Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ХАЗИНАИ ОҒОХОН

ХАЗИНАИ ОҒОХОНСоли 1999 дар қатори даҳҳо ташкилоту созмонҳои хориҷӣ, ки ба мардуми Файзобод кӯмаки башардӯстона мерасонанд, фонди Оғохон ҳам бо назари хайр рӯ ба ҷониби аҳолӣ ниҳод. Номи расмии ташкилот – Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон буда, яке аз бахшҳои кории фонди Оғохон ба ҳисоб мерафт, ки то ҳанӯз фаъолияти он дар шаклҳои гуногун миёни ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад. Аммо аз он ҷониб то ҳанӯз ин барномаро аҳолӣ, хурду бузург, хосатан, истифодабарандагони барномаҳо   «Хазинаи Оғохон» ё кӯтоҳакак «Оғохон» ном мебаранд.

Нахустин менеҷери БҶИИМК марди кордону ташкилотчӣ Садриддин Ғиёсов мебошад, ки имрӯз дар нафақа, давраи пирӣ меронад. Баъд аз Садриддин Ғиёсов роҳбарии идораро як маҳал Озодбек Бахтибеков ва Ҷамшед Назиров уҳда кардаанд. Солҳои охир менеҷери БҶИИМК дар Файзобод Ҷамола Валдошева мебошад.

Фаъолияти барнома агарчӣ соли 1999 шурӯъ шуда бошад ҳам, давраи рушду ривоҷи он дар соли 2001 бо ташкил ёфтани  созмонҳои мардумӣ сурат мегирад. Ҳамон сол дар ҳар 8 ҷамоати деҳот якададӣ созмонҳои мардумӣ бо ҷалби сокинони деҳаҳо рӯи кор омад. Ва аҳолӣ ба зудӣ ҳис намуд, ки ҳадафи Хазинаи Оғохон танҳо расонидани кӯмакҳои башардӯстона набуда, балки муттаҳид намудани деҳаҳо ва онҳоро ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кардан аст.  Соли 2003 бо шурӯи оби тоза хазина яке аз барномаҳои мукаммал – «Хатти оби нӯшокӣ»-ро дар созмони мардумии Саричинор бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монд, ки беш аз 100 ҳазор сомониро дар бар гирифт ва он дар муддати ба нақшагирифташуда амалӣ шуд. Барнома аз масофаи тӯлонӣ – мавзеи Ҳафтчашма ба маркази ноҳия хатти оби нӯшокӣ овард, ки имрӯз ҳазорҳо истифодабаранда дорад. Нашрияи «Набзи Файзобод» дар ҳамин росто рисолаи хурде унвонии «Ҳафтчашма» омодаи чоп намуд, ки  дар рӯзи истифодаи барнома ба дасти мухлисонаш расид.

Аз оғози фаъолияти БҶИИМК  то кунун дар ноҳия 70 созмони мардумӣ таъсис ёфт, ки он 7684 нафар аъзоро дар ихтиёр дорад. Ин созмонҳо дар назди ҷамоатҳои деҳот бо ҷалби аъзоёни хеш соҳиби маблағ – сармояҳои зиёд шудаанд, ки миёни мардуми маҳал низ нуфӯзу эътибор пайдо кардаанд. Созмонҳои мардумӣ дар якҷоягӣ назди ҷамоатҳо кумитаи созмонҳои мардумиро таъсис додаанд. Кумитаҳо расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд.

Арқоми зайл далели равшан аст, ки БҶИИМК-и фонди Оғохон барои устувории созмонҳои мардумӣ ва рушди инфрасохтори маҳал чӣ нақши муҳим дорад. Давоми солҳои 2001-2013 барои фонди инкишофи деҳот қарзҳои хурди хонумон ва омӯзишҳо дар ҳаҷми 937888 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар ҳамин давра танҳо то соли 2009 барои барномаҳои кишоварзӣ, зироаткорию чорводорӣ ва дарахтшинонӣ, блокҷангал ва моҳипарварию занбӯрпарварӣ 599330 сомонӣ ҷудо гардида, барои рушди инфрасохтории деҳот 2110243 сомонӣ ба ихтиёри созмонҳои мардумӣ вогузор шуд. Созмонҳои мардумӣ ҳамчунин дар солҳои 2001-2013 барои рушди соҳибкорӣ дар ҳаҷми 375787 сомонӣ барномаҳоро амалӣ намуданд.

Дар таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои ҷомеасос (ТҶ) 1133 барнома амалӣ шудааст, ки он 66984 нафар истифодабарандаро дар бар дорад. Айни вақт тавассути БҶИИМК дар деҳоти ноҳия гурӯҳҳои амонатӣ таъсис ёфт, ки 475776 сомониро дар гардиш монда, мардуми ниёзманд аз ин қарзҳо бемамониат  истифода мекунанд.

Тавассути донори SDS аз Ҳукумати Шветсария барои амалисозии барномаҳои хатти оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва муҳандисӣ давоми солҳои 2013-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 мутаносибан ба ҳар кадом барномаҳо 2317087, 23412 ва 240240 сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Ба ҳамин минвол метавон гуфт, ки Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон, ки як бахши умдаю фаъоли фонди Оғохон аст, дар пешрафти зиндагии мардуми ноҳия ва рушди соҳибкории хурду миёна нақши муассир дорад. Аз оғоз то ба имрӯз садҳо хонавода тариқи барномаҳои ройгонӣ аз дастгирии ин хазина баҳравар шудаанд.

Р.Назир.