ВОКУНИШ
ДАР ТАЛОШИ МЕРОСИ ПАДАР
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:30
Адолатнокӣ як навъ миёнае байни барзиёдӣ ва камист. Беадолатӣ зараррасонист. Дар навбати худ зарари орӣ аз некӣ аст. Ба худ додани ҳиссаи зиёди некӣ ва қисми ками бадӣ беадолатист. Ин гуфтаи мутафаккири Юнони қадим Арасту аст.
Ба ин маънӣ масали халқии мо ҳам ҳаст, ки “Хорро ба пои худ халон, дард ки накард, баъд сари роҳи дигарон гузор”.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза кам нафареро вомехӯрӣ, ки ба адолат боварӣ дошта бошад. Ин танҳо ақидаи мо нест...
МАКТУБИ САРБОЗ
4 июни соли ҷорӣ унвонии нашрия мактуби шикоятӣ аз номи Маҳкам Қосимов, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия, ворид гардид. Ӯ дар нигоштааш қисса аз баҳсу ҷанҷоли оилавӣ кардааст. Мегӯяд тайи се сол аст, ки миёни падарам ва оилаи амакам баҳси судӣ ҷараён дорад ва то ҳанӯз ҳалли дурусти худро намеёбад. Мавсуф менависад, ки ба адолати судӣ ва волоияти қонун бовар дорам. Афсӯс, ки имрӯз аз ноадолатона ва яктарафа дидани масъала зиёда аз як сол аст, ки дар як ҳуҷра шаш нафар якҷо бо волидон зиндагӣ доранд. “Аз кашмакашу судбозиҳо дилгир шудаем, алам мекунад сарбоз.- Ба ин хотир аз шумо хоҳиш дорем, ки тариқи матбуот масъалаи мазкурро инъикос намоед”.
Мо пайи хоҳиши ӯ ба омӯзиши масъала пардохтем.
МЕРОСИ ПАДАР
Ҷанҷол ба хотири тақсими меросу соҳиби мулки падар шудан. Гап сари манзили истиқоматие меравад, ки бо шикояти ака аз болои додари худ аз соли 2013 инҷониб дар суди ноҳияи Файзобод парванда боз шудаву то кунун ҳалли адолатонаи худро наёфтааст.
Манзили истиқоматӣ ва замини наздиҳавлигие, ки аз марҳум падарашон Темур Қосимов ба фарзандон мондааст, бо сабаби ба мувофиқа наомадани меросхӯрон мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Вақти дар ҳаёт будани волидон фарзандҳо ҳама пайи зиндагии мустақилона рафтаанд. Фарзанди калонӣ Икром Қосимов, ки баҳси мазкур бо талошҳои пай дар пайи ӯ ба миён омадааст, соли 1982 пас аз хонадор шуданаш бо иҷозат ва хоҳиши падар аз қайди манзили истиқоматии мазкур баромада, то ба ҳол дар нишонии кӯчаи Ҳамзаи деҳаи Лолагии ҷамоати деҳоти Вашгирд зиндагӣ дорад. Ба гуфтаи шоҳидон истиқоматгоҳи ҳозираи ӯро Темур Қосимов ҳини ҳаёт буданаш харида ба фарзандаш дода буд. Писари дувумӣ- Акрам Қосимов бошад, аз соли 1991, пас аз як соли вафоти падар дар манзили истиқоматии худаш воқеъ дар кӯчаи Озодии ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ дорад. Ягонадухтари хонадон Шарофат ҳам баъди ба шавҳар баромадан дигар дар ин хона нест. Фарзанди хурдӣ-Ислом Қосимов, ки якҷо бо волидон истиқомат мекард ва пас аз сари эшон дар китоби хоҷагидории ҷамоат ҳамчун сардори оила қайд шудааст, айни ҳол муқими манзили падарӣ аст.
ХАРҶИ МОТАМИ БОБО
Манзараи ҷанҷоли бародарон шеъри Абдураҳмони Мушфиқиро ба ёд меорад. Ӯ нобаробарҳуқуқии занонро вобаста ба тақсими мерос мазамат мекунад.
Ҳамшира харҷи мотами бобо аз они ту,
Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту.
Анбори пур зи ғаллаи бобо аз они ман,
Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.
Мутаассифона, дар замони мо аз он бадтар воқеаро мебинем. Бубинед, ки барои тақсими мерос ё кадом ғарази дигар бародари калонии хонадон Икром Қосимов ба ҷойи он ки пас аз сари волидайн хоҳару бародарони хурдиро сарпарастию раҳнамоӣ кунаду маслиҳатгари роҳи зиндагиашон шавад, аз номи фарзандаш Наврӯз Қосимов ба суд барои соҳиби мулки падар шудан бо қадами каҷ муроҷиат кардааст.
СУДИ АВВАЛ
Ҳар нафаре, ки ҳалномаи суди ноҳияи Файзобод аз 30 апрели соли 2013 дар бораи эътироф намудани далели соҳибмулкӣ ба иморат ва воқеияти қабули меросро хонад, бегумон худро дар толори театр ҳини тамошои мазҳака эҳсос мекунад. Наврӯз Қосимов, писари Икром Қосимов, зимни даъвояш аризаашро нисбати ҷавобгар, амакаш Ислом Қосимов бо он асоснок кардааст, ки марҳум бобояш соли 1959 бо бибиаш хонадор шудаанд. Онҳо ақди никоҳи расмӣ надоштаанд. Аз зиндагӣ соҳиби 4 фарзанд гаштаанд. Бобояш Қосимов Темур 24.02.1990 вафот кардааст. (Нутқ айнан аз ҳалнома гирифта шудааст.- С.Р.) Бинед, ӯ аз замоне ҳарф мезанад, ки худ ба дунё наомада буд. Шояд волидонаш мисли афсона барояш нақл кардаанд. Зеро ӯ 21.03.1993 на дар деҳаи Меҳробод, балки дар деҳаи Лолагӣ ба дунё омадааст. Хандахариш. Давоми ҳалнома. Падари аризадиҳанда Икром Қосимов дар мурофиаи судӣ ҳамчун намоянда аризаро пурра дастгирӣ намуда, илова намудааст, ки писараш айни замон дар хизмати Ватан дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Ва оид ба манзили истиқоматии мазкур ягон баҳс ё шикоят вуҷуд надорад.
