ВОКУНИШ
ЧАРО НАРХИ СЕБУ ПОМИДОР ҚИМАТ АСТ?
- Подробности
- Опубликовано 17.08.2016 10:17
Дар ҳар нишасти мабуотӣ хабарнигорони ВАО оид ба қисмати нарху навои бозори ноҳия нигаронӣ мекунанд. Вале ин эродҳо ба гӯши мутасаддиёни бозор кора наменамояд. Имрӯз нарху навои маҳсулоти бозори Файзобод, ки ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, аз бозорҳои Душанбешаҳр дида баландтар аст. Картошка 1 сомонию 60 дирам, пиёз 1 сомонию 30 дирам, қаланфури булғорӣ 3 сомонӣ, себ 6 сомонӣ, помидор аз 3 то 5 сомонӣ нарх доранд. Бозоршинҳо иддао мекунанд, ки деҳқонон маҳсулоташонро бо ҳамин нарх медиҳанду онҳо барои хизматамон 50 дирам илова мекунанд.
Барои аниқ кардани даъво бо чанде аз деҳқонон ҳамсуҳбат шудем.
-Мо дар як гектар замини обӣ хоҷагии деҳқонӣ дорем. Дар ним гектараш боғ бунёд кардему дар ним гектари дигар сабзавот кишт мекунем,- мегӯяд Рустам Саидов. Сабзавоти аз худамон зиёдашро мефурӯшем. Дар бозор агар помидори мо 2 сомонӣ ба савдо равад, савдогарон аз мо бо нархи 1 сомонӣ мегиранд.
-Хоҷагии деҳқонии мо асосан ба боғдорӣ машғул аст,- мегӯяд Шодмон Нозимов. Ҳоло ки боғ ҷавон аст, дар байни қатори ниҳолҳо картошка, пиёзу помидор месабзонем. Помидор, ки пухта расидааст, бо нархи 2-2,50 сомонӣ мефурӯшем.
Бо деҳқонон Мория Заргарова, Хуршеда Ахмедова ва чанди дигаре, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт маҳсулоти расондаашонро мефурӯшанд, ҳамсуҳбат шудем.
-Чаро дастранҷатонро ба бозори ноҳия намебаред, то нарху наво онҷо арзонтар шавад?- суол мекунем аз онҳо.
- Дар бозор барои деҳқон ҷой нест. Бозорнишинҳо дастранҷи моро бо нархи арзон харидаву қиммат мефурӯшанд, - посухамон медиҳанд онҳо.
Воқеан ҳам, эроди онҳо баҷост. Имрӯз ҷамъияти матлубот дукони махсуси сабзавотфурӯшӣ надорад. Деҳқон бошад, ба бозоршинӣ ҳавсала намекунад.
Ҳамин аст, ки маҳсулоти бо арақи ҷабин расонидаи деҳқононро бо нархи арзон савдогорони доимии бозор гирифтаву як–якуним баробар зиёдтар мефурӯшанд.
Набудани дукони сабзавотфурӯшӣ дар бозор, ки хоҳиши деҳқонон аст, моро ба қабулгоҳи раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Ҳадиса Қурбонова овард. Мутаассуф, тайи се рӯз бо раиса вохӯрда натавонистему ба занги телефонии мо низ ҷавоб надод.
Чи тавре аз суҳбати баъзе кормандони он огоҳӣ ёфтем, ҷамъияти матлубот дар фикри деҳқону ташкили дукони сабзавотфурӯшӣ нест.
Пас чанд суоле моро пеш омад, ки ҷавоби онро мо аз масъулини ҷамъияти матлуботи ноҳия интизорем: 1.Магар захираву фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои эшон заҳмати зиёдатист? 2.Оё зарурати аз нав ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаи маҳсулоттайёркунӣ наомадааст? 3. Наход вазифаи идораи ҷамъияти матлубот танҳо аз ҷамъ кардани пули иҷора иборат бошад?
Деҳқон имрӯз ба ҷамъоварии дастранҷи худ шурӯъ кардааст. Масъулини ҷамъияти матлуботро мебояд маҳсулоти деҳқононро харида захира намояд. Дар акси ҳол нархи маҳсулоти кишоварзӣ то рафт болотар меравад.
Т.Соҳибназаров,
хабарнигори “НФ”.
Аз идора: Ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бо ташаббуси раиси ноҳия М. Раҷабзода дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия сохтмони гӯшаҳои деҳқон идома дорад. Иқдоми нек аст.