ВОКУНИШ
МО ЗИДДИ ИФРОТГАРОИЕМ!
- Подробности
- Опубликовано 02.11.2016 16:23
Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд.
Тавре маълум аст, гурӯҳҳои муосири ифротгароии динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногуни исломӣ, хусусан пайравони мазҳаби шиъа ва тамоми шохаву равияҳои онҳоро дар ҷумлаи мусулмонон ҳисоб намекунанд.
ХАЗИНАИ ОҒОХОН
- Подробности
- Опубликовано 20.09.2016 11:44
Соли 1999 дар қатори даҳҳо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, ки ба мардуми Файзобод кӯмаки башардӯстона мерасонанд, фонди Оғохон ҳам бо назари хайр рӯ ба ҷониби аҳолӣ ниҳод. Номи расмии ташкилот – Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон буда, яке аз бахшҳои кории фонди Оғохон ба ҳисоб мерафт, ки то ҳанӯз фаъолияти он дар шаклҳои гуногун миёни ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад. Аммо аз он ҷониб то ҳанӯз ин барномаро аҳолӣ, хурду бузург, хосатан, истифодабарандагони барномаҳо «Хазинаи Оғохон» ё кӯтоҳакак «Оғохон» ном мебаранд.
ЧАРО НАРХИ СЕБУ ПОМИДОР ҚИМАТ АСТ?
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:17
Дар ҳар нишасти мабуотӣ хабарнигорони ВАО оид ба қисмати нарху навои бозори ноҳия нигаронӣ мекунанд. Вале ин эродҳо ба гӯши мутасаддиёни бозор кора наменамояд. Имрӯз нарху навои маҳсулоти бозори Файзобод, ки ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, аз бозорҳои Душанбешаҳр дида баландтар аст. Картошка 1 сомонию 60 дирам, пиёз 1 сомонию 30 дирам, қаланфури булғорӣ 3 сомонӣ, себ 6 сомонӣ, помидор аз 3 то 5 сомонӣ нарх доранд. Бозоршинҳо иддао мекунанд, ки деҳқонон маҳсулоташонро бо ҳамин нарх медиҳанду онҳо барои хизматамон 50 дирам илова мекунанд.
ДАР ТАЛОШИ МЕРОСИ ПАДАР
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:30
Адолатнокӣ як навъ миёнае байни барзиёдӣ ва камист. Беадолатӣ зараррасонист. Дар навбати худ зарари орӣ аз некӣ аст. Ба худ додани ҳиссаи зиёди некӣ ва қисми ками бадӣ беадолатист. Ин гуфтаи мутафаккири Юнони қадим Арасту аст.
Ба ин маънӣ масали халқии мо ҳам ҳаст, ки “Хорро ба пои худ халон, дард ки накард, баъд сари роҳи дигарон гузор”.
Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза кам нафареро вомехӯрӣ, ки ба адолат боварӣ дошта бошад. Ин танҳо ақидаи мо нест...
ШАКАРГУФТОРИ “НАБЗИ ФАЙЗОБОД” АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ
- Подробности
- Опубликовано 21.07.2016 15:44
Шарифи Мисайзод (Мисаев Шарифхон) айёми 5 соли дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонданаш дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” таҷрибаи кор меомӯхт. Шакаргуфторӣ мекард. Ҳар соле, ки таҷрибагирӣ меомад, диди наву қалами нав дошт, қобилияти баландаш ҳис мешуд. Баъди хатми донишгоҳ дар шабакаҳои радиои кишвар кор кард. Миёни радиожурналистон Тоҷикистон фарқкунанда буд. Аз рӯи қаламу андешаҳои ҷолибаш Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии ТВ ва радиои Тоҷикистон шуд. Чанд соли дар радиои “Садои Душанбе” хабарнигорӣ карданаш дар сафи беҳтаринҳо ҷо дошт.