Диққат кунед: Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод таҳти №439 аз 24.12.2013 ба муроҷиати шаҳрванд Ислом Қосимов ҷавоб додааст, ки шаҳрванд Наврӯзи Икром (яъне Қосимов Наврӯз Икромович), соли таваллудаш 21.03.1993, истиқоматкунандаи деҳаи Лолагии ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар нашудааст. Ва айни ҳол даъватшаванда дар қайди зершуъбаи дувуми комиссариати ҳарбии ноҳия меистад. Дурустии ин далелро худ пайгирӣ кардем. Дар комиссариати ҳарбии ноҳия оид ба хизмати Модар-Ватанро адо карданаш дар ягон китоб қайд нашудааст. Наврӯз гӯё ба хизмат аз тарафи комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат рафтааст. Лекин тибқи қонунгузорӣ бояд баъди адои хизмат дар комисариати ҳарбии ноҳия ба қайд гирифта мешуд. Барои мо муаммост, ки чаро то кунун дар қайд нест?
Дар суд шоҳидон Қосимов Қ.И. (писари дигари Икром Қосимов) ва Бобиева Х.Н. баёнот додаанд, ки Наврӯз Қосимов аз овони хурдиаш то ба ҳол дар хонаи истиқоматии мазкур зиндагӣ мекардааст. Баъди вафоти бобояш ӯ бо бибиаш Исоқова Гулак мезистааст. Пас аз вафоти бибиаш дар ҳамин хона истиқомат дорад. Боз таваҷҷуҳ: Дар асоси шаҳодатномаи вафот таҳти силсилаи АА№0088276 марҳум Темур Қосимов 27.02.1990 вафот кардааст. Наврӯз Қосимов бошад, 21.03.1993, яъне пас аз 3 соли вафоти бобояш таваллуд шудааст. Ку ҳақиқату мантиқ?!
Бино ба маълумоти раиси ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод таҳти №1184 аз 24.12.2013 Қосимов Наврӯз Икромович, соли таваллудаш 21.03.1993 ва Қосимов Икром Темурович, соли таваллудаш 10.08.1960 дар нишонии деҳаи Лолагӣ кӯчаи Ҳамза аз соли 1982 инҷониб зиндагӣ мекунанд. Ва манзили истиқоматӣ ба номи Икром Қосимов мебошад, ки онро соли 2007 хусусӣ гардонидааст. Шаҳодатномаи таваллуди Наврӯз Қосимов таҳти силсилаи АА№149484 аз тарафи САҲШ-и ноҳияи Файзобод ба ҳамин нишона дода шудааст. Яъне ӯ аз рӯзи таваллуд то ба ҳозир дар кӯчаи Ҳамзаи деҳаи Лолагӣ зиндагӣ дорад. Чун оина рӯшан аст, ки аризадиҳанда ба суд маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардааст. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод низ бо маълумотномаи худ таҳти рақами 164 аз 21.12.2013 тасдиқ мекунад, ки Қосимов Наврӯз Икромович байни солҳои 2000-2012 дар муассисаи таълимии мазкур нахондааст ва шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ нагирифтааст. Раиси ҷамоати деҳоти мазкур ҳам таҳти рақами 59 аз 27.12.2013 ҷавоб гардонид, ки ин шахс мутобиқи дафтарҳои хоҷагии деҳот, ки аз соли 2008 то ҳоло дар ҷамоат маҳфузанд, дар қайди дафтари хоҷагии касе нест. Давоми ин солҳо тибқи дафтарҳои дар ҷамоати деҳот мавҷудбуда ба Қосимов Наврӯз Икромомвич ва Қосимов Икром Темурович аз тарафи масъулини ҷамоат дар бораи ҷои зисти онҳо дар ҳайати оилаи Қосимов Ислом ва Исоқова Гулак маълумотнома дода нашудааст. Яъне Икром Қосимов дар қайди ҷамоати деҳоти Вашгирд мебошад. Андозҳои замин ва амволи манзили мазкурро то ин вақт Ислом Қосимов ва Исоқова Гулак (то давраи вафоташ) пардохт намудаанд. Ва то соли 2012 бо муроҷиати шаҳрванд Исоқова Гулак нисбати молу амволи ӯ ягон хел амалиёти нотариалӣ гузаронида нашудааст. Бино ба сабаби надоштани чунин ваколатҳо он маълумотномае, ки даъвогар Икром Қосимов ба аризаи қалбақӣ замима намуда буд, бо роҳи сохтакорӣ ба даст овардааст.
Аз сардори шуъбаи фурӯши барқи ноҳия соҳибмулк Ислом Қосимов таҳти №60 аз 23.12.2013 ҷавоб гирифтанд, ки оиди истифодабарандагони неруи барқ дар нишонии мавриди баҳс қарордошта шаҳрванд Қосимов Ислом Темурович дар қайди муштариёни шабака мебошад ва ҳисобу пардохти маблағи қувваи барқ ҳам бо ӯ ҳисобӣ карда мешавад. Яъне дар ин маврид ҳам даъвогар Икром Қосимов ба суд маълумотномаи қалбакӣ пешниҳод намудааст.
