ВОКУНИШ
ОБОДИИ ДИЁР АЗ ВАҲДАТ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 28.06.2016 10:07
Саидмурод ТАҒОЕВ, собиқ раиси ноҳия ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақахӯр.
Чун аз Ваҳдати миллӣ сухан мекунем, ҳатман пеши назар симои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо кӯшишу ҷонфидоиҳои бевоситаи ӯ сулҳу субот дар кишаварамон пойдор шуд, меояд.
Маҳз ӯ дар шароити вазнин бо мухолифин ҳамнишину ҳамзабон шуда, кушиши фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари ватан таъмин намуд.
ОЁ ШАФФОФИЯТ МЕТАВОНАД БОИС БА НОРОҲАТӢ БОШАД?
- Подробности
- Опубликовано 15.06.2016 09:40
Дар кишварҳои мутамаддини олам қонун ифодакунандаи иродаи мардум маҳсуб ёфта, вобаста ба тақозои замон тибқи муқаррароти қабулшуда такмил додани он маъмул аст. Бо дарназардошти ин мутахассисон низ ба хулоса омадаанд, ки «қонун ба ҳеҷ ваҷҳ догма буда наметавонад».
ҲУШДОР Ё ҚАРТАИ НОКУШОДАИ БОЗИНГАРИ БУЗУРГ
- Подробности
- Опубликовано 15.06.2016 09:36
Дар замони муосир, ки расонаҳо ангезанда ва таҳрикбахшу муайянкунандаи ҳар гуна ҳадафҳои пинҳону ошкори қудратҳои вақт ба ҳисоб мераванд, бо вокунишҳои фиребанда кишварҳоеро, ки манфиатҳои онҳоро пайгирӣ намекунанд, мехоҳанд дар ҳолати нигаронӣ нигаҳ доранд.
Дар вокуниши Ҷон Кирби — сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи ҷумъа сурат гирифт, зикр шуд, ки дар қатори мамлакатҳое, ба мисли Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон низ ба феҳристи «Кишварҳои нигарониҳои хос» шомил аст.
АРЗИШҲОИ МЕҲВАРӢ
- Подробности
- Опубликовано 15.06.2016 09:38
Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов "Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ
(Дар доираи шуури муқаррарӣ)"
Яке аз муҳимтарин омилҳои тақвияти ваҳдат, устувории давлат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи кишвар ин аст, ки аксари афроди ҷомеа дар мавриди интихоби мавқеи сиёсӣ доир ба масъалаҳои усулӣ, аз ҷумла тамомияти арзӣ, Истиқлолияти давлатӣ, амну суботи сиёсӣ тавофуқи назар дошта бошанд. Зеро масъалаи муайян кардани арзишҳои меҳварӣ ва тарбияи аҳли ҷомеа дар рӯҳияи эҳтирому эътиқод ба ин арзишҳо, аз қабили масъалаҳои бунёдиест, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷомеа ҳангоми таваҷҷуҳ зоҳир накардан ба он ҳамеша осебпазир хоҳад буд.
ТААССУБ. ЧӢ БОЯД КАРД, КИ ҶАВОНОНИ МО ГИРИФТОРИ ИН ВИРУС НАБОШАНД?
- Подробности
- Опубликовано 15.06.2016 09:34
Одатан сабаби бемории шахс метавонад сирояти микробу вирусҳои гуногун бошад, вале агар ҷисми инсон қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат бошад, ин вирусҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш безарар мегардонад. Пас, он иммунитет, зиддимикроби зотиро бояд пайдо кард, ки аворизи хориҷиро беасар созад ва нагузорад, ки он иллатҳои зиёду гуногун ба рафтори ҷавонони мо таъсиргузор бошанд.