ВОКУНИШ
ЛОФИ ХИЁНАТКОРУ ДОҒИ АЛАМДОР
- Подробности
- Опубликовано 22.01.2016 08:42
Хиёнати моҳи сентябри соли гузашта, ки бо ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар расонаҳо садо дод, дубора тарсро дар дили сокинони кишвар ҷо кард. Вале бо ҷасорату чолокӣ ва ҷонфидоии ҷавонмардони ҳомии Ватан зуд алангаи оташи хиёнат хомӯшу хиёнаткоронаш саркӯб шуданд. Баъдтар аён гардид, ки аъзои фаъол ва узви раёсати собиқ Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло фаъолияти он дар ҷумҳурӣ манъ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шудааст, дар сархати хиёнат буда, мехостанд табаддулоти давлатӣ кунанд.
ИСЛОМ БА ҲИЗБ НИЁЗ НАДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 15.01.2016 16:21
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки кули мо аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азизро ба ташвиш овардааст ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ мебошад. Имрӯзҳо дар бисёр манотиқи исломии олам ҳизбу ҳаракатҳое амал менамоянд, ки аз номи Ислом истифода бурда бо шарикони хориҷии худ мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оваранд. Дар гузашта байни мазҳабҳои суни ва шиа хушунати зиёд вуҷуд дошт. Охир мардум дарк карданд, ки ҳар ду мазҳаб ҳам ба пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва китоби Қуръон эътиқод доранд ва ҳарду мазҳаб ҳам саҷдагари Худои ягона ва пайрави пайғамбар Муҳаммад (с) мебошанд.
МУҲИДДИН, ПАДАР БА АРОБАЧА НЕ, БА ФАРЗАНДИ БОНАНГ НИЁЗ ДОРАД!
- Подробности
- Опубликовано 06.01.2016 16:52
Ман ронандаи одияму ба кирокашӣ машғулам. Бо тақозои вазифаам, тез –тез ба самти Якабеди ноҳияи Файзобод тавассути шаҳри Ваҳдат корафтодаҳоро мебарам. Ростӣ вақтҳои охир аксаран суҳбати мусофирон маро ба сӯи андешаҳо мекашад. Зеро ҳаргоҳ, ки аз миёни деҳаи Қасамдара мегузарем, аксари онҳо ба сӯи қасрҳои намоёни оилаи дар гузаштаи на чандон дур «шинохта» -и Кабириҳо бо ангушти афсӯс муроҷиат менамоянд. Миёни онҳо ҳастанд, касоне, ки «мардако басавод буданд, ҳайф шуданд» мегуфтанд. Аммо дар ҳол мусофири дигар ҷавоб медод: «Садқаи давлат шаванд.
СИТОИШИ ИН ДЕҲ АРЗАНДА АСТ
- Подробности
- Опубликовано 11.01.2016 09:15
Дар арафаи таҷлили соли нав китоби тозанашри қаламкаши шинохтаи диёр Тилло Соҳбназар «Мулки фозилон» ба дастам афтод, ки ҳанӯз ҳам бӯи чопхонаро дошт. Баъди мутолиаи он навиштаҳои поёнӣ рӯи саҳифа омаданд.
Таълифи як рисола, хоҳ хурд бошад, хоҳ кӯчак дар ситоиши деҳаи Ҷонварсӯз ва мардумони кордону соҳибмаърифаташ дер боз таваҷҷуҳи маро низ бо худ мекашид. Аслан аз замони бачагӣ, овони мактабхониӣ, вақте ки дар хона ва кӯча атрофи мардумони соҳибмаълумоти деҳаи Ҷонварсӯз сухан мерафт, ҳисси кунҷковиам боло мерафту дам ба дам аз падар ва бародарони бузургам мепурсидам, ки чаро ҷавонони ин деҳа зиёдтар ба илму донишазхудкунӣ майлу рағбат доранд.
ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАБОИ АСР
- Подробности
- Опубликовано 23.10.2015 10:30
“Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, тероризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муарифӣ набояд кард” иброз намуданд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони милали муттаҳид.