Чӣ гуна чунин сохтакорию бофтакориро мазҳакаи рӯи саҳнаи театр нагӯем? Ҳол он ки соҳибмулк Ислом Қосимов дар дафтари хоҷагии №4 бо суратҳисоби шахсии 157 дар ҷамоати мазкур ба қайд гирифта шуда, ҳайати оилааш аз инҳо иборатанд: Нозимова Розия, ҳамсараш, Қосимзода Фазиламоҳ, духтараш, Эҳромиддин, Маҳкамҷон, Ҳасан ва Ҳусейн Қосимовҳо писаронаш. Суол ба миён меояд, ки чаро суд танҳо ба як паҳлӯи баҳс мароқ зоҳир намудааст? Чаро аз ин ташкилоту муаасисаҳои давлатии дар боло зикркардаи мо оид ба дурустию нодурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Наврӯз Қосимов маълумотнома дархост накардааст? Дар андешаи мо зери коса нискосае ҳаст? Ҳамин тавр суд бо чунин “мизон” ҳалнома баровард: аризаи Қосимов Наврӯз Икромович дар бораи эътироф намудани далели соҳибмулкӣ ба иморат ва воқеияти қабули мерос қонеъ карда шавад. Ҳолати соҳибмулкии марҳум Исоқова Гулакро нисбати хонаи истиқоматии иборат аз 4 ҳуҷра бо пешайвон ва биноҳлои ёрирасон бо масоҳати 372,2мм дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,8га воқеъ дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод муқаррар карда шуда, воқеияти қабули мерос аз тарафи Қосимов Наврӯз Икромович нисбати хонаи истиқоматӣ иборат аз ду ҳуҷра ва як айвон ва дигар биноҳои ёрирасон, ки масоҳати умумиашон 96,2 метри мурабаъро дар бар мегирад ва ба марҳум Қосимов Темур тааллуқ дорад, аз тарафи аризадиҳанда Қосимов Наврӯз Икромович муқаррар карда шавад.
Ана ҳалли баҳсу мана ҳукм. Яъне “дузди зӯр соҳиби говро баст”-аст. Наврӯз Қосимов дина таваллуд шуду соҳиби моликияти бобое гардид, ки худ ӯро надидааст.
Суол меафтад, чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия пайи ошкори сохтакориҳо нарафта, ба пешниҳоду маълумоти бардурӯғ бовар кардаанд? Магар ин аз рӯйи адолат аст?! Суоли дигар. Ҳар кас, ки аз дилхоҳ коргоҳу муассиса барои манфиати худ ба ҷои лозима ҳуҷҷат пешниҳод намояд, магар ин фасод нест?!
Барои донистани ҳақиқат мо хонаи мавриди баҳсқарордошта рафтем. Бо сокинони деҳа, ҳамсояҳо ва пирони рӯзгор, ҳамтабақону ҳамкорони марҳум Темур Қосимов ҳамсуҳбат шудем. Бобои Файзулло Одинаев мегӯяд: мову раҳматии Темур ошно будем. Вақти дар ҳаёт будани раҳматӣ рафтуомад доштем. Якҷо дар совхоз кор мекардем. Фарзандони марҳумро нағз мешиносам. То ҷое ман огаҳам, раҳматӣ фарзанди калониашро дар солҳои 80-ум хонадор карду соле баъдтар дар деҳаи Лолагӣ хона харида дод. Писари дувумаш бошад, баъди вафоташ аз ин хона кӯчид. Ислом бо падараш аз аввал зиндагӣ мекард. Раҳматии очаашро ҳам, баъди вафоти падараш ӯ дар ҳамин ҷо нигоҳубин мекард. Гӯру чӯби падару модарашонро мардуми деҳаву ҳамаи фарзандонаш анҷом доданд. Мегӯянд Наврӯз ном писари Икром даъвои меросу хонаву дар кардааст. Дар асл ман ӯро намешиносам. Мумкин бачаи ёш бошад. Лекин дар хона зиндагӣ кардану пиру кампирро нигоҳубин карданашро ман надидам.
Бобои Сангин Сангов, ҳамсояи дигари марҳум Темур Қосимов, раиси маҳалла Саидмурод Розиқов ва чандин нафари дигар, ки ҳозир буданд, гапҳои бобои Файзуллоро ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки мо танҳо Ислом Қосимовро ҳамсояву ҳамдеҳаи худ мешиносему медонем, на каси дигарро.
Баъди қонеъ шудани аризааш Қосимов Наврӯз дубора бо аризаи иловагӣ дар бораи аз нав дида баромадани ҳалномаи ба ҳукми қонунӣ даромадаи суд вобаста ба ҳолатҳои навошкоргардида бо таъиноти суд аз 14 январи соли 2014 ҳалномаи қаблан қабулшудаи суд бекор карда шуда, тибқи таъиноти суд он бе баррасӣ мононда шуд. Чаро?! Чунки падару писар пай бурданд, ки найрангҳои кардаашон нуқс дорад ва ба ин роҳ ба мақсади ниҳоии хеш намерасанд.
