Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Ҳамватанони азиз!
Ҷавонони бонангу ори тоҷик!

Мо, ҷавонони ноҳияи Файзобод, ки қисми зиёдамон зодаву парвардаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи худем, бо шукронаи зиёд аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати созандаву ободонии диёр машғулем. Имрўз касе наметавонад инкор кунад, ки маҳз ҳамин файзу баракати истиқлол, сиёсати созандаву сулҳҷўёнаи Давлати Тоҷикистон, ба хусус таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти мамлакат ва эътимоди ў ба ҷавонон боис гардидааст, ки кишварамон сол то сол ободу зеботар гардида, сатҳи зиндагии сокинони кишвар ҳамарўза боло меравад. Далели равшани ин гуфтаҳо ҳамасола бунёд гардидани садҳо иншооти замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангию варзишӣ, соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани ҳазорҳо ҷавонони тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар мебошад.
Мутаасифона, ба ин пешравиҳо нигоҳ накарда, ҳанўз ҳам дар кишвар нотавонбинону муғризоне аз худ дарак медиҳанд, ки барояшон ҳувияти миллӣ, садоқату ватанпарастӣ, тинҷию оромӣ, пешрафту шукуфоӣ барин неъматҳо бегона буда, гирифтори дарди бедавои худпарастианд.
Амали ноҷавонмардонаи Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим), ки далели равшани нотавонбинию хиёнат ба миллату Ватан аст, мо, ҷавонони меҳнатқарину шукргузори Файзободро ниҳоят мушаввашу ошуфта гардонид. Ҷавонони ноҳия баробари шунидани хабари хиёнати Назарзода ва ҳаммаслакони ў якдилона ин амали ноҷавонмардонаи онҳоро маҳкум намуда, омода будани хешро ба мубориза зидди ҳама гуна зуҳуроти хиёнаткоронаи ҳасудону душманони миллату Ватан изҳор намуданием.
Мутаасифона, миёни аввалин қурбониҳои  ин амали нангину нобахшиданӣ ду нафар ҷавонони ноҳияи мо-кормандони ниҳодҳои вазорати корҳои дохилаи мамлакат афсарон Пиров Исмоил Искандарович ва Орипов Раҷабмурод Достович буданд, ки дар айни шукуфтанҳо дар мубориза бо ин хиёнаткорон ҷон супориданд.
Мо, ҷавонони ноҳияи Файзобод, амалҳои ноҷавонмардона ва  хиёнаткоронаи хоини миллат Назарзода Абдуҳалимро сахт маҳкум намуда, ҳамватанони азизро барои бетараф набудан дар ҷодаи ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва таҳкими якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва мусоидат ба рӯзгори осудаҳолонаи сокинони кишвар даъват менамоем.
Мо, ҷавонони ноҳия, чун тамоми сокинони бонангу ори ҷумҳурӣ ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон муттаҳид гардида, барои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ноҷавонмардонаи хоинону душманони миллат кӯшиш ба харҷ хоҳем дод ва  аминем, ки        дар наздиктарин фурсатҳо ин хоинони миллат ба шикаст дучор омада, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод, зеро чи тавре Сайидои бузург мефармояд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Ҷавонони ноҳияи Файзобод.