ВОКУНИШ
ХИЁНАТКОР ВАТАН НАДОРАД
- Подробности
- Опубликовано 21.09.2015 16:17
МУРОҶИАТНОМАИ АҲЛИ МАОРИФ БА СОКИНОНИ НОҲИЯ
Ҳамдиёрони азиз,
Аз рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол пур шуд. 18 сол аст, ки сокинони кишвар дар фазои сулҳу ваҳдати комил, зери парчами парафшони Ватан, дар ҳимояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ кору зиндагӣ доранд.
Тараққиёти ҷомеа аз он шаҳодат медиҳад, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ вобаста ба сохти давлатдорӣ, муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул ва рушд меёбад. Саодати миллат, пешравӣ ва шукуфоии он дар ваҳдату якдилист. Ваҳдат бақои миллату давлат аст.
Бадбахтона, ёфт мешаванд то ба имрӯз афроде, ки бо вуҷуди гузаштҳои чандинкаратаи сарвари давлат дили сиёҳу кӣ будани худро намоиш медиҳанд. Далели ин гуфтаҳо амали ноҷавонмардонаву сангини генерали хиёнатпеша Назарзода Абдуҳалим мебошад. Чунин амалҳои душманонаи фарзандҳои нохалафу бадтинат ба хотири нооромӣ ва бадбахтии мардум бо супориши хоҷагони хориҷияшон сурат мегиранд. Ва аз ин нооромиҳо онҳо манфиатҳои ғаразноки худро меҷӯянд. Фаромӯш месозанд, ки устод М. Турсунзода фармуда:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ҳамагон хуб медонанд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки амиқи моҳияти ватандорӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Роҳи расидан ба истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳар яки мову Шумо ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро тақозо менамояд.
Воқеияти зиндагӣ ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, ки агар шаҳрвандон маърифати баланди сиёсӣ надошта бошанд, дар байни онҳо ваҳдату якдилии устувор ба вуҷуд намеояд. То имрӯз ашхосе ҳастанд, ки оромии ҷомеаро халалдор мекунанд, бо истифода аз ҳар роҳу усул вазъро ноором месозанд. Мутаасуф, дар ин роҳи хато ҷавонони бегуноҳ қурбон мегарданд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз тамоми нерӯю имкониятҳои хеш ҳамарӯза баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми кишвар, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату якдилии халқи сарзамини хеш, беҳ намудани шароити иқтисодию иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти мамлакатамон беш аз пеш истифода намоем.
Маҳз ваҳдату якдилӣ аст, ки зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ дорад. Мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо, ширинтарин меваи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ бирасем, онро чун гаҳвараки чашм ҳифз ва ҳимоя намоем. Тоҷикистони ободу зебо ва мутараққии оламро ба наслҳои баъдӣ мерос гузорем.