Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ҲНИТИЁН ҶАВОНИИ МОРО БАРГАРДОНЕД!

Соли 2017-ро Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паёми навбатии худ «Соли ҷавонон» эълон кард. Воқеан     ҳамаи  ғамхориҳоеро, ки тайи 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат  нисбати ҷавонон рӯи кор омадааст, бояд дар ин сол шумурдаву тарҳои нави ҷалбу ҳамкориро бо насли ояндасоз бояд тавалид сохт.

Подробнее...

БАРОИ ЧӢ КАБИРИРО ҲАТТО ДАР ФАЙЗОБОД НАМЕПАЗИРАНД?

Дар ин чанд сатр ман мехоҳам фикру ақидаи дӯстону ҳамкорон, хешу табор ва аксари кулли сокинони ноҳияи зархези Файзободро барои хонандагони нашрия рӯшан созам. Баъди суҳбату мулоқотҳо фаҳмидам, ки воқеан ҳам ин мардум дар фикру андешаи сулҳу ваҳдату оромии ҷомеа мебошанд. Барои он ки танҳо суботу оромӣ имкон медиҳад, ки мо ба кори пурмаҳсул машғул бошем ва ризқу рӯзии оила ва фарзандонамонро соҳиб гардем. Давлату ҳукумат ин неъматро барои мо муҳайё сохтааст. Аз мо чӣ талаб карда мешавад? Аз қувваи қобили кор, аз ҷавонмардон фақат тақозо мешавад, ки ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ машғул бошем ва сулҳу ваҳдати саросариро ҳифз намоему онро таҳким бахшем.

Подробнее...

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ МЕВЛЮТ ЧОВУШОҒЛӢ

Дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мевлют Човушоғлуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва дигар масоили умдаи рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Подробнее...

ҚОРИИ МАЪРУФИ ҚУРЪОН ДАР «БАЧАБОЗӢ» МУТТАҲАМ ШУД

Муҳаммади Гандумнажод, маъруф ба Саиди Тӯсӣ, яке аз қориёни маъруфи байналмилалии Қуръон, ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам шудааст. Теъдоде аз шогирдони ӯ эълон карданд, ки дар чанд соли қабл аз тарафи ӯ мавриди сӯиистифодаи ҷинсӣ қарор гирифта ва даъвояшон дар гузашта бе ҷавоб монда буд.

Подробнее...

ЗАРАФО РАҲМОНӢ: КАБИРӢ БА МО ХИЁНАТ КАРД

Хоҳараш гуфта буд: "Зарафо, ман дилам ба ту месӯзад, зеро азоб хоҳӣ кашид!"

Зарафо Раҳмонӣ, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ) ва ягона зан аз раёсати ин ҳизб, ки барои даст доштан дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд. Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро авф намуд ва мавсуф ба озодӣ баромад.

- Аввалан шуморо барои раҳо гардидан аз қайди зиндон табрик мегӯям. Барои як зан, хоса модари тоҷик паси панҷара будан сахт мушкил аст…

Подробнее...