Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ИСЛОМ БА ҲИЗБ НИЁЗ НАДОРАД

Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки кули мо аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азизро ба ташвиш овардааст ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ мебошад. Имрӯзҳо дар бисёр манотиқи исломии олам ҳизбу ҳаракатҳое амал менамоянд, ки аз номи Ислом истифода бурда бо шарикони хориҷии худ мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оваранд. Дар гузашта байни мазҳабҳои суни ва шиа хушунати зиёд вуҷуд дошт. Охир мардум дарк карданд, ки ҳар ду мазҳаб ҳам ба пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва китоби Қуръон эътиқод доранд ва ҳарду мазҳаб ҳам саҷдагари Худои ягона ва пайрави пайғамбар Муҳаммад (с) мебошанд.

     Агар мо ба таълимоти динии имрӯза назар афканем дар ягон китоб чунин равияҳо ва тундгароиҳоро дида наметавонем. Чуноне ки мегӯянд ҳизби ягона ҳизби Худои таъолост ва Қуръон низомнома ва барномаи Худост. Мо пайравони дини Ислом Худоро яккаву ягона ва Муҳаммад (с)-ро пайғомбари хеш эҳтиром дорем. Аз рӯи гуфтаҳои Қуръон кору зиндаги менамоем. Маҳкум менамоем он ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои тундгарое, ки аз номи Ислом ақидаҳои нопоки хешро амали сохтанианд. Аз руи маълумотҳое ки мо дорем сарвари ҲНИТ Кабирӣ гектарҳо заминҳо ва корхонаҳое ки дар даврони шуравӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буданд дар тасаруфи худ дароварда баъзе онро ба хариду фурӯш гузоштааст. Магар ҲНИТ то имрӯз наметавонист барои сохтани мактаб ё бемористоне барои диёри худ саҳмгузор бошад. Нисбати ин ҳизб гуфтанием, ки иддае аз мансабпарастон дар атрофи ин ҳизб бо ҳам омада мақсадашон ба даст овардани ҳокимият мебошад. Вале то ҷое, ки мо огоҳ ҳастем ҷиҳод маънои одамкуширо надорад, балки маънои ҳимоят аз покизагии имон ва молу мулк мебошад. Боиси таассуф он аст, ки солҳои 1990-уми асри гузашта ҳамин ҳизби наҳзати ислом бо идиалогияи бардурӯғ аз номи Ислом ҷавононро ба доми фиреб афтонида ба ҷанги бародаркуш оварда расонид. Баъд аз даргириҳои соли Дар ҳамин ҷанг ҳам калимаи ҷиҳод истифода мешуд. Биёед бародарони гиромӣ даст болои сина монда бо ақли солим меандешем. Худ ба худ суол медиҳем:- оё бародар, бародари мусулмони худ, ки пайрави як дину мазҳабанд кушанд ин ҷиҳод мешавад?

     На баракс он нафароне, ки ин нақшаро кашидаанд оқубат назди Худо инро ҷавоб хоҳанд дод. Аз рӯзҳои аввали пайдоиш ин ҳизби бо ном исломӣ ва ватанхоҳ ҳамеша дар гумроҳ намудани мардум аз номи Ислом фаъолият менамуд.Мисоли равшани ин гуфтаҳо дар он мебошад,ки соли 1992 ва соли 2015 ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мардумро ба восита паҳн намудани идиолгияи бардурӯғ ба сангарҳо кашида буд. Дар натиҷа садҳо тан ҷавонони бегуноҳ кушта шуданд ва садҳо тани дигар овораву саргардон то Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо худ номи гурезаро гирифтанд.Чуноне ки мо аз расонаҳои хабари огаҳӣ дорем ҷонишини раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидиброҳими Назар хилофи дину мубини ислом амал намуда, то ҳатто дар рузи ҷумъа бо занҳои бегона бе никоҳ таҷовӯз намуда ғуслро ба ҷо наоварда дар намози ҷумъа адои намоз менамояд. Ин аст корҳое,ки ворисони ин ҳизби бо ном исломӣ анҷом медиҳанд. Аҷибаш ин аст, ки наход куштани як инсоне, ки ягон зарареро аз ӯ надида боши қобили ҷиҳод бошад. Наход, кудаке, ки аз модар ба дунё омадаасту навозишҳои ӯро дида аз домони тифли зарае бу ҳис накарда онро ба доми фиреб афтонидану дар ҷангҳо истифода намудан инҳам фармудаи Қуръон бошад. Не, ин ҷаҳолату бесаводии Шумост ҳизби наҳзатиҳо. Агар чуқур ба маънои Қуръон сарфаҳм равем ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳо даст намезанем. Маълум мегардад, ки маъноҳои Қуръонро кӯр-кӯрона сарфаҳм меравед. Агар рафту маънои Қуръонро пурра сарфаҳм мерафтед, ҳеҷгоҳ ҷавонони чун ғунчаи ношуфтае, ки умеди як ҷаҳон шукуфтанҳо доранд дар айни ҷавони ва наврасӣҷавонмарг намегардонидед. Рафторҳои Шуморо дида бароятон гуфтанием. Аз ҳизби мансабталошатон даст кашед, фаъолияти онро қатъ намоед ва мардумро ба ҳоли худ гузоред, то ки ватани азизи хешро ободу зебо гардонида баҳри зиндагии рангини хеш талош варзанд. Ин аст ватанхоҳӣ, Ватан ҳамеша ба воситаи фарзандони боору номус ва ҷонсупурдааш обод мегардад. На , ба он фарзандоне, ки аз номи Ислом ҳизб ташкил намуда барои ба даст овардани ҳокимият аз идиалҳои динӣ истифода намуда онро барои гумроҳ кардани мардум ҳамчун парчам истифода менамояд.Чуноне ки мо огоҳӣ дорем имрӯзҳо Кабирӣ бо хоҷагони хориҷии худ мехоҳад ба шаъну шарафи ин кишвари биҳиштосои Тоҷикистонро доғдор намояд.Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз аз фитнаҳои ҲНИТ алакай як бор соли 1992 ва маротибаи охирин мохи сентябри соли 2015 огоҳ шуда буд сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонад. Баҳрашон гуфтанием бародарон ватанхоҳӣ ба кирдораст, на ба ташкил намудани ҳизбе ки имрӯз ҷомеаи мо ба он ниёз надорад.