ВОКУНИШ
ЁҚУБ САЛИМОВ: БОЗИЧАИ ДИГАРОН НЕ, БОЗИЧАИ ДАСТИ ХУДАМОН ШУДЕМ
- Подробности
- Опубликовано 28.06.2016 14:37
(Муроҷиати Ё. Салимов ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Ваҳдат)
Суханҳои зиёди гуфтанӣ дорам, вале миёни онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳарфи муҳиме ҳаст:
— Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд. Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад –абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд.
Мо, мардуми тоҷик ғалат кардем ва дуруст аст, ки ғалат ислоҳпазир аст. Мардуме, ки иштибоҳ кард ва онро ислоҳ намуд, дар роҳи ҳақ қарор дорад. Имрӯз Пешвои миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтанд. Ин роҳи Ваҳдат аст. Ва ин иди Ваҳдатро ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
Ман шоҳиди рӯзҳои вазнини ба сари миллатомада будам. Дигар дидани гиряи ба фалак печидаи модарон, дар сӯги ҳамсар либоси мотам ба бар кардани занон, дар ҳасрати дидори падар ҳалқа задани об дар чашмони тифлонро дидан намехоҳам. Намехоҳам бубинам, ки давлати ман дастнигари давлатҳои дигар бошад ва ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ боз ғӯтта бар хуну хок занем. Ман, ҳарчанд дар паси панҷара будам, вале чашм аз хондани рӯзномаҳо накандаам, огаҳӣ аз вазъи ҷаҳон доштам. Абрҳо ҳанӯз ҳам мехоҳанд осмони софи кишвари моро ғуборолуд созанд. Вале мо акнун роҳҳои парешон кардани ин абрҳоро медонем. Ин ҳам бошад, аз ангуштони парешон ба бор авардани мушти қавист, ки номи он Ваҳдат мебошад. Меҳвари ин Ваҳдат бояд миллат ва Пешвои он бошад.
Ман дар ин рӯзи муқаддас ба зиёиёни кишвар рӯй меорам. Онҳо дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ҳоло ҳам ба гӯш мерасад, ки мегӯянд: “Мо бозичаи дасти дигарон шудем”. Ин ғалат аст. Мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем.
Моро тақсим кардан мехостанд ва ин кӯшишҳо имрӯз ҳам ҷой доранд. Ба ёд оред сухани Юлиё Сезарро, ки 2,5 ҳазор сол пеш гуфта буд: “Ҷудоӣ андоз ва ҳукмронӣ кун”. Миллати оқил ҳаргиз гирифтори доми фиреби дигарон намегардад. Мо бояд дар гуфтор ва кирдори худ аз ақл кор гирем. Ақле, ки моро барои расидан ба орзуҳои миллиамон мерасонад.
Ман ҳамчун шахсе сухан мегӯям, ки дар рӯзҳои вазнин дар паҳлуи мардуми ҷафокашидаам қарор дорам. Агар Худованд насиб дида бошад, умед дорам то нафаси охирин дар паҳлуи он бошам. Аз ин дидгоҳ назар меандозам ва ба мардуми азизам муроҷиат мекунам:
-Ба қадри миллат ва давлати озодамон бирасем, дигар ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳем, даст ба кор бошем, кишварамонро чун модарамон дӯст дорем ва ба хотири пешрафти он дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»,
№25 (1171) аз 22-юми июни соли 2016