба забон меоварад. Дар мушкилиҳои миллат огоҳона ва бо забон ҳукуматро гунаҳгор месозад, лекин дар асл аз гуфтораш эҳсос мегардад, ки ба сад дар сад гунаҳгор буданаш худаш қоил аст. Танҳо ӯро намемонанд, ки дар ин бора рӯирост гӯяд. Ӯ медонад, ки ба чӣ ҷинояти мудҳише ҳамҳизбонашро тела дод. Худаш ҳам қоил мешавад, ки нисбати онҳо баровардани ҳукми ҳабси абадро «интизор будааст».

Подробнее...

АРЗИ МИННАТДОРӢ

Борони сим-сим   оҳиста-оҳиста   шиддат гирифту баъди   андаке  ба жола мубаддал гашт.Ҷӯйю роҳравҳо   пур аз об гаштанд. Дар дарёчаи Лояк  сел омаду кӯпруки  деҳаи Нодириро  дар як мижа задан ба коми худ фурӯ бурд.

Ин кӯпрук барои деҳа ҳамчун обу ҳаво зарур буд. Аз ин рӯ кумитаи маҳалла маслиҳат намуда  ба хулосае омаданд, ки оқибати офати табииро бартараф намуда, кӯпрукро барқарор кунанд. Зеро рафту омади сокинон  ба он тарафи деҳа қатъ гаштаву  гузаштан аз болои он хеле  хайфнок буд.

Подробнее...