Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ШАКАРГУФТОРИ “НАБЗИ ФАЙЗОБОД” АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ

Шарифи Мисайзод (Мисаев Шарифхон) айёми 5 соли дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонданаш дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” таҷрибаи кор меомӯхт. Шакаргуфторӣ мекард. Ҳар соле, ки таҷрибагирӣ меомад, диди наву қалами нав дошт, қобилияти баландаш ҳис мешуд. Баъди хатми донишгоҳ дар шабакаҳои радиои кишвар кор кард. Миёни радиожурналистон Тоҷикистон фарқкунанда буд. Аз рӯи қаламу андешаҳои ҷолибаш Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии ТВ ва радиои Тоҷикистон шуд. Чанд соли дар радиои “Садои Душанбе” хабарнигорӣ карданаш дар сафи беҳтаринҳо ҷо дошт.

Шарифи Мисайзод аз даврони донишҷӯӣ бо тахаллуси “Шайдо” шеър менавишт. Шеърҳояшро “Набзи Файзобод” рӯи чоп овардааст. Маҷмуаи ашъораш – “Сано  ба Ишқ” соли 2012 ба нашр расид. Дар варақи аввалини китоб омадааст: “Ба хотираи неки азизони гузашта ва пайванди меҳру муҳаббати  пасовандон. Ба ёри мондагори айёми донишҷӯӣ ва ишқу ошиқиҳои ҷавонӣ, барои дӯстону ҳамсабақон ва мухлисону ошиқони Ишқу Шеъру Сухану Тарона эҳдо мешавад”.

Барои Шарифи Шайдо чор вожа – Ишқу Шеъру Сухану Тарона мавҷудоти зинда ҳисоб мешуданд. Ҳо, Шариф дар олами ҳамин “Мавҷудот” зиндагӣ мекард. Дар ҳақи ӯ шоир Салими Хатлонӣ хуб гуфта: “Шарифи Мисайзод ҳазлҳои дилнишин, баёни абёти бадеҳӣ,  шакаргуфторӣ дар маҳфили дӯстон, сурудани ашъори мувашшаъ  ва бештар бо барномаҳои адабию фарҳангиву сиёсӣ ва гузоришҳои мустақим шинохта шудааст”.

Дар ҳақиқат, Шариф истеъдоди хуби барномаороӣ дошт, ширину гӯшнавоз пешкаш мекард барномаҳои радиоиро.

Ӯ зодаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аст. Вале Файзободро хеле дӯст медошт. Дар бадали панҷ соли давраи таҷрибаандӯзӣ мардуми хушчақчақу меҳмоннавози ин диёрро писандид, меҳрашонро дар дилаш ҷо кард. Бо ҳамин далел нахустфарзандашро ба ҷавони ин диёр ба шавҳар дод.

Аз 50-солагии Шарифхон ним сол гузашта марги ногаҳонӣ ба сараш омад. Ӯро бемории қалб аз олам рабуд.

Онҳое, ки Шарифхонро мешинохтанд, аз ҳазлу шӯхиҳояш баровад буданд, садояшро аз радио мешуниданд, онҳое, ки шеърҳояшро аз “Сано ба Ишқ” хонда буданд, аз даргузашти ӯ афсӯс хӯрданд, ашк рехтанд. Ва гуфтанд: “Ёдат  ба хайр, Шарифи Шайдои Ишқ”!

Ҷӯрабек МУЪМИН