СУДИ ДУВВУМ
Суди ноҳияи Файзобод таърихи 27 январи соли 2015 дар ҳайати раисикунанда Ҷамилов Файзулло Мирзоевич дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод парвандаи гражданиро бо даъвои Қосимов Ислом ба ҷавобгарии Қосимов Икром оид ба ҳолати эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба шахси вафотёфтаро баррасӣ намуда муайян кард, ки Ислом аз вақти таваллудаш дар ҳамин манзил истиқомат намуда истодааст, ки он соли 1960 аз тарафи марҳум падараш сохта шудааст. Марҳум падараш Темур Қосимов соли 1990 ва модараш Исоқова Гулак соли 2012 вафот намуданд. Манзили истиқоматии мазкур дар китоби хоҷагии ҷамоати деҳоти Меҳробод ҳамчун хоҷагии алоҳида ба номи марҳум падараш Қосимов Темур, баъдан ба номи модараш Исоқова Гулак ва айни замон ба номи худи ӯ ба қайд гирифта шудааст. Аммо бинобар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда надоштани манзили мазкур онро ба таври расмӣ дар мақомоти дахлдор ба расмият надаровардаанд. Ҷавобгар Қосимов Икром Темурович дар ҷараёни суд давъои додарашро эътироф намуда, баён намуд, ки онҳо аз як падару модар 4 фарзанд дар манзили истиқоматии баҳсӣ таваллуд шуда ба воя расиданд. Айни замон 3 нафарашон манзилҳои истиқоматии худро дошта бародари хурдӣ, яъне даъвогар Ислом Қосимов бо аҳли оилааш дар ҳамин макон зиндагӣ мекунад.
Мазҳакаву найранги навбатиро бинед. Модоме Икром медонист, ки дар манзили падараш додари хурдиаш истиқомат дорад, чаро аз номи писараш бардурӯғ ариза дода, дар суд намоянда шуд ва эътироф кард, ки писараш бо бибиаш якҷо зиндагӣ мекардааст?
Тибқи санад аз 10 апрели соли 2014, ки аз ҷониби раиси маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод Каримов С. ва ҳамсояҳои даъвогар Сатторов Ф., Қурбонов И., Шамсов Т. ва Холов Н. ба имзорасида, манзили истиқоматии мазкур ба Темур Қосимов тааллуқ дорад ва баъди маргаш дар истифодаи писараш Ислом аст. Ғайр аз ин тибқи хулосаҳои хадамоти зидди сӯхтор, муҳити зист, шуъбаи меъморӣ, шабакаҳои барқ манзили истиқоматӣ ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ буда, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шахсонро халалдор намесозад. Тибқи хулосаи кумитаи заминсозии ноҳия масоҳати қитъаи замини наздиҳавлигии даъвогар Қосимов Ислом 0,15га буда, масоҳати умумии биноҳо 199,6м.м, масоҳати бинои истиқоматӣ 88,4м.м, масоҳати бинои ёрирасон 111,2м.м. аст ва дар маҳали аҳолинишин қарор дорад.
Хулоса, ин навбат бо исботи ҳамин далелҳо суд даъворо ҳал кард, ки аризаи даъвогии Ислом Қосимов ба ҷавобгарии Икром Қосимов, тарафҳои манфиатдор- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Корхонаи фаръии бақайдгирии техникии ноҳияи Файзобод оид ба ҳолати эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ба шахси вафотёфта ба манзили истиқоматӣ қонеъ карда шавад.
Мутаассифона, ҳалномаи суд чандон мавриди амал қарор нагирифт. Намоишномаи мазҳакавии қиссаи соҳиби мероси падар пардаи сеюмашро оғоз кард. Икром Қосимов, ки дар яке аз нақшҳои манфии ин намоиш меистад, дар пардаи аввал (манзур ҳалномаи суди аввал) дар нақшаш писарашро истифода кард ва то андозае бо найрангҳояш ба мақсад расид. Аммо дид, ки сохтакориаш мисли хошок зуд рӯи об баромада истодааст, ниқоби дигарро ба рӯяш кашид. Дар қисмати дувум хуб ҳунарнамоӣ кард, аммо чандон муваффақ нашуд. Чунки ин навбат ба саҳнагузоранда ӯ набуд. Ҳар ҷомаи найранге, ки мепӯшид дар қадаш кӯтоҳӣ мекард. Ҳадафаш як чиз буд: танҳо ҷомаи бародарро пӯшидану ӯро дар биёбони зиндагӣ зери ҳавои сарду гарм лучу урён гузоштан. Чун дар пардаи дуюм муродаш ҳосил нашуд, қисмати сеюми намоишро коргардонӣ кард. Ин навбат қаҳрамонҳо зиёд шуданд. Хоҳару додаре, ки умуман аз моли падар чизе тамаъ надоштанд, ба саҳна кашида шуд.
СУДИ СЕЮМ
Маҷлиси ошкорои суди сеюм таърихи 2 июни соли 2015 дар толори суди ноҳияи Файзобод доир гардид. Суд дар ҳайати раисикунанда Ҷамилов Ф.М. парванди оилавиро ба даъвои бародарон Икрому Акрам Қосимовҳо ва хоҳарашон Шарофат Қосимова нисбати ҷавобгар додарашон Ислом Қосимов оид ба тақсим намудани ҳиссаи мерос муҳокима намуд, ки аз марҳум падарашон ба онҳо 3 ҳуҷраи истиқоматӣ, 1 пешдолон ва иншооти ёрирасон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,15га боқӣ мондааст. Ҷавобгар Ислом даъвои бародарону апаашро дар суд эътироф намуд, ки манзили истиқоматии меросӣ аз падарамон боқимонда он қадар обод несту дар он айни замон ман ва аҳли оилаам зиндагӣ дорам. Суд дар ҷараёни омӯзиш бо асосҳо ва далелҳои кифоягии овардааш баҳои ҳуқуқӣ дода, ба хулоса омад, ки моликияти меросӣ манзили истиқоматии марҳум Қосимов Темур аз 1 ошёна иборат буда дорои 3 ҳуҷраи истиқоматӣ бо як пешайвон дар қитъаи замини масоҳаташ 0,15га иборат аст. Ва тибқи хулосаи мутахассис №21/1715/14 Маркази санҷишгоҳи судӣ–криминалистикии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши эҳтимолии бозоргонии моликияти мероси мазкур ба маблағи аз 55 то 60 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст. Суд ба меросгирандагон ба тариқи асл ба андозаи аз 4/1ҳиссагӣ ба ҳар кадомашон муқаррар намудани 15 ҳазор сомонӣ тақсим намудани ҳиссаи меросро мувофиқи мақсад донист. Ба ин далелҳо суд ҳал кард, ки аризаи даъвогии бародарон нисбати додарашон қонеъ карда шавад ва ҳиссаи мерос ба тариқи асл ба андозаи 4/1 ҳисаи ба ҳар як кадомашон ба миқдори 15 ҳазор сомонӣ тақсим карда шавад.
