Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

СИТОИШИ ИН ДЕҲ АРЗАНДА АСТ

Дар арафаи таҷлили соли нав китоби тозанашри  қаламкаши шинохтаи диёр Тилло Соҳбназар «Мулки фозилон» ба дастам афтод, ки ҳанӯз ҳам бӯи чопхонаро дошт. Баъди  мутолиаи он навиштаҳои поёнӣ рӯи саҳифа омаданд.
Таълифи як рисола, хоҳ хурд бошад, хоҳ кӯчак  дар ситоиши деҳаи Ҷонварсӯз ва мардумони кордону соҳибмаърифаташ дер боз таваҷҷуҳи маро низ бо худ мекашид. Аслан  аз замони бачагӣ, овони мактабхониӣ, вақте ки дар хона ва кӯча атрофи мардумони соҳибмаълумоти деҳаи Ҷонварсӯз сухан мерафт, ҳисси кунҷковиам боло мерафту дам ба дам аз падар ва бародарони бузургам мепурсидам, ки чаро ҷавонони ин деҳа зиёдтар ба илму донишазхудкунӣ майлу рағбат доранд. Воқеан, банда ҳам нахустин ҳарфу ҳиҷоро аз муаллими таҷрибадори ҳамин деҳа, Мирзо Холов омӯхтаам, ки алъон  дар нафақа умр ба сар мебаранд. Ва роҳбарии синфи моро аз синфи чорум то хатми мактаб низ муаллими соҳибхиради  деҳаи Ҷонварсуз, яке аз хатмкардаҳои Донишкадаи омӯзгории шаҳри  Мичуринск  Абдуҷаббор Сайриддинов ба уҳда дошт, ки ҳамзамон аз фанни забон ва адабиёти рус дарсамон мегуфт. Новобаста ба синну соли  ҷавонаш муаллим ҳам дар гузаштани дарсҳо ва ҳам ба ҳайси  роҳбарии синф маҳорати тозае дошт. Ин буд, ки давраи кории муаллим хеле зиёд хатмкунандаҳои мактаби деҳаи Қанғелӣ,(ҳозира муассисаи таълимии рақами 21)  пешаи омӯзгорӣ- муаллими забони русиро интихоб намудаанд. Чун ба камол мерасидам, медидам, ки сокинони арзандаи деҳа ба корҳои роҳбарӣ сафарбар мешаванд, таваҷҷӯҳам бештар мегашт ва дарк менамудам, ки хондану маълумот гирифтан ва таъкиди хонаводаю маллимони мактаб ҳам  беҳуда  набудаанд. Давраи мактабхониам боз аз  дигар муаллимони  соҳибзавқи деҳаи Ҷонварсӯз сабақ гирифтаам, ки наметавонам  исми шарифи онҳоро сари ин навиштаҳо наёрам, чун  Искандар Гадоев, Исмат Бобишоев, Абдуллобек Наимову дигарон. Ва тамоми даҳ соли хониши мактабиам  зери директории сокини ҳамин деҳа, муаллими кордон, Шералӣ Расулов сипарӣ шудааст, ки то ҳанӯз маҷлис –линейкаҳои пагоҳирӯзию баъд аз дарсиаш маро фаромӯш нашудааст.
Ҳине ки мактаби миёнаро хатм намуда, бахтам дар мактаби олӣ омад накард, пеш аз хизмати аскарӣ ва баъд аз он ҳам  муддате корманди рӯзномаи ноҳиявӣ будам, ки ин солҳо шиносоӣ ва дӯстии мо ба яке аз бошандагони ҳамин деҳа, мухбири рӯзнома,   муаллифи   китоби тозанашри «Мулки фозилон»,  акаи Тилло Соҳибназаров  ба вуқуъ пайваст, ки аз ин шиносоӣ   басо ҳам мамнунам. Дар ҳақиқат акаи Тилло на танҳо дар навиштану таълифи китоб ва баргардониш аз хати ниёгон , дар одаму одамгарӣ низ марди беҳамто аст. Кинаю кудуратро нағз намебинад, аслан дар тинати ин марди худо ҳамин урфу одати нохуб умуман ҷои худро наёфтааст. Ва ин мардонагӣ, боз табиати ҳазлагӯиаш  акаи Тиллоро  миёни  аксари сокинони ноҳия Файзобод,   арзандаю соҳибзҳтиром гардондааст. Ва ҳар боре, ки дар суҳбаташ мешинаму аз сухбаташ фориғ мешавам муҳаббатам нисбати ҳар сокини деҳаи Ҷонварсӯз афзун мешавад ва худо мегӯям, ки кош ин тинати пок дар вуҷуди ҳамаи сокинони ин деҳа ва дигар инсонҳои олам пайдо бошад.  
Давраи донишҷӯи дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон  ман боз аз ҳунари омӯзгории яке аз сокинони ҳамин деҳаи соҳибхирадон,  муаллифи даҳҳо китобу  рисолаҳои илмӣ, номзади илмҳои филологӣ, устод Шамсиддин Нуриддинов баҳравар шудам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки баъд аз анҷоми дарсҳо муаллим духтарони ҳамкурсамонро ҷавоб мегуфту барои мо сенздаҳ нафар ҷавонписарон аз «Шаҳрошуб»- Сайидо ҳаҷву базлаҳо мехонд.  Чун ӯ  аз аудитория берун мешуд, шарикдарсонам  «эҳ файзободиҳо, файзободиҳо », гуфта, маро ҳам дар ҷавоби «ғамхорию пуштибониҳои муаллим» аҳсант мегуфтанд.
Умуман муҳаббат ба мардумони ин диёр агарчӣ то ба навиштани китоб ҳам маро муяссар накарда бошад, кӯшиш намудам, ки дар бораи фарзандони фарзонааш,Муҳаррама Шарифова, Хайринисо Камолова, Шодӣ Бобишоев, шодравонҳо бобои Зуҳур Нуриддин, Тилло Шоев, Мунаввара Қурбонова  ва дигар  инсонҳои арзандааш дар матбуоти даврӣ хабару мақолаҳо иншо намудаам.
 Ва кори акаи дарёдили мо, таълифу нашри «Мулки фозилон» дар анҷоми соли 2015  аз дигар корҳои муҳиму хайри уст, ки номи ин деҳа ва мардумони бо ору номусашро то садсолаҳои дигар зинда медорад.


Рустами НАЗИР.