Аммо пеш аз ба ҳукми қонун даромадани ҳалномаи мазкур бародари аз хуни падару душмани ҷонии Ислом омада ду хонаву як айвонро соҳиб шуд. Ва дару тирезаҳоро мехкӯбӣ намуда, истиқомати додарро дар онҳо мамнӯъ сохт.
Ин манзара ба ҳар бинанда хеле ҳузнангез аст. Зеро бадтарин инсон чунин амалро ба фарзанди падари худ раво намебинад. Муддати беш аз 1 сол аст, ки зану шавҳар бо шаш фарзанд дар як ҳуҷра зиндагӣ доранд. Гумон мекунам дар дили ин бародари бераҳму сангдил ягон зарра тухми шафқату бародарӣ нарӯидааст. Фикр мекунам, ин ба мусулмониву шариати исломӣ ҳам рост намеояд. Икром боре ҳам намеандешад, ки бародараш фарзанди маъюби гурӯҳи якум дорад. (Эҳромиддин 23-сола, ки аз модар маъюб ба дунё омадааст, худ бори андӯҳи волидайн аст).
Амали ноҷавонмардонаи бародари тамаъҷӯяш билохира Исломро маҷбур сохт, ки барои беҳтар намудани вазъи зиндагиаш оид ба ҳалномаи мазкур ба суди олӣ шикоят барад.
СУДИ ЧОРУМ
Бобати ин ҳалнома чизе ҳам нагӯем мешавад. Зеро он чи ки дар марҳилаи суди аввал анҷом ёфт, ҳамон ҳукм бетағйир монд. Ва тибқи ин қарори суд моликияти мероси аз марҳум Темур Қосимов мондаро фарзандон чор қисмат карда ҳар нафаре аз чор як ҳиссаро соҳибӣ мекунад. Вақти мурофиаи судӣ меросхӯрон ба мувофиқа омада, Шарофат Қосимова ҳиссаашро ба бародари калонӣ Икром Қосимов ва Акрам Қосимов ҳиссаашро ба додараш Ислом Қосимов бахшид. Дар асоси ҳамин ҳалнома бояд моликияти мероси падар ду тақсим мешуд. Аммо аз наворҳои дастраси мо айён аст, ки молу матое, ки аз марҳум волидон монда буд, баробар тақсим нашудааст. Икром якҷо бо фарзандонаш яхдону кӯрпаву гилемҳоро кайҳо пеш аз ин ҳалнома санаи 12.01.2013 кашонда ба хонааш бурдааст.
Қаҳрамони мо дар саҳнаи сеюму чорум хуб нақшофарӣ кард. Ба қавле “буҷулаш асп хест”. Кораш омад намуду соҳиби аксари моли падар шуд. Шояд хонанда гумон кунад, ки бо ҳамин чор ҳалномаи суд мазҳакаи қиссаи соҳиби мероси падар хотима ёфт? Не-да!
Шахсе, ки толори сохторҳои “боадолат”-и моро ба саҳна табдил дода бо найрангбозиҳояш соҳиби моли ҳангуфт гардид, магар зуд ба даъвояш хотима мебахшад?
НАМОИШИ ДИГАР
Мазҳакаи меросхӯр Икром Қосимов бо найрангу ҳила ва ҷилвазанӣ дар толорҳои суд хотима ёфт. Мерос ҳам тақсим шуд. Ва бояд додараш дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ ҳиссаи меросашро бирпардозад ё ӯ нисфи хонаву заминро соҳиб шавад. Икром нағз медонад, ки бародараш дар муддати кутоҳ маблағи ҳиссаи меросашро дар ин ҳаҷм пардохта наметавонад. Аз ин хотир найранги навбатиро оғоз кард. Дубора бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда ҳиссаи меросро дар шакли натура аз бародар талаб намуд. Дар аризааш гуфтааст, ки “моликияти меросӣ байни ману бародарам дар шакли асл тақсим карда шавад. Чунки ману бародарам моликияти меросиро бо роҳи маслиҳат ҳал карда наметавонем”. Ибораи “маслиҳат” нав ба сари Икром омад? Ё шояд найранги навбатӣ бошад?! Чаро пеш аз оне, ки аз номи писарат даъвои соҳибмулкӣ намудӣ, ин маслиҳатро накардӣ? Акнун дардат маълум: танҳо соҳиби хонаю замини падар гардидан. Ҳеҷ гап не, аризаро, ки додӣ, ин дафъа ҳам бенаво намемонӣ...
Икром Қосимов дар ин ариза бо чанд далелу асосҳои подарҳавои дигар аз суд хоҳиш намудааст, ки моликияти мероси марҳум падарам байни ману бародарам тақсим карда шавад. Ба ман ду ҳуҷраи истиқоматӣ бо пешдолон ва ними боғ дар масоҳати 0,12га ҳамчун ҳиссаи мероси падарам дода шавад. Ба бародарам як ҳуҷраи истиқоматӣ ва ҳамаи биноҳои ёрирасон ва ними боғ дар масоҳати 0,10га замин ҳиссаи мерос ҷудо карда шавад.
Тавре болотар гуфтем, ин талабаш ҳам бӯйи найранг дорад. Хонаҳо мушхона гашту дарунаш чизе намонд, чашм ба боғи назди хона кард. Акнун иддао дорад, ки дарахтонро якҷо бо падарашон шинонида будаанд. Ислом ин даъворо инкор мекунад. Ҳамсояҳо тасдиқ карданд, ки ҳақиқатан дарахтони назди ҳавлӣ дастранҷи худи Ислом аст, на аз Икром.
Ҳар нафаре, ки дар доираи ин баҳс андеша кунад, бисёр ҳолатҳои аҷоибу ғароибро мебинад. Барои ошноии хонанда чанде аз ин ҳолатҳоро мисол меоварам.
1.Дар оғози даъво Икром Қосимов дар мурофиаи судӣ ба ҷои писараш ҳамчун намоянда иштирок кард. Маълумоти дурӯғ дод, ки гӯё писараш дар хизмати Модар-Ватан бошад. Аммо то ба ҳол аз қарзи шаҳрвандиро адо кардан ё накардани писараш маълумоти аниқ дастрас карда натавонистем. Ва акси иддаои ӯ ба унвонии нашрия мактуби шикоятии сарбоз писари Ислом-Маҳкам Қосимов ворид гардид, ки дар қӯшунҳои сарҳадии КДАМ –и кишвар дар шаҳри Исфара адои хизмат намуда истодааст.
2.Ҳалномаи суд оид ба тақсими мерос 2.06.2015 аз ҷониби суди ноҳия ба ҳукми қонун даромад. Аммо Икром Қосимов пештар аз як сол молу матоъро пеш аз ба суд муроҷиат карданаш ба хонааш бурд.
3.Ҳоло бошад тақсими замину боғро даъво дорад. Аммо кайҳо дар миёни замин сохтмони девори сарҳадиро сохтаасту ҳиссаашро ба табъи дили худ гирифтааст.
Хулоса, ҳар даъвое, ки ба суд намудааст, пеш аз он худсарона ва ғайриқонунӣ амал намуда, баъд ба маслиҳати хоҷагони ҳуқуқдону “адолатхоҳаш” ба шакли қонун даровардааст.
Оё то кунун аз раисикунандаи ҳамаи ҳалномаҳои суд вобаста ба ин парванда то котиботу ҳимоятчӣ ва умуман ҳар нафаре, ки дар ҷараёни ин судҳо ба ҳайси ин ё он намоянда баромад кардааст, боре аз ҳуқуқвайронкуниву худсарона амал намудани ин ҳариси меросталаб пурсида шудааст? Умуман нафаре ба пуррагӣ мушкилоти мазкурро омӯхтааст?! Ё чаро дар ҷараёни суд ҳолату далелҳои ошкоршуда фақат ба нафъи ӯ асоснок карда мешавад?!
Зимни омӯзиши мавзӯъ танҳо ба дасти мо як амрномаи сармеъмори ноҳия Акбар Кенҷаев аз 1 марти соли 2016 расид, ки Икром Қосимовро барои ҳуқуқвайронкуниаш, яъне бе риояи қоидаҳои шаҳрдорӣ дар дохили замини наздиҳавлигии бародараш худсарона девор бардоштан, гунаҳгор медонад. Ва уҳдадор менамояд, ки “замин ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад”. Мутаассифона, ҳолат ҳамон тавре ки буд, мондааст. Оид ба ҳолати мазкур ба сармеъмори ноҳия ҳамсуҳбат шудем. Номбурда иброз дошт, ки парвандаи онҳо то ба ҳанӯз дар суди ноҳия дар ҳоли баррасист. Баъди анҷоми суд агар пайи ислоҳи кор нашавад, тариқи суд ҳатман ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ хоҳанд кашид.
Бар асоси ин талаботи мақомоти дахлдор нақшаи кашидаи меросхӯр барои соҳиб шудани замин вайрон шуд. Баъди ин огоҳӣ ҷараёни “ҳамлаҳояш” суст гардид. Фикр мекунам, агар ҳамаи масъулони соҳа аз аввал ба ин қонуншиканиву сохтакориву фиребкориҳои Икром Қосимов дахолат мекарданд, кор ба ин ҳолат намерасид.
ДАЪВОБОРОН
Арзи кардаи Икром Қосимов ҳанӯз баррасӣ нашуда, боз аз суд хоҳиш намудааст, ки қарори раиси ноҳия 3.11.2014 бо №847 ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дараҷаи А0482023 аз 22.11.2014, ки ба бародараш тааллуқ дорад, бекор карда шавад.
Чаро? Зеро ки ӯ то қарору сертификатро бекор накунад, сарҳадеро, ки ба табъи дили худ ҷудо намудааст, истифода карда наметавонад. Дар аризааш ба суд гуфтааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба вобаста намудани замини наздиҳавлигӣ бояд бо иштироки шахсони манфиатдор тартиб дода шавад. Аммо ҳуҷҷатгузории замини мазкур пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ гузаронида шудааст.
Наход, як сохтори давлатӣ тамоми ҳуҷҷату аснодро пинҳониву ғайриқонунӣ тартиб диҳад. Илова бар ин ҳуҷҷатҳоро ғайриқонунӣ меҳисобад, ки дар сатҳи ҳукумати ноҳия ба тасвиб расидаву раиси ноҳия оид ба он қарор қабул намудааст.
Бобати баҳси давомноки бародарон, ки мудати се сол мешавад дар суди ноҳия дар ҳоли омӯзишу баррасист, бо масъулони суди ноҳия ҳамсуҳбат шудем. Судя Мирзозода Файзулло Мирзо, ки ҳини баҳси судӣ иштирок кардаву даъвои аризадиҳандагонро бо тариқи қонунӣ ҳал кардааст, мегӯяд, ки парванда ҳоло ҳам дар ҳоли баррасист. Дар ин миён чор ҳалномаи суд баромад. Аммо бародарон ҳоло ҳам сари як мақсад намеоянд.
Айни ҳол дар дасти мо аризаи даъвогии Икром Қосимов қарор дорад. Бо сабаби иштирок накардани ҷониби муқобил парванда дар суд беҳаракат мондааст. Даъвои дигари Икром Қосимов оид ба тақсими мерос дар шакли натура ба раиси суди ноҳия Қудратзода Саидҷон Қудрат вобастагӣ дорад. Вобаста ба даъвои мазкур ӯ ба мо гуфт, ки ҷониби муқобилро барои шунидани фикраш ёфта наметавонад. Агар кор ҳамин тавр ҷараён гирад, маҷбурем, ки ҳалномаи судро бе иштироки ӯ барорем.
Ислом Қосимов иллати дар суд иштирок накарданашро ба мо гуфт: суд масъаларо яктарафа мебинад. “Пеш аз ин акаам аз набудани ман истифода карда, миёни ҳавлиро бо хости худаш девор бардошт. Мероси марҳум падарамонро пеш аз баромадани ҳалномаи суд яклухт ба хонааш бурд. Ин ҳолатҳоро дар суд вақти баррасии парванда гуфтам. Лекин ягонтоашро ба инобат нагирифтанд. Бародарам то меросро ба хона наораду деворро чаппа накунад, дар суд иштирок намекунам...”.
Ҳамчунин Ислом Қосимов моҳи октябри соли 2015 ба суд аризаи даъвогӣ оид ба тартиби айбдоркунии хусусӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани бародараш Икромро кардааст. Тибқи арзи намудааш санаи 20.10.2015 бародараш Икром якҷо бо писараш Наврӯз ва духтараш ба хонаи марҳум падараш, ки ҳоло Ислом дар он зиндагӣ мекунад, омада ӯро дар назди зану фарзандаш латукӯб карданд.
Мувофиқи санади тадқиқоти тиббӣ-судӣ таҳти №1177 аз 20.10.2015 ӯ дар ин латукӯб ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба мисли шикасти устухони бинӣ ва хуномос мансуб ба зарари сабук ба саломатӣ расидааст.
Ислом мегӯяд: “Даъвои маро дар суд қабул накарданд. Барои ин дилам монд”.
Судя Мирзозода Файзулло гуфт, ки дар ҳақиқат аз ҷониби Ислом Қосимов чунин эътироз ба мо расид. Лекин аризааш камбудӣ дошт. Бояд чанд асноди дигарро вобаста ба даъвояш ба ариза замима мекард. Инро ба ӯ фаҳмонидам. Бо ҳамин рафту дигар наомад.
Дар иртибот ба ин ҳодиса ҳамсари Ислом Қосимов гуфт, ки ҳолати мазкурро ҳамон шабу рӯз ба нозири минтақавӣ фаҳмонидем. Ӯ аз мо шоҳид талаб намуд. Ба ӯ гуфтам, ки ману фарзандонам ҳама шоҳидем. Лекин ӯ инро қабул накард. Гуфт ки шумо шоҳид шуда наметавонед, ягон нафари бегонаро биёред. Бо ҳамин ҷинояти мазкур бидуни ягон натиҷагирӣ анҷом ёфт. Касе аз ин ҷинояти содирнамудаи падару писар напурсиду садди роҳашон нашуд.
ЗАНАКҶАНҶОЛ
Дар ҷӯстуҷӯйи Икром шудему ба занакҷанҷол рӯбарӯ гаштем. Чун Икромро телефонӣ дастрас накардем хостем, ба хонааш равем. Ба ин мақсад аз масъулони ҷамоати деҳоти Вашгирд манзили истиқоматии ӯро пурсидем. Баробари сухан аз ӯ оғоз кардан масъули ҷамоат эътирозомез гуфт, ки дар он кӯча миёни ин оила ва ҳамсояҳо ҷанҷолу хархаша меравад.
Ба хотири бартараф кардани ҳолати мазкур чанд нафар ба он ҷо рафтанд. Мо ҳам сари худро ба “кӯчаи ҷанҷолӣ” задем.
Ин ҷанҷол миёни оилаи Икром Қосимов ва ҳамсояаш Зуҳро Давлатова барои истифодаи анбор сар задааст. Анбореро, ки Зуҳро Давлатова аз соли 1994 инҷониб истифода мекард, ҳамсари Икром Саъбагул Қосимова санаи 10.07.2016 дар набудани ҳамсояаш омада қулфи дарро шикаста, амволи дохилашро бароварда ба берун мепартояд. Ва даъво мекунад, ки “Соҳиби аслии анбор манам”.
Аслан ҳамаи биноҳои ёрирасоне, ки миёни кӯчаҳои Ҳамза ва Ҷавонони шаҳраки Лолагӣ сохта шудаанд, ҳуҷҷати қонунӣ надоранд. Сокинони ҳарду кӯча ҳам биноҳои мазкурро ба ҳайси ошхона ва анбори нигоҳдории ҳезуму дигар масоили рӯзгор истифода мекунанд.
Анборе, ки атрофаш ҷанҷол бархостааст, ба Шароф ном шахс, ки чанд сол пеш дар ин кӯча зиндагӣ мекард, тааллуқ доштааст.
Саъбагул Қосимова мегӯяд: “Ман онро дар ҳаҷми 500 долар бо пули русӣ соли 1993 аз Шароф харидам”.
Аз хусуси анбор раиси маҳалла Холмаҳмад Алиев, ҳамсояҳо Илҳом Раҳимов, Салом Шокиров ва чанде дигарон гуфтанд, ки анбори мазкурро аз ибтидо раҳматии Қурбон, шавҳари Зуҳро Давлатова истифода мебурд. “Дар аввал боми ин анбор бо шифери оҳанӣ пӯшонида шуда буд, гуфт амаки Салом. Шароф онро канда бурд. Баъд раҳматии Қурбон чӯбу тахта оварда болояшро бо хок маҳкам кард. Хокро бошад ман оварда будам. Ва то имрӯз дару девор ва болояшро оилаи раҳматии Қурбон таъмир мекунад”.
Аз ин бармеояд, ки истифодабарандаи аслии он ҳамин бевазан будааст. Аммо тамаъҷӯиву ҳарисии ин оила ӯро ҳам ноором кардааст.
ЧАНД САТР БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Бадрафториву бадкирдорӣ ва мардумозорӣ аз аъмоли бади инсонист. Наход, ки инсон то ин андоза мардумозору зиёнкор бошад.
Бобати ҷанҷоли ҳамсоягӣ чи гӯем, ки ин шахс дар маҷмӯъ бо оилааш бо бародари худ ба муросо намеояд. Воқеан ҳам, куҷо аз рӯйи камоли инсонист, ки аз хонаи падар 40 сол пеш бароиву имрӯз додареро, ки дар набуданат падару модаратро нигоҳубинӣ намуда гӯру чӯб кард, барои як порча замин омада ҷонашро ба лаб орӣ.
Аз ин рафтору кирдору каҷравиҳо ва найрангбозиву фиребу сохтакориҳои ин тоифа одамон кас ба хулосае меояд, ки барояшон аз шафқату бародарӣ ва меҳри инсонӣ дида молу амволу замину матои беарзиши дунё беҳтару болотар меистад.
Дар ҷараёни омӯзиши мавзӯъ бо ҳамсуҳбатон аз ҳолати зиндагиву кору фаъолияти ҳамдеҳаашон пурсидем. Баъзеашон рӯ турш карда аз гуфтан ҳазар мекарданд. Яке аз ҳамсуҳбатон, ки нахост номашро гирем, гуфт: “Инҳо одамони тағодоранд. Ҳар кореро, ки даст гиранд нотамом намемонанд...”
Хонанда бояд донад, ки ҳарду амволи ғайриманқуле, ки дар мавод атрофашон ҳарф задем: ҳам хонаву замини марҳум падараш, ҳам анбори ҳамсояаш то ин вақт ягон ҳуҷҷат надоштанд. Пас маълум, ки дар ин ҷода эшон гурги борондидаанд. Ба қавли ҳамсуҳбатамон ҳамон “тағоӣ” ё маслиҳатгари ҳуқуқиашон моҳирона ба эшон қадам монданро меомӯзонад. Медонад, ки чиро соҳибӣ кунаду ба кӣ чӣ гуна рафтор.
Пас мунтазир мешавем, ки масъулини сохторҳои давлатӣ баъди мутолиаи матлаб ба чи хулосае меоянд. Фикр мекунам, вақти ба даъвову судбозиҳо хотима бахшидан расидааст. Шояд боз мунтазири он шавем, ки аҳли ин оила ба моли каси дигаре дастдарозӣ кунанду ҷанҷоли наве рӯи кор ояд?!
Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори “НФ”.
P.S: Дар рафти се моҳи тадқиқоти журналистӣ сари мавзуи мазкур тавассути телефони ҳамроҳ чанд маротиб бо Икром Қосимов занг задаву хоҳиши бо ӯ вохӯрӣ намуданро кардем. Мутаассуф, ҳар доим имрӯзу пагоҳ мегуфту аз вохӯрӣ худдорӣ менамуд. Ба суроғааш, шаҳраки Лолагӣ рафтем, ӯро ёфта натавонистем. Аммо ба ҷои ӯ ҳамсараш Саъбагул Қосимова ва духтараш Муҳайё Қосимова дар алоҳидагӣ “меҳмон”-и нашрия шуданд.
- Мухбирча куҷосту худаш кист, ки дар бораи мо менависад?! - гуфтани Саъбагул Қосимова, ҳамсари Икром Қосимов ва нисбати сокинони деҳаи Меҳробод носазо гуфтанаш аз чӣ гуна тарбияву маърифат ва дар оила чӣ мақом доштани ин бонуи хонадон гувоҳӣ медиҳад. Номбурда “сир”-и дигареро барои мо ифшо кард: “Дар Лолагӣ ба хусурам, ки коргари ПМК буд, ҳамин хонаи истиқомат мекардаи моро дода буданд, ки соли 2007 шахсӣ кардем”.
Агар чунин бошад, пас ин хона ҳамчун мерос ба дороиҳои шодравон Темур Қосимов дохил мешавад. Яъне ин моликият низ миёни фарзандон тақсим шавад.
Рафтору гуфтори Муҳайё низ дар идораи нашрия аз модар камӣ надошт. Дар ин бора хоҳем